Принт

Роғун: Моҷарои аз А то Я


Офтобо, дӯстонро шод гардон…
Нахуст пирӯзии рӯшаниро бар торикӣ, дурахши нурро бар зулмот ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дар симои пурфурӯғу башоратдеҳи онҳо ба мардуми хушиқболи тоҷик  ва ҳамаи Тоҷикистониён муборакбод мегӯям!
Бо ҳидояту роҳбарии ин шахсияти кордон, ботадбир, рамузфаҳм, дурандеш, тавоно ва уқдакушо, ба як сухан, беҳамто ҷумҳурии азизи мо-Тоҷикистон андар вақт бо дастоварди тоза ба кор оғоз кардани турбинаи якуми НБО-и Роғун бори дигар худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард… Бояд ба арз бирасонам, ки ба ифтихори ин рӯйдоди нишотафзо, сурурангез, ваҷдовар, таърихмон ва фараҳбахш дар радифи тамоми заҳматкашони равшандили кишвари зебоманзарамон шодӣ кардам, ҳатто беандоза шодӣ кардам, зеро айёми интихоби ҷой ва афкандани тарҳи неругоҳ, ки ба давраи хонандаву донишҷӯ будани мани ҳоло 72-сола рост меомад, як-як аз пеши чашмам мегузашт…
 
Маҳкамов, падари ман ва ғайраҳо…
Сар задани ихтилоф ва моҷаро дар атрофи мавзӯи сохтмон ва ё қатъи он дар аввали соли 90-ум маҳз ба фазои аҳли хонавода ва пайвандони мо иртибот гирифт ва ҳатто асари манфӣ гузошт… Дар мақолаам зери унвони «ГЭС бояд сохта шавад» («Ҷумҳурият», 1.01.2010) ин масъала муфассал шарҳ ёфтааст. Боз ҳам барои равшанӣ андохтан, падари шодравонам-Анвар Муллочаев, ходими таҷрибадори давлатӣ, дар ҶБВ иштироккарда, бознишаста ва ҳамзамон раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати н.Нуробод (Комсомолободи пешина) ягона касе буд, ки дар баробари анбӯҳи зидди бунёди ГЭС сухани қатъии худро ҷиҳати аҳамияти он дар маҷлисе, ки бо ширкати роҳбари ҳамонвақтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов (Худо раҳматашон кунад!) ва чанде аз вазирону аъзои Ҳукумат доир мегардад, иброз медорад. Мутаассифона, дар ҳузури меҳмонон мавриди итобу накуҳиши ба шӯромадагон-ашхоси зидди сохтмони неругоҳ қарор мегирад (Маҳкамов бо мақсади фаҳмондани моҳияти неругоҳ, идомаи сохтмони он ва ором кардани вазъияти номусоид ба ноҳия ташриф оварда буданд).
 
Хонаи Муллочаевро сӯзонед!!!
Мухолифон бо баёни чунин суханон: «Нест бод Муллочаев! Мо ӯро маҳкум менамоем, хонааш сӯзонда шавад…!!!» ҷамъомадро вайрон карда, дар саҳни ҳукумати ноҳия намоиш созмон медиҳанд ва байрақчаҳо дар даст ҷониби хонаи мо роҳ пеш мегиранд…  (Ба андешаи ман, ҳамчун афсари низомии мустаъфӣ ва шахси дар замони ҷанг дар Афғонистон коркарда, дар миёни эътирозгарон зархаридони хориҷӣ ҳам будаанд, ки эҳтимолан, алоқамандони онҳо имрӯз, ба қавли шоир, Алимуҳаммад Муродӣ, дар камин бошанд.
Шояд бо бим аз онҳо рӯзномаи «Нури Нуробод» мақолаи инҷониб-«ГЭС бояд сохта шавад»-ро, ки дар маҷмӯаи мақолаҳо бо номи «Роғуннома» (2010) бознашр шуд, бо вуҷуди таъкиди суди бознашри он дар рӯзномаи ноҳиявӣ ходимон аз чопаш худдорӣ карданд). Ин муноқиша ба сиҳатии падари бузургам бисёр таъсир кард ва пас аз чанд моҳ зиндагиро падруд гуфт...
 
Охирсухан ё пешниҳод
Дар ин шабу рӯзҳои равшану барои ҳамаи мо муборак, мехостам, мақомоти ҳокимияти иҷрояи ноҳияи акнун пурнури Нуробод ба ифтихори тантанаи ҳақиқату адолат бар ҷаҳолат алорағми бадхоҳони миллат, афроди орӣ аз ҳисси худшиносиву номуси ватандорӣ оғози фаъолияти турбини аввали НБО-и Роғунро бо намоиши ҷонибдорона ва изҳори сипоси бекарон ба унвони Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол кунанд. Мо Метавонем!

Сулаймон Анварӣ,
устоди ДМТ

Матлабҳои дигар