Принт

Собиқ вазир боғи маро гирифтанист!

Соли 2004 ба собиқ раиси н.Данғара Сайдализода Маҳмадулло ариза пешниҳод кардам, ки ба ман 19,5 га замин барои хоҷагии деҳқонӣ ҷудо кунад. Раис розӣ шуд, вале Кумитаи замини ноҳия ба кашолкорӣ роҳ дода, заминро ҷудо накарда, ба Қурбонов Баҳодур-додари Абдусалом Қурбониён (собиқ вазири молия) дод. Он вақт А.Қурбониён раиси андози ноҳияи Данғара буд. Бо булдозер роҳи мошингард ва талу теппаҳоро ҳамвор намудам, ки ин ҳама аз ҳисоби худам буд. Қурбониён он замон ба ман гуфт, ки харитаҳо ва нақшаҳоро кумитаи замин кашанд, ман розигӣ медиҳам. Ҳуҷҷатҳоро тайёр карда, назди Қурбониён бурдам. Ӯ ба 19,5 га замин розигӣ надод, аз 3 қитъаи замин, 2 қитъаашро гирифт ва дар ҷамъ 14,65 сотих ба ман монд…
 Ба ҳаминаш ҳам шукр гуфта, хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда, 1700 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояафкан шинонидам. Аз ҳисоби ин боғ зиндагии худ ва 50 нафарро таъмин мекунам. Баъде, ки замин ҳосилхез шуд, то бошишгоҳи саҳроӣ барқ кашида бурдам. Сипас Баҳодур Қурбонов фишор овардан гирифт, ки «заминатро мегирам!». Ӯ моҳи майи с.2017 гуфт, ки «заминатро ба ман фурӯш». Гуфтам, «ин қитъа аз бобоёну бузургонам меросист, дода наметавонам». Дар ҷавоб «қарори заминро акаам Абдусалом бекор мекунад, 1 телефонаш ба ту бас» гуфту рафт. Баъд ҳамин Қурбоновҳо маро маро «чап» гирифтанд.
1 рӯз додарам бо кори худаш ба кумитаи замини Данғара меравад. Раиси кумитаи замини ноҳия С.Холов ба додарам гуфтааст, ки «акаат хабар надорад, беш аз 1 моҳ шуд, қарори замини хоҷагиатон бекор карда шудааст». Пагоҳаш назди Холов рафта, сабаб пурсидам, ки гуфт: «Қарори шуморо аз 9.06.2017 таҳти №367 бекор кардаанд». Баъди чанд рӯз коргарҳои Баҳодур омада гуфтанд, ки «сеткаҳоятро меканем, ин ҷо бояд молҳои Абдусалом Қурбонов бичарад». Новобаста аз он, ки Қурбонов беш аз 3000 га замин дорад, боз 2 қитъа замини маро низ кашида гирифтанист.
 Хуллас, ба Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ бо ариза муроҷиат кардам, аммо ягон натиҷае ҳосил нашуд. Ҳоло, ки Абдусалом Қурбониён дигар ягон вазифа надораду бекор аст ва барои ҳамин мехоҳад замини маро зӯран кашида бигирад! Пас мо-камбағалон куҷо равем??? Охир, ин замин қадамҷои бузургон (Эшони Ҳоҷӣ Кабир Мавлавии алайҳираҳма ва Эшони Саидмаҳмуд-падари бобои Эшони Сорбонҷон) аст!   

Амиршо Икромов,
деҳаи Розиён, н.Данғара, тел: 93 549 49 55, 93 435 71 71


Аз редаксия: Ин матлабро ба дасти нашр дода, бовар дорем, Абдуссалом Қурбониён ҳатман ба он посух медиҳанд ва даъвии кӣ ҳаққу кӣ ботилро ифшо месозанд. Вале бо вуҷуд, нафаре, ки ҳазорон га замин доштааст, набояд ба чанд сотих замини 1 камбағал низ даст дароз кунад…
Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар