ХАБАРИ ДОҒ

Дар Литсейи Леваканд чӣ гап?

  • Чоршанбе, Янв 16 2019


Дар Литсейи касбии саноатию кимиёвии ш.Леваканд (собиқ Сарбанд) амалҳое сурат мегирад, ки хилофи санадҳои меъёрию ҳуқуқист. Дар ин муассисаи давлатӣ зоҳиран аз сабаби набуди мудирияти хуб маблағҳои давлатӣ ғайриқонунӣ истифода шудаанд. Аз ҷумла, 3 нафар корманд бе пардохти ҳиссаи муқарраршуда ба осоишгоҳҳо рафтанд, ки хилофи Қарори Ҳукумати ҶТ аст. Бояд гуфт, ки маблағҳои 1,4 фоизӣ, ки барои солимгардонӣ нигаронида шудаанд, аз таркиби 25%-и фонди ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо мегарданд. Харҷи ин навъ маблағҳо тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ №34 аз 25.01.2017 «Дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чораҳои солимгардонию пешгирикунанда» сурат мегирад, ки тибқи он корманди ниёзманд дар 2 сол 1 бор ба муддати аз 6 то 12 рӯз бо пардохти 30%-и арзиши роҳхат ҳаққи дар санатория истироҳат карданро дорад. Роҳбари литсей М.Шарбатов дар бораи андозаи маблағҳои 1,4 фоизӣ маълумоти дақиқ надорад ва ин масъулиятро ба дӯши Иттифоқи касаба мегузорад. Ҳол он, ки ташкил ва сафарбаркунии кормандон ба осоишгоҳҳо вазифаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо буда, Иттифоқи касаба масъул аст, фақат раванди истифода аз ин имтиёзоти давлатиро назорат кунад. Зимнан, дар Литсей ба пӯшидани либос ва дигар қоидаҳои муассиса низ диққати зарурӣ намедиҳанд. Дидем, ки иддае аз касбомӯзон бо дидани мо халатҳои ғиҷимшударо аз ҷузвдон бароварда, ба пӯшидан сар карданд. Маълум, ки онҳо либосҳои муқарраршударо дар ҳузури журналистон ё дар рӯзҳои “комиссия омад” мепӯшанд, ки як навъ назарфиребист. Литсей 85 коргар ва 385 хонанда дорад.

Саидҷаъфар Сафарзода
журналист, ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter