ХАБАРИ ДОҒ

(идома аз шумораҳои пешин)

Дар асорат
Лейтенант Оймат Холматов ба МҶП 18 нафар сарбозонро шинонда, ба самти деҳаи Лайрон ҳаракат мекунад. Дар ин ҳайат сарбозони қаторӣ Раҳматов ва Ғоибов низ буданд. Тахмин 1 км то Лайрон мондан онҳоро лейтенант Ҳасан Каттаев пешвоз гирифта, ба Холматов ва сарбозон пешниҳод мекунад, ки силоҳу муҳимоти худро супоранд, зеро муҷоҳидон қумондони баталион, капитан Исмат Раҷабов ва дигар афсару сарбозонро асир гирифтаанд: «Агар насупоред Раҷабов ва ҳамаи афсару сарбозонро мепарронанд». Ба ин пешниҳоди ӯ Холматов розӣ нашуда, амр медиҳад, ки ба сӯи муҷоҳидон оташ кушоянд. Тирпарронӣ сар мешавад, аммо он дер давом накарда, хомӯш мешавад, зеро муҷоҳидон онҳоро дар иҳота гирифта буданд. Ҳини тирпаронӣ Холматов ва сарбоз Суҳроб Мирзоалиев пайти муносиб ёфта, пинҳон ва аз асирӣ халос мешаванд. Сарбозҳои асирафтодаро ба ситоди Лайрон мебаранд. Он ҷо афсарону сарбозони асир бо дастҳои баста меистоданд. Садои тирпарониро шунида лейтенант Ахъёр Сайфуллин ба танки Т-72 25 сарбозро шинонда, ба самти Лайрон ҳаракат мекунанд. Каттаев ӯро пешвоз гирифта, бо роҳи фиреб онҳоро бесилоҳ намуда, асир мегиранд. Дар Лайрон ҳини тирпаронӣ 3 сарбози қаторӣ шаҳид мешаванд: Сайфиддин Исроилов, Мирзоалӣ  Нуралиев, аз гурӯҳи лейтенант А.Сайфуллин ва Дилбар Бозоров аз гурӯҳи Холматов. Ҷасади 3 сарбоз бо ёрии аҳолӣ дар қабристони Лайрон гӯронда шуд.

Дар резиденсияи Ризвон
21.07.1994 муҷоҳидон Ҳ.Каттаев ва сарбозон Ҷумъабой Ҷумъаев ва Рустам Эшоновро барои таъмири техника монда, дигаронро дар муддати 7 шабонарӯз аз н.Тавилдара ба шаҳраки Баҳораки Афғонистон, ба резиденсияи Ризвон-вазири мудофиаи Ҳукумати гурезаҳои тоҷик» мефиристанд. Дар ин ҷо асиронро дар бинои мактаб ҷой медиҳанд. Афсарону прапорщикҳоро аз сарбозону сержантҳо алоҳида нигоҳ медоштанд. Дар ҳайати гурӯҳи афсарон: капитан И.Раҷабов, лейтенантҳо Тоҳир Раҳимов, А.Сайфуллин, Аҳмадҷонов, Вячеслав Дветяров, прапорщик Бобоназар Соатов, сержант Першин Константин, ронанда Алишер Сафаров буданд. Баъди 5-6 рӯз гурӯҳи афсаронро ба самти номаълум мебаранд ва то ҳол аз онҳо хабаре нест. Сарбозон давоми 1 моҳ ба омӯзиши Қуръон машғул мешаванд. Фаррух Раҳматов ва Комил Мирзомуродов сураҳои Қуръонро дар дафтари алоҳида бо хати кирилӣ навишта, аз ёд мекунанд. Дарсхонӣ тамоми рӯз идома мекард. Танҳо вақти намозхонӣ ва хӯрокхӯрӣ аз таълим озод буданд. Баъди 1 моҳи таълим ҳамаи сарбозонро барои сохтани бинои казарма ва ҳуҷраҳои корӣ  барои муҷоҳидин сафарбар мекунанд. Давоми 4 моҳ онҳо 10 бино сохта ба истифода  медиҳанд. Аз асирон бо хоҳиши худ Маҳмаднабӣ Сафаров, Аюб Саидов, Юнус Қодиров, Илҳом Баротов, А.Холмирзоев ба сӯи Ризвон гузаштанд. Ғайри ин боз сарбозони қаторӣ Абдураҳим Қодиров ва Нуриддин Шарифов то ш.Хоруғ омада, минбаъд ба Душанбе парвоз кардан нахостанд. Ва бозпас назди Ризвон рафтанд.

Аз нақли шоҳид
Ризоев Ҷӯрабек Шарипович, ки с.1975 дар колхози К.Маркси н.Фархор таваллуд шуда, он ҷо зиндагӣ дорад, воқеаҳои он солҳоро чунин ёдоварӣ мекунад:
-17.11.1993 аз тарафи Комиссариати Ҳарбии н.Фархор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҶТ даъват ва ба ихтиёри қисми низомии 08010 фиристода шудам. 9.05.1994 аз қисми низомии мо 10 нафар сарбозонро ба мошин шинонда ба Тавилдара фиристоданд. Ман дар взводи хоҷагидорӣ хизмат мекардам. Ҳамон рӯз то деҳаи Лангар расидем. Шабро он ҷо рӯз карда, пагоҳӣ ба Тавилдара рафтем. 20 июл қумондони баталиони мо капитан И.Раҷабов барои овардани гӯшт ба деҳаи Лайрон рафт. Ӯ бо худ ман, лейтенант Х.Каттаев, лейтенант Т.Раҳимов, лейтенант В.Девятяров, лейтенант О.Баротов, лейтенант Аҳмадҷонов, прапорщик Соат Бозоров, сержант Константин Першин, ронанда Алишер Сафаров ва сарбозони қаторӣ Аҳлиддин Ойматов, Комил Мирзомуродов, Суҳроб Сафаров, Фаррух Раҳматов, Ҳотам Машрабов, Маъруф Набиевро гирифт. Мо, ҳама ба мошини тамғаи УРАЛ нишастем.
Алишер-ронандаи УРАЛ аз РМО ВМ ҶТ ба ихтиёри қисми мо омада буд. Мо ба Лайрон ворид шудем, 1 гурӯҳи сар то по мусаллаҳ моро асир гирифтанд. Бори аввал муҷоҳидро медидем. Сардори онҳо Ҳаким «Фотеҳ»-нафари хеле зирак ва доно буд. Капитан Раҷабовро маҷбур кард, ки нома навишта ба воситаи 1 аспсавор ба қисми низомӣ фиристанд. Дар нома омада буд: «Ман, капитан Исмат Раҷабов. Дар деҳаи Лайрон мошини мо шикастааст. Амр медиҳам! МҶП-ро гирифта биёед ва мошини моро кашола карда ба мавқеи қисми низомӣ баред!»

Мавқеъгирӣ
Соатҳои 17 гурӯҳи 20 нафара бо лейтенант Холматов ба МҶП нишаста, ба Лайрон меоянд. Аз деҳа дуртар, дар масофаи 500-600 метр аз МҶП фаромада, тартиби ҷангӣ гирифта ба самти деҳ ҳаракат мекунанд. Атроф ором буд. Ба назар чунин менамуд, ки дар деҳ касе нест. Лайрон дар баландӣ буду онҳо дар поён. Вақте ба деҳ наздик шуданд аз боло садои ҳуштакро шунида 2-3 нафарӣ мавқеъ гирифтанд. Ин вақт Каттаев пайдо шуда бо ишораи даст гуфт, ки «бачаҳо ҳама ҷо ором аст». Онҳо ҷамъ шуда аз пайраҳа сӯи Каттаев рафтанд. МҶП бошад тариқи роҳи калон вориди деҳа шуд. Ӯ наздик омада амр дод, ки ҳама силоҳу муҳимоти ҷангии худро супоранд. Сарбозон эътироз карданд. Каттаев гуфт, ки ҳаёти командир дар хатар аст. Онҳоро бесилоҳ кард. Ин вақт ба самти онҳо аз 4 сӯ тирпаронӣ сар шуд. Ҳайати МҶП зери мошин даромада ба тирпаронии ҷавобӣ сар карданд. Бо истифода аз вазъ лейтенант Холматов ва сарбозон Раҳим Сафоилов, С.Мирзоалиев гурехтанд. Муҷоҳидон аз 4 самт онҳоро иҳота карданд. Каттаев ба Саидаброр Шариф («Сиёҳдаст») гуфт, ки «ҳама хуб аст». Бо амри «Сиёҳдаст» ҳамаро рӯнокӣ ба замин хобонда, дастҳояшонро баста, ба ҳавлие дароварданд. Он ҷо асирон бо дасти баста меистоданд. Дар ин ҷо номаи дуюмро низ аз номи капитан И.Раҷабов навишта фиристоданд, ки «МҶП низ вайрон шудаасту танкро гирифта биоранд ва МҶП-ро кашола карда ба мавқеи баталион бибаред».

Қатли Бозоров
Баъд аз гузашти соате аз теппае, ки сарбозони мо посбонӣ мекарданд, ҳайати шахсиро бо бонги «хатар!» хезонданд. Лейтенант А.Сайфуллин 25 нафар сарбозро ба танк шинонда, ба самти Лайрон меоянд, сарбозонро дар масофаи 500 метр то деҳ аз танк фароварда, тартиби ҷангӣ гирифта, ба самти деҳ мераванд. Танк аз қафо меомад. Ин вақт ба пешвози онҳо Каттаев баромада, ба сарбозон амр дод, ки силоҳу муҳимоти ҷангиро супоранд: «Зеро ҳаёти қумондони баталион Раҷабов ва афсару сарбозон дар хатар аст. Ӯ ва дигар афсару сарбозон асир афтоданд. Агар силоҳҳоро насупорем онҳоро мепарронанд. Ин амри қумондон аст». Ман аз ӯ талаб кардам, ки ба ситод як сарбозро фиристонад, то  ки вазъро ба онҳо фаҳмонад. Гӯяд, ки қумондон Раҷабов ва сарбозон асир афтодаанд. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ воқеа намешавад, силоҳҳоро супоред. Бо амри ӯ силоҳҳоро супоридем. Каттаев амр дод, ки мо 20-30 метр аз силоҳу муҳимоти ҷангӣ дур равем. Танк бо сарнишинонаш аз мо 100 метр дуртар меистоданд. Онҳо намедонистанд, ки ин ҷо чӣ мегузарад. Зеро аллакай торикӣ фаро расида буд. Каттаев сипас сарнишинонро маҷбур кард, ки танкро супоранд. Ин вақт ҳамаи мо дар иҳотаи муҷоҳидон қарор доштем. Онҳо моро ба ситоди худ бурданд. Вақте моро ба ситоди муҷоҳидон мебурданд аз теппа сарбоз Д.Бозоров аз АГС ба самти муҷоҳидон тир мепаронад. Ҳамон шаб ба мо аён шуд, ки сарбоз Дилбар Бозоровро ба қатл расониданд. Ин воқеа 20.07.1994 рӯй дода буд.

Дар Афғонистон
21 июл бо фаро расидани торикӣ 53 тан асирро ҷамъ ва ба гурӯҳҳо ҷудо карда, ба самти кӯҳҳо равон мешаванд. Ин роҳ онҳоро ба сӯи Лангари боло, Сангвор ва аз он ҷо ба н.Дарвоз мебурд. То рустои Висхарв дар 7 шабонарӯз расиданд. Дар роҳи ағба касе талаф намешавад ва дар роҳ намемонад. Шабро дар Висхарв гузаронида, саҳарӣ онҳоро ба 1 КАМАЗ шинонда ба самти Хоруғ мебаранд, дар роҳ марзбонони рус нигоҳ медоранд. Муҷоҳидон сӯи онҳо норинҷакандоз ва силоҳҳояшонро рост мекунанд. Марзбонон ба забони русӣ мегӯянд: «Братцы ненадо, вы проежайте, мы вас нетронем...». Бо ҳамин, озодона ба роҳ идома медиҳанд. Ба мавзеи Хихак мерасанд. Он ҷо хӯроки нисфирӯзиро тановул  карда, роҳро идома медиҳанд. Дар мавзеи Калот хӯроки шом медиҳанд, то 1 поси шаб он ҷо мемонанд. Вақте ҳама ҷоро торикӣ фаро мегирад, ба роҳ баромада, ба деҳаи Шидз меоянд. Дар ин деҳ посгоҳи марзбонони Русия ҷойгир буд. 3 км болотар аз деҳ рафта, соҳили рӯди Панҷ қарор мегиранд. Соат ба 1-и шаб наздик мешавад. Онҳоро ба қаиқҳои резинӣ шинонда, ба самти Афғонистон мегузаронанд. Соати 4-и шаб ба он сӯи соҳил, ба Афғонистон мегузаранд. Дар наздикии марз наистода то рӯшаншавии атроф 10 км ба умқи Афғонистон мераванд. Баъди 2 шабонарӯз ба роҳи мошингард мебароянд. Онҳоро аз ин ҷо ба мошин шинонда, баъди 5 соат ба шаҳраки Баҳорак мерасанд. Дар ҳайати онҳо афсарону прапорщикҳо ва сарбозону сержантҳо буданд. Онҳоро дар Баҳорак қумондони муҷоҳидон Ҷумъа Садиров пешвоз мегирад ва пасон ба дигар ҷо мебаранд. Назди онҳо Ризвон баромад мекунад. Сипас афсаронро аз онҳо ҷудо мекунанд, алоҳида зиндагӣ мекарданд. Ҳеҷ касро назаданду напаронданд ва дашном надоданд. Баъди 1 ҳафта онҳоро аз афсару прапорщикҳо ҷудо карданд. Сарбозону сержантҳоро ба мошин шинонда, 10 км дуртар аз Баҳорак ба 1 сохтмон бурданд. Онҳо бояд барои сарбозон он ҷо казарма месохтанд. Давоми 4 моҳ онҳо 10 бинои хурд ва якто казарма сохтанд.

Давом дорад

Маҳдӣ Собир,
полковник, журналисти ҳарбӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter