ХАБАРИ ДОҒ

Саъдӣ-командир ғарқ шуд…

  • Чоршанбе, Янв 16 2019

 

Хабари марги мармуз ва сиррии Саъдӣ-командир моро маҷбур кард, ки боре дигар сари ин ва дигар қумандонҳои номии генерал Сӯҳроб Қосимов муруре кунем. Худо ҳамаашонро раҳмату мағфират кунад…

Ҷасади Саъдӣ дар шасти моҳигирон
Ҷасади полковники мустаъфӣ Саъдӣ Холмуродови 55-сола (маъруф бо “Саъдӣ-командир”)-ро, ки 25 рӯз боз (аз рӯзи 14 декабр то 7.01.2019) бедарак шуда буд, аз дарёи Вахш ёфта, дар деҳаи Сангтӯдаи н.Данғара ба хок супурдаанд.
Умеда Юсуфова-сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (МЧС)-и Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷасади ӯро моҳигирон баъди он ки об ҷасадро ба соҳил баровардааст, 1,5 км поёнтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, ба мақомот хабар додаанд. Аз рӯзи аввали гум шуданаш фарзияи дар об ғарқ шудани ин афсари дар гузашта баландпоя таҳқиқ мешуд. "Саъдӣ-командир дар наздикии нерӯгоҳи Бойғозӣ ғарқ шудааст” гуфтаанд аз ин ниҳод.

Қумандони вежаи Сӯҳроб Қосимов
Саъдӣ дар гузашта дар қисми низомии №3502-и нирӯҳои дохилии Вазорати Корҳои Дохилаи ҶТ таҳти фармондеҳии Сӯҳроб Қосимов кор мекард ва аз афроди хеле пурнуфуз буд. Ӯ аз зумраи қумандонҳои пурнуфзуе буд, ки “гапаш қадр дошт” ва дар разборҳои фармондеҳон сухани худро дошт ва баъдан кам-кам “беспределӣ” ҳам мекард: барои тарсонидани ашхоси пулу молдор...
Баъди аз вазифа рафтан, дар соҳили обанбори ГЭСи Бойғозӣ замини деҳқоние гирифта, машғули кишту кор буд ва тибқи шоҳидони ҳол, дар ин ГЭС кор низ мекард. Аммо наздикони раҳматӣ ба фарзияи ғарқ шудани ӯ чандон бовар надоштанд. Аз ҷумла, Сулҳия-ҳамсари ӯ дар расонаҳои хабарӣ мегуфт, аз маҳалли эҳтимолии ғарқ шудани шавҳараш пайдо шудани сангҳои хунолуд шубҳаву гумони онҳоро дар мавриди худ ба худ ба дарё афтодани ӯ бештар мекунад. Феълан, тафтиши ин ҳодисаро прокуратураи н.Данғара пеш мебарад ва Раҳимзода Мирзоалӣ-масъули прокуратураи ин ноҳия гуфтааст, дар бадани Саъдӣ ҳеҷ нишоне аз марги маҷбурӣ ё шиканҷаву зӯроварӣ мушоҳида нашудааст.

«Мустафо-қӯрбошӣ» дар куҷост?
Бояд гуфт, ки қаблан, дар соли 2015 генерал Суҳроб Қосимов, ки аз бемории саратон ранҷ мекашид, фавтид. Мустафо Тағоев ("Мустафо-Командир” ё "Мустафо-Қӯрбошӣ”) низ мисли Саъдӣ аз бараккати генерал 1 замоне рӯзгори хусравонӣ дошт ва дар Варзобу Душанбеву Ҳисор аз овозаи “омад-омад”-и ӯ дар бадани мардум мурғак медамиду атфоли гаҳвораи Варзобро маҳз бо номи “Мустафо-Қӯрбошӣ” метарсониданд ва аз ӯ "беки Варзоб” низ ном мебурданд. Кортежи ӯ ва дигар қумандонҳои саҳроӣ чунон бо суръати баланду тиркушоӣ ҷодаҳои пойтахтро мегузашт, ки мардум ҳамаро партофта мегурехт. Аз с.2001 замоне ки ҳабс шуд, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт ва с.2015 вақте озод шуд, дигар он Мустафое набуд, ки метарсиданд. Ӯ тамоман дигар ва хеле зиёӣ ва равшанфикр ҳам шуда буд. Ин фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ дар маҳбаси №7-и ш.Душанбе адои ҳукм мекард. Замони дар маҳбас будан сару садоҳое буд, ки ӯ дар тюрма сехи дуредгарӣ дорад: «Хаттотиҳое, ки ман кардам, дар Маккатуллоҳ ҳаст. Ин касби падариамон аст. Дар зиндон мактаби дуредгарӣ ташкил карда, чанд нафари дигарро ҳам омӯхтем. С.1990 факултаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгориро хатм кардаам. Шеър ҳам менависам. 2 китоби шеър дорам. Рисолаи докторӣ ҳимоят кардаам…» гуфта буд ӯ дар 1 суҳбати ихтисосӣ бо матбуоти даврӣ. Ва ҳатто, раҳбари собиқи идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатулло Шарифзода ба хабарнигорон гуфта буд, ин фармондеҳи собиқ дар зиндон як сандуқсози чирадаст шудааст. Ва дар идома Тағоев доир ба чӣ ҷурму гуноҳ суд шуданашро ба тафсил гуфта, рад карда буд, ки гӯё ӯро бо иттиҳоми куштор, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ… суд карда бошанд: «Ин асос надошт. Дар умрам касеро накуштаам. Бигзор, ҳар кас ин даъворо дорад, ки 1 буррида нонашро ба зӯрӣ гирифта, молашро дуздида ё зиён расонда бошам,  гӯяд  ки «фалониро куштӣ, ман дидам», биёяду исбот кунад, ман зиндаву саломат ҳастам, ҷавобашро медихам. Ин гапҳоро одамони манфиатдор ба миён меандозанд. Мо ба ҳимоят аз мардум сар баланд карда будем, на ҷинояткорӣ…».
Шоҳидони ҳолу аҳвол қисса мекарданд, ки боздошту ҳабси Мустафо маҳз бо куштори Толиб Бобоев-собиқ муовини Прокурори генералииТоҷикистон робита дошт. Аммо худи «қӯрбошӣ» ин овозаро низ рад карда гуфта буд, ки «Ростӣ, ин нафарро ман умуман намешиносам. Бо марҳум Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев ва Саломиддин Шаропов-прокуророни генералии собиқ, ки дар даврони вазнин ба миллат хизмат карданд, робита доштам. Бо Бобоҷон Бобохонов ҳам шинос будам…».
Мавсуф ба ин суол, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ӯро хело шахси бераҳм дар ҷамъият нишон медоданд, гуфтааст, ки «Ин ҳама овозаву дарвоза буд. Бигзор, ҳар касе даъво дорад, биёяд, гӯяд. Ман ба касезиён нарасондаам. С.1996, он замон интернет набуд, як маҷаллаи амрикоиро ба ман оварданд. Он ҷо навишта шуда буд, ки гӯё тамоми дӯкону корхонаи кӯчаҳои Душанбе моли шахсии ман аст ва онҳо ба ман ҳақ месупоранд. Маҷалларо гирифта, назди шахсони масъул рафта, бо шӯхӣ гуфтам, агар чунин аст, ягон чӣ ба ман ҳам диҳед, охир. Механдиданд. Якеашон аз таги миз ҳамон маҷалларо берун оварда, гуфт, ки «аз ҳамааш огоҳем, ту бирав, хизмат кун». Нодидаву носанҷида менавиштанд. Дигар ин, ки ман аз с.1992 то с.1998 коменданти ш.Душанбе будам. Ҳамаи посгоҳҳои дохиливу вурудии шаҳрро назорат мекардам. Масъулият, ки доштем, гап дар бораи мо ҳам зиёд буд. Буданд мавридҳое, ки касеро бо шаллоқ задаам, аммо ҳамонро ҳам зуд аз дилаш баровардаам. Дузд мебуд, пул медодам, ки дуздӣ накунад. Хона надоштанд, мусоидат мекардам, ки хона гиранд. Мегӯянд, "қуввати некӣ надорӣ, бад макун”. Замони мушкил буд. Милисаро аз 0 сохтем… Қӯрбошӣ одаме набуд, ки софу содда гиранду маҳкам кунанд. Зарур донистанд, фармонбардорӣ кардем ва нишастем…».
Мустафо-командир перомуни суоли калидӣ, ки чаро ба Фронти халқӣ ҳамроҳ шуд, мегӯяд: «То соли 1990 замоне буд, ки агар варзишгар мебудӣ, сару либоси мӯднок мепӯшидӣ ва ҳам дар таги поят 1 Жигулии 011 мебуд, мегуфтанд, ки «ин рекет аст». Мафкураи мардум танг буд, ҳамин қадар мефаҳмиданд.

Ман 1 бачаи деҳотӣ будам.
Рекете буд ба номи Саиди Буниҳисоракӣ, ки баъдтар фаҳмидам, бозори Баракату дӯконҳои атрофашро "назорат” мекардааст. Дар бозор бо ҳамон бача гапамон гурехт ва боксёр, ки будам, як мушт задаму рафтам. Баъди задани ман беҳуш шудааст ва ин ҳолро дида, онҳое, ки дар ҳамон бозор ба ӯ қасд доштаанд, ӯро таги мушту лагад гирифтаанд. Ман ӯро намешинохтам, лек, масалан, бо худораҳматии Мӯсо-паҳлавон рафиқи хуб будем. Аммо ҳамин задани ман аз ёди Саид набаромада будааст, ки вақте майдоннишиниҳову нотинҷиҳо сар шуданд, як гуруҳ ба хонаам омада, маро бурданд. Дар Корхонаи гӯшт як штаби бачаҳои оппозитсия буд. Гуфтанд, ки «ин нафар аз роҳбарони Майдони Озодӣ аст», дар асл умуман ба ягон майдон робита надоштам. Мехостанд маро пӯст кананд. Аз онҳо илтиҷо кардам, ки маро зинда нагузоред, вагарна шуморо ором намегузорам. Нав аз атрофи лабам ба пӯст кандан сар карда буданд, ки 1 ҳамкурсам пайдо шуда, маро озод кард. Ростӣ, нангам омад. Ин ваҳшигариро бинед, ки 1 касро бе сабаб, бе гуноҳ, туҳмат карда, мехостанд пӯст кананд. Барои ҳамин ба Фронти халқӣ ҳамроҳ шудам. Ба майдони Озодӣ рафта, бо раҳбаронаш робита барқарор кардам…

Мӯсо-полвон дӯсти ман буд
Мӯсо инсони хеле ҷасур, нармдил, аммо содаву зудбовар буд. Вақте майдоннишиниҳо сар шуданд, ҳамроҳи Мирзо гуфтанӣ ҷавон аз "Семзавод” ба хонаи ман омаданд. Он замон дар "Водонасос” зиндагӣ мекардам. Ӯро насиҳат кардам, ки ба сиёсат ҳамроҳ нашавад, зеро аз аввал маълум буд, ки як раванди нофаҳмо аст ва оқибати бад дорад. Ислом дар Тоҷикистон рушд дошт,аммо қувваҳое аз ин зиёдтарашро талаб мекарданд. Пас аз ҳамон мулоқот ӯро дигар надидам. Дар бораи ин, ки Мӯсоро кӣ кушт, гапи зиёд аст. Аммо шахсан барои ман ҳақиқат ҳоло рӯшан нашудааст. Ягон вақт шояд ҳама рӯшан шавад, аммо агар аз дасти ман меомад, намегузоштам, ки ӯро кушан…».

Пайвастан бо Сӯҳроб
«Мустафо-қӯрбошӣ» ба ин суол, ки «чаро ба Суҳроб Қосимов ҳамроҳ шудед?» гуфтааст, ки «ман худ фармондеҳи Фронти Халқӣ дар н.Варзоб будам. Суҳробро аз солҳои 80-ум мешинохтам. Декабри с.1992 бо фармони №2-и вазири корҳои дохилӣ, он замон Ёқуб Салимов ба ману Суҳроб Қосимов ва 4 нафари дигар унвони капитанро доданд. С.Қосимов сардори дастаи махсуси ВКД таъин шуд ва маро муовини ӯ таъин карданд. Ҳамагӣ 100 нафар сарбоз доштем. Чун таъинот ин буд, саркашӣ накардем ва хизматро давом додем.
Ва ин гап, ки гӯё «с.1999 аз Суҳроб Қосимов ҷудо шудам» комилан нодуруст аст, зеро то моҳи июни с.2001 муовини фармондеҳи дастаи таъиноти махсус будам. Бо хоҳиши худ аз кор рафтам. Тақрибан пас аз 10 рӯз маро дастгир карданд…».
Аммо Сӯҳроб Қосимов с.2001 дар мусоҳибае дар мавриди боздошти муовинаш «Мустафо-қӯрбошӣ» муовинаш гуфта буд, ки «Мустафо фикр мекард, ки ҳоло ҳам даврони «боевик»-ҳост ва азбаски тоб хӯрдани чархи сиёсатро нафаҳмид, баҳояшро пардохт».

Сӯҳроб Қосимов кӣ буд?
Санаи 16.12.2014 бузургтарин қумандони Тоҷик, намояндаи даврони ҷангсолорӣ, генерали номдортарини Тоҷик, Сӯҳроб Қосимов, дар синни 53 солагӣ аз олам даргузашт. Генерали номӣ замони ахир аз маризии ниҳоят шадид азият мекашид. Худо раҳматаш кунад. Зеро ин тинҷиву оромие, ки имрӯз мо дорем, натоиҷи заҳмату хунрезиҳои Қосимов барин генералҳои Тоҷик буданд ва ҳар нафаре инро инкор мекунад, аслан аз таърихи давлатсозии 23 соли ахири Тоҷикон огоҳ нест…
Сӯҳроб Қосимов 2.09.1961 дар ноҳияи Совет (ҳоло н.Темурмалик)-и вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1978 мактаби миёнаро дар н.Данғара хатм кардааст. Устоди варзиш оид ба тенниси рӯимизӣ буд. Соли 1978 мактаби ронандагӣ-Автошколаи ш.Кӯлобро хатм карда, ба аскарӣ меравад. Соли 1980 аз хизмати Армия баргашта, ба Институти Давлатии педагогии Маскав ба факултети дефектологӣ (омӯзгори кару гунгҳо) дохил шуда, соли 1985 онро бо муваффақият хатм мекунад. Ҳамшафат, дар Маскав дарси ҳарби танбатани хитоӣ омӯхта, устоди каратэ шуда, бо камарбанди сиёҳ ба Тоҷикистон бармегардад. То шуруъи ҷанги гражданӣ муаллими мактаби миёнаи №3 дар Душанбе ва тренери каратэ буд.

Тактикаи ҷангии генерал Қосимов
Аз рӯзҳои аввали ҷанг фармондеҳи Фронти халқӣ дар ноҳияи Ҳисор шуда, сипас фармондеҳи Отряди махсуси ВКД дар мавзеи Варзоб таъин мешавад. Июни соли 1992 қумандони полки зудамали ВКД ҶТ шуд. Аз соли 1994 командири Бригадаи вежаи зудамали махсусгардонидашудаи Қӯшунҳои Дохилаи ВКД ҶТ мешавад. Чунин бригадаи номӣ ва сахт низомӣ, ба иттилои коршиносон, ҳоло ҳам дар Тоҷикистон нест.
Чунин бригадаи номӣ ва сахт низомӣ, ба иттилои коршиносон, ҳоло ҳам дар Тоҷикистон нест. Бригадаи Қосимов аз чанд баталони вежа мураттаб буд:
1.    Зудамал (оперативный)
2.    Гурӯҳи махсус-Спецназ
3.    Пиёданизом (мотострелковый)
4.    Нозири роҳ (дорожно-патрульный)
Бригада боз 5 ротаи махсус дошт:
1.    Лижаронҳои кӯҳӣ
2.    Шикорчиёни кӯҳнавард
3.    Ҷосусон (разведка)
4.    Тӯпчиён (артиллерия)
5.    Отряди чархболӣ (вертолетный отряд)
Дар саркӯб кардани ошӯбҳои Маҳмуд Худойбердиев, Ёқуб Салимов, Ибоди турсунзодагӣ, торумори террористони Хаттаби араб ва ғ. ва ҳ. бе восита даст дошт. Генерал Қосимов аз маъруфтарин чеҳраҳои ҷанги граждании Тоҷикистон буд, ки ӯро ҳатто дар Кремл мешинохтанд ва Президенти Русия, Борис Николаевич Елтсин бо фахр ӯро «Варзобский Хищник» ном мебурд…

Ш.Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter