Принт

Мо ва мансаби мо


(Ё чаро бархе раисон оилаҳои худро бо худ намебаранд?)

Вақте дар Сибир ҳини ҷанг, лашкариёни Темури Ланг аз сардии 50-60 градуса қуввати ҷумбидан надоштанд, Темур парикмахерашро амр кард, ки сарашро лучу урён кардаву дар назди сарбозон пок тарошад ва бо ҳама атрибутикаи шарқӣ: Яъне собун зада, каф карда, бо теғи тез. Сартарош на мӯй, ки ях метарошид ва хун дар сару гардани Ланг ях мебаст. Ин ҳолатро дида, Армияи Темур ба по шуд ва мири Сибирро шикаст дод…
Ин факт аз ман нест. Аз таърихнигорон аст. Ман усулан Темурро бад мебинам. Зеро калламанораҳояшро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард. Аммо ин, ки ӯ ҷавонмард ва лашкарӣ ва давлатсоз буд, касе инкор карда наметавонад. Вале ин ҳамаро чаро навиштам? Барои далел ба бархе руъасои имрӯза, ки зану кӯдаконашонро ба навоҳиву шаҳре, ки тобеъи онҳост, на-ме-ба-ранд!!! Мебаранд? Ещё как намебаранд!!!
Мутаассуф, раисони мо, албатта на ҳама, ки ба навоҳии дуру наздик интихоб мешаванд, бо чӣ иллате аҳли байташонро бо худ намебаранд! Бархе баҳона пеш меоранд, ки фарзандон дар мактаб мехонанд ва бояд таҳсилро дар ҳамон муассиса хатм кунанд. Эй, раис! Агар ту фарзандатро ба мактаби омиву одии ноҳияе, ки садраш таъин гаштаӣ, намебарӣ, пас сокинони он шаҳру ноҳия ба адолати маориф бовар мекунанд? Ту бо ин амалат исбот месозӣ, ки Душанбе ягона шаҳрест, ки метавон савод барчид!
Ва ё бо иллати набуди шароит аҳли оиларо намебаранд… Раисо! Агар ту барои аҳли оилаат будубоши музофотиро намеписандӣ, пас раъият бовар мекунанд, ки дар ин кишвар адолати иҷтимоӣ барқарор аст? Ҳаргиз на!
Боре журналисте нақл кард, раисе барои нишон додани шикастанафсияш ба ӯ шикоят кардааст, ки дар хонааш об нест. Парадокс? Бовар дорӣ, хонанда, ки раисе хонаи худро бо оби ошомиданӣ ва гарм таъмин карда натавонад, шаҳреро обод месозад? Шахсан ман бовар надорам ва набуди об дар хонаи раис ба маънии хоксору ҳамвор будани ӯ нест. Ин исботи бекорхӯҷагӣ ва бепарвофалакии ӯст. Раис бояд оби гарму хунук, шароити хуб, хонаи зебо ва мошини нав дошта бошад. Чизе, ки дар хонаи душанбегияш дошту дорад! Хоксории намоишкорона бас аст. Чунки ҳар раисеро аз кор мегиранд, ана баъд кату кӯташ сар мешавадеее…
Нагӯед, ки чунин раисон нестанд. Ещё как ҳастанд ва дар мақомот хубтару бештар инро медонанд. Бархе баҳона меоранд, ки «занак нахост».., ки оем. Мурад раисе, ки зани худаш гапашро намегирад! Фирдавсист, ки мегӯяд:
Касе, к-ӯ бувад меҳтари анҷуман,
Кафан беҳтар ӯро зи фармони зан!!!
Ва ин раис умед дорад, ки аҳолии чандсадҳазораи ину он ноҳия ё шаҳр гапашро мегирад? Ба гуфти бобои Ғуломи таърихӣ «Хоки думушта!».
Ба пиндори сирф фардии ман, раисе, ки фармони таъинашро мегирад, бояд ҳатман бо зану фарзанд, аҳли аёл ба шаҳру ноҳия равад. Бок нест, агар онҳо 1-2 рӯз дар идораву долон ва ё меҳмонхонаи ҳукуматӣ ба сар мебаранд. Бигзор мардум донад, ки РАИС омадааст ва бо мавҷудияти аҳли байти раис ҳукумати навро ҳис кунанд!
Ҳамкасбам Ҷамилаи Ҳусейн қисса кард, ки чун ба Хоруғ парвоз дошт, паҳлӯяш зане боиффат менишаст. Маълум шуд, ин бону ҳамсари Ёдгор Файзов-раиси ВМКБ, мавзеъи хатарзотарини ҶТ будааст, ки оҷилан, баъди и.в. таъин шудани шавҳар, 24.10.2018 оҷилан Хоруғ мерафт… Ана инро дипломатияи устондорӣ мегӯянд. Браво, Файзов! Дигар руасо низ бояд аз Ёдгор ибрат гиранд.
…Воқеан ҳам ҳоло мо перомуни зану фарзандони раисони бонку болнисаву мақомоти қудративу амниятӣ чизе намегӯем, ки даҳсолаҳост ҳампаҳлӯи шавҳар нестанду ахириҳо барои аёдати ишон гоҳ-гаҳ ба пойтахт меоянд...
Вагарна Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар