ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Нархи карбамидро кӣ мебардорад?

  • Чоршанбе, Янв 23 2019


Деҳқон барои ба даст овардани ҳосили хубу дилхоҳ аз нуриҳои минералию органикӣ васеъ истифода мебарад. Аз рӯи таҷриба ва меъёри агротехникӣ кишоварз бояд ба 1 га замин на камтар аз 20 тонна поруи маҳаллӣ-органикӣ резад. Барои ин фермаи молӣ бояд дошт, ки дар деҳот аз имкон берун аст. Лиҳозо, хоҳ-нохоҳ лозим аст, барои ба даст овардани ҳосили хуб бо риояи меъёр ба замин нуриҳои минералӣ аз қабили аммофос, карбамид, калий, селитра ва нитроаммофос… истифода кард. Афсӯс, нархи ин номгӯи молҳо рӯз ба рӯз рӯ ба болоравист. Масалан, декабри соли гузашта 1 халтаи 50 кг аммофос-160, карбамид-120, селитра-95 100 сомонӣ буд. Ҳоло нархи 1 халта аммофос дар Истаравшан 195-200 сомонӣ, карбамид 170-175 сомонӣ, селитра аз 100 сомонӣ болост. Дар нуқтаҳои фурӯши ш.Хуҷанд бошад, ҳамеша нархҳо қимат аст. Соли ҷорӣ дар мавсими кишту кор нархи аммофос ба 260, карбамид 210 ва селитра ба 150 сомонӣ баромад. Дар мавсими кишти с.2019 нархҳо чӣ мешуда бошанд? Оё бизнеси ин номгӯи молҳо дар дасти 1 шахс ё гурӯҳест, ки ҳар моҳу сол нархашро ба осмон мебарорад? Шарҳи ҳол бозгӯи он аст, ки дар ин ҷода рақобат нест. Пас Агентии антимонополӣ чӣ кор мекунад?

Ҷумъабой Яҳёев,
қишлоқи Қалъаи Ҳоҷӣ, н.Деваштич

Китобҳо

Flag Counter