ХАБАРИ ДОҒ

Маблағи ширкатҳо ба ҳисоб аст

  • Чоршанбе, Янв 23 2019


Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ мақолаҳои СССРро бо номи «Операторҳо гузаронданд!» ва «Маблағи ширкатҳои мобилӣ куҷо меравад?» (1.11.2018, №44(529) мавриди баррасӣ қарор дод. Андешаи сокини н.Фархор Туманҷон Сафаров-«Операторҳо гузаронданд!» ягон асоси воқеӣ надошта, дар вақти гузаронидани таҳлил аз ҷониби мутахассисони ҶСП «Вавилон-М» муайян карда шуд, ки рақамҳои мобилии муаллиф ба ҶСП «Вавилон-М» алоқамандӣ надорад.
Дар мақолаи «Маблағи ширкатҳои мобилӣ куҷо меравад?», ки ба қалами сокини н.Кӯшониён Ҳамзаи Абдусалом тааллуқ дорад, маълумоти аниқ дарҷ нашудааст. Бояд гуфт, ки дар мавзеи н.Кӯшониён барои таъмини аҳолӣ бо хизматрасонии алоқаи мобилӣ пойгоҳи базавии ҶСП «Индиго-Тоҷикистон», «Бохтариён» насб шуда, айни ҳол фаъол аст. Дар вақти хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар баъзе мавридҳо бо сабаби аз истифода бозмондани қувваи барқ пойгоҳҳои базавии ҷамъият аз кор мемонанд. Воқеан, аз 1 октябр то 22.11.2018 дар баъзе минтақаҳои вил.Хатлон, аз ҷумла, н.Кӯшониён қатъшавии қувваи барқ ба мушоҳида расид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда барои саривақт таъмини алоқа ба аҳолӣ аз сӯи Ширкати ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» барои коршоям нигоҳ доштани пойгоҳҳои базавӣ тариқи генераторҳои дизелӣ, инчунин бо сӯзишворӣ пурра таъмин гардонидааст.
Оид ба масъалаи нархгузорӣ бояд гуфт, ки нархгузории алоқаи мобилӣ озод буда, ташаккулёбии тарифҳои хизматрасонӣ аз ҷониби операторони алоқаи мобилӣ бо назардошти таъсири омилҳои сиёсати бозоргонӣ муайян карда мешавад. Инчунин, вобаста ба қонеъ кардани талаботи муштариён нархномаҳои гуногун вуҷуд дошта, нархномаи хизматрасонӣ тибқи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ, аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ ба мувофиқа расонида мешавад. Ба мақсади қонеъ кардани талаботи истеъмолкунандагон-муштариён дар ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» нархномаҳои гуногун вуҷуд дошта, на аз ҳамаи онҳо пардохти абонентӣ ситонида мешавад. Дар доираи пардохти моҳонаи абонентӣ ба муштариёни Ширкати ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» хизматрасонии гуфтугӯӣ-бепул дар дохили шабака пешниҳод карда шудааст, муштарӣ бо дилхоҳ муштарӣ дар шабакаи ин ширкат, ки қарор дорад, метавонад бо алоқаи ройгон суҳбат намояд.

Сардор Бег Сабур

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter