Принт

Мо ва Соли мо


Эмомалӣ Раҳмон-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 масъули баландпояро аз толори маҷлиси ҳукумат, ки рӯзи 21.01.2019 баргузор гардид, ронд…Гуфта мешавад, тӯли солҳои ахир, ин барои бори нахуст аст, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кори чиновнике сахт нороҳат шудаву баъди шунидани гузоришаш ӯро пеш карда бошад. Ва ҳарчанд дар ин бора сомонаҳои расмӣ хабаре пахш накардаанд, аммо шоҳидони ҳол мегӯянд, воқеан ҳам Раиси Ширкати «Тоҷик-эйр» ва Раиси «Амонатбонк»-ро президент аз толори маҷлиси ҷамъбастии соли 2018 берун кардааст. Хуб, авомили Тоҷик-эйр маълум аст, ки сар аз 2.01.2019 муфлис шудаву парвозҳояшро низ қатъ карда буд. Аммо сару садо роҷеъ ба сарнавишти Руҳулло Ҳакимзода-раиси Амонатбонк зиёд аст. Бархе ҳам мегӯянд, шояд дар пасманзари дуздии нафақаи солхӯрдагон ин тасмим гирифта шуда бошад. Таври маълум, Салоҳиддин Зоирзода-сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии ин ниҳод, дар тӯли 3 соли ахир (2015 то 2018) бо роҳи сохтакорӣ 600.000 сомониро тасарруф карда буд. Ин дар ҳолест, ки бе ин ҳам ҳоли нафақагирон бад аст ва мурад нафаре, ки аз сандуқи бознишастагону маъюбон пул мерабояд. Чунин фард на дар ин дунё ва на дар онаш рӯзи беҳро нахоҳад дид!
 Дар ҷамъ бино ба иттилои Агентии мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҳудуди 1 млрд ё худ 936 млн сомонӣ пул дар соли гузашта тақаллуб шудааст. Аз ин ҳисоб Агентии коррупсия аз 600 млн сомонии камбуди ошкоркардааш, 490 миллион сомонӣ зиёни молиро ба буҷети давлат ва суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор кардааст, ки ҳалолаш бод! Палатаи ҳисоб мегӯяд, дар натиҷаи санҷиши аудитории ин ниҳод 396 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, 73%-и он барқарор гардид. Браво, Палатаи ҳисоб! Офарин…
Аммо сухан сари барқароргардонӣ нест. Баҳс ин ҷост, ки то кадом ҳадд бояд беинсоф буд, ки аз буҷҷаи 1 кишвар ҳудуди 1 млрд сомониро тасарруфу тақаллуб кунӣ?! Беҳуда ҳам нест, ки Президент ба Озода Раҳмон-Раиси дастгоҳ супориш дод, ки нисбати мақомдорони “бемасъулият” чораҷӯӣ кунад. Зимнан, мо, ҳамчун интихобкунандаи оддӣ аз интиқоду сахтгирии Президенти ҶТ дар мавриди чиновникҳои бемасъулият 100% пуштибонӣ мекунем. Мо Метавонем!
 Албатта кор бе камбуд намешавад. Ва аммо дар ҷамъ соли 2018 барои миллати Тоҷик ва Давлати Тоҷикон соли пурсамаре буд. Ин сол дар таърих боқӣ хоҳад монд. Зеро бо талоши бевоситаи Сарвари давлат Тоҷикистони азиз дар они воҳид, дар тӯли ҳамагӣ 1 рӯз аз кишвари аграрӣ ба аграрӣ-саноатӣ табдил ёфт. Манзур ифтитоҳи Чархаи аввали НБО Роғун аст. Боварнокарданӣ коре шуд. Ҳамон шом, шахсан ман дар маъракаи ифтитоҳӣ будам ва бо 2 гӯш шунидам, ки намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, «мо бовар надоштем, ки Тоҷикистон Роғунро месозад. Акнун мо омодаем бо шумо ҳамкорӣ кунем ва кредит ҷудо намоем!».
Бидуни бунёди Роғун дар тақрибан дар ҳама соҳот низ пешравиҳо буданд. Тавре дар маҷлис таъкид гардид, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соли 2018 рушди иқтисоди кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 68,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,3%-ро ташкил дод. Афзоиши маҳсулоти саноатӣ 11,8%, кишоварзӣ 4%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7,8%, ҳаҷми умумии гардиши савдо 15,4% ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,1% ба рушди иқтисодӣ мусоидат намуд. Дар давраи ҳисоботӣ таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 5,4%-ро ташкил дод. Дар қаламрави кишвар 131 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ таъсис ёфтанд…
Дар ҷаласаи солонаи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Бонки миллӣ ва Вазорати молия бори дигар дастур дод, ки барои ҳалли мушкили “Тоҷиксодиротбонк” ва "Агроинвестбонк", 2 бонки низомсози кишвар, тадбирҳои қатъӣ андешанд. Хотиррас мешавем, ки Сандуқи Байнулмилалии Пул дастур дода буд, ки ин 2 бонкро Тоҷикистон муфлис эълон кунад. Аммо дар ин сурат мардум пули худро гирифта наметавонист. Талоши ҳукумати марказӣ низ барои ҳамин аст, ки халқи оддӣ пулашро аз ин бонкҳо гирифта тавонад…

Матлабҳои дигар