ХАБАРИ ДОҒ

М.Кабирӣ муртад ва мансабпарастест…

  • Чоршанбе, Фев 06 2019

 

 Меҳмони СССР генерал-майори мустаъфии амният , Давлатхоҷа Назиров шуд. Барои мо аҷиб ин буд, ки барои нахустин бор афсари баландрутбае, ки бо ҷумла сарварон ва асосгузорони ҲНИ ошно буд, ошкоро гуфт, омодаам бо Кабирӣ баҳси ошкоро кунам ва агар ӯ мард аст, гуфтаҳои маро инкор кунад, аммо бо факту далел... Мо Метавонем!

 Медонед, чи, мехостам ба шумо дар бораи баромад ё суханронии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар маркази «Диалог», ки раҳбараш Муҳиддин Кабирӣ буд, нақл намоям. Гап сари он аст, ки баъдан ин суханронӣ ҳамчун васиятномаи охирини эшон пазируфта шуд…

   Боз ҳам гап сари он аст, ки дар оянда Муҳиддин Кабирӣ, ки ба хотири мансабу маснад исломпараст шуду аз васияти С.Нурӣ, асосгузор ва пешвои Ҳизби наҳзати ислом рӯ гардонид. Кабирӣ метавонад ҳам маро гӯш кунад ва ҳам ин матлабамро бихонад ва агар мард бошад, бигузор ин гуфтаҳои маро бо факту рақам инкор намояд, албатта мардонавор!!!

Нурӣ ҳангоми бемориаш танҳо аз 1 чиз нигарон буд: ҲНИ-ро ба кӣ супорад ва дар баробари ин сулҳу оромиро дар ҷомеа пойдор ва арзишҳои исломиро устувор нигоҳ дорад. Он замон интихоби ӯ ба Давлат Усмон, ки аз солҳои 70-уми асри гузашта эшонро хуб мешинохт, меафтад. Бинобар ин, тобистони соли 2004, Нурӣ тавассути муҳофизи худ маро барои сӯҳбат даъват намуд, зеро ман беш аз 5 сол ҳамчун мушовири Давлат Усмони он замон вазири иқтисод ва муносиботи иқтисодии хориҷӣ фаъолият доштам. Дар навбати худ ман ба Давлат Усмон ҳам, ки аллакай бекор шуда буду дар ҷойе кор намекард, даъват намуда дар бораи ин пешниҳоди Нурӣ гуфтам. Давлат Усмон ваъда дод, ки дар ин бора фикр мекунад.     Бо гузашти 10 рӯз ба ман Маҳмадалии Ҳайит занг зада, дар мулоқот гуфт, ки Давлат Усмон бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Саламшоҳ Муҳаббатов вохӯрда, дар бораи ин пешниҳоди Нурӣ, омадан ба назди ӯ барои ҳалли масъалаи даъвати пленуми ҲНИ ва интихоби ӯ ба хайси муовини аввали раис ва баъдан бо гузашти 3-4 моҳ гузаронидани съезди ҳизб ва интихоби мавсуф ба вазифаи раиси ҳизб, машварат кардааст. Ин гуфтугӯро ба Давлат Усмон Давлат Назирович, ки бо ӯ 5 сол дар вазорати иқтисод кор мекард, расонидааст. Пас аз ин Искандаров гуфтааст, ки аз тарафи Нурӣ нисбат ба шумо беэҳтиромӣ шудааст, чаро вай ба назди шумо Давлат Назировичро фиристодааст, на Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро, барои ҳамин аз ин пешниҳод даст кашидан лозим. Нурӣ бо ҳамин аз номзадии Давлат Усмон даст мекашад.

 Орзуи Нурӣ, ки Кабирӣ лағваш кард…

Дар мавриди авторитети дигаре байни исломистҳо (М.Ҳимматзода), ки 6 сентябри соли 1990, дар съезди 1-уми исломистҳо раиси ҲНИ интихоб шуда буд, аслан ҳарфе набуд, зеро Нурӣ медонист, ки эшон бемории ҷиддӣ дорад. Ботинан Нурӣ орзу дошт, ки пас аз маргаш ҲНИ-ро писари калониаш Саидов Муҳаммадҷон Абдуллоевич, соли таваллудаш 1974 роҳбарӣ намояд. Муҳаммадҷон қории Қуръон буда, дигар ахқоми исломро низ ба хубӣ азбар карда, аз таъриху фалсафа ва шариати дин низ ба хубӣ огоҳ буд. Дар баробари ин писари Нурӣ 1 шахси оромтабиат, мушфиқ, боэътидол, боодоб, пуртоқат  ва аз рӯи ихтисос  ҳуқукшинос-қонундон буда, факултаҳои Қуръон ва Шариатро дар макотиби олии динии Фаронса хатм намуда буд. Вале Нурӣ дар ин бора ба касе намегуфту машварат ҳам намекард, боре танҳо ба ман гуфт, чун  ба манэътимод дошт.

 Баромади Нурӣ, ки чун васиятнома қабул шуд

   Баҳори соли 2006, ӯ дар байни фаъолони ҲНИ баромад намуда, дар байни суханронӣ, инчунин аз васияти худ низ гуфт. Нурӣ он замон бемор буду бо сахтӣ ҳарф мезад ва чунин гуфт: «…Ман ба шумо ҳизберо вомегузорам, ки ман ва ҳаммаслаконам дар солҳои вазнинтарин пинҳонӣ таъсис додаему он замон ман дар фикри сиёсат набудам ва мақсадҳои сиёсӣ надоштам. Мақсаду маром ва орзуи мо ин озодона намозгузории мусалмонҳо ва омӯзишу аз худ кардани арзишҳои диниву исломӣ буду халос. Имрӯз ин орзу ҷомаи амал пӯшид, қариб дар тамоми деҳаҳо масҷид ҳасту дар кишвар ҳуқуқи мусалмонҳо рияо мешавад. Дар баробари ин бо исрор, такрор мекунам, бо исрор аз шумо хоҳиш менамоям, ки ҳеҷ гоҳ ташаббускор ва ё сабабгори ошӯб нашавед, зидди сохтори имрӯзаи давлату ҳукумат барнахезед, ба ҳукумату ҳукуматдорӣ тавассути хушунат роҳ нагиред. Ба давлату давлатдорӣ мешавад роҳ ёфт танҳо бо роҳи демократӣ.

   Шумо метавонед дар бораи ҳокимият он замоне орзу кунед, ки дар ҳизб 100 Муҳаммадшариф Ҳимматзода кор кунанду фаъол бошанд. Ва дуввум, агар шумо дар ҳақиқат мутмаинед, ки метавонед тавре роҳбарӣ намоед, ки Тоҷикистонро ба Ҷопони гулгулшукуфта баробар кунед…»

   Агар дигар хел карда гӯем, Нурӣ бо ин гуфтаҳо фаҳмонид, ки омадани исломистҳо ба ҳукумат хаёлест хом ва барои ин шояд 100 солаҳо лозим бошад. Ман кафолат намедиҳам, ки Нурӣ маҳз чунин гуфт, аммо бовар дорам, ки васияташ маҳз дар ҳамин чаҳорчӯба садо дод.

 Васияти Нурӣ ва макри Кабирӣ

Моҳҳои июл-августи соли 2006 Нурӣ хеле бемор шуду ба хабаргириаш Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ омаданд, ки аввалӣ ҳам аз беморӣ ранҷ мебурд. Нурӣ бо мушкилӣ сӯҳбат мекард, аммо тавонист мавқеашро баён намояд, ӯ гуфт:

«Умрам кам мондааст ва маро ояндаи ҳизб нигарон мекунад, метарсам, ки он аслиҳаи дасти мансабпарастон ва муртадон нагардад!». 

Вақте Нурӣ дар ин бора ҳарф мезад, ботинан умедвор буд, ки Маҳмадшариф Ҳимматзода номи писари ӯ-Муҳаммадҷон Саидовро, ки назди падар истода буд, мегирад. Аммо Ҳимматзодаи бемор то лаб во карду хост чизе бигӯяд, М.Кабирӣ дарҳол аз ҷой бархосту дасти Нуриро гирифта, бо садои баланд гуфт:

«Устод, ман хизматгори бовафои Шумоям, ман ҳар 1 супориши Шуморо иҷро мекунам, ман ҳеҷ гоҳ дунболи даъво нестам ва ман ҳизби Шуморо ҳифз медорам…»

Нурӣ бо чашмонаш Ҳимматзода, писараш ва Кабириро гусел карда гуфт: «Акнун ман оромам». Аммо ин ҳарфҳо бо сахтӣ гуфта шуда, эҳсос карда мешуд, ки орзуи эшон дар бораи мондани писараш дар роҳбарияти ҳизб барбод рафт, ва гумон аст, ки ин мансабпараст ҳизбро солҳои тӯлонӣ маҳфуз дорад...

Акнун хонандаи гиромӣ ба он тавваҷҷӯҳ кун, ки чӣ гуна муртад М.Кабирӣ ба гуфтаҳои Нурӣ туф карду васияташро ҳамчун раиси ҳизб зери пой гузошт.

ҲНИ ба муколамаи сулҳомез гузашту ҳамчун ҳизби динӣ асоси конститусионӣ ба даст оварда, ҳизби парламентӣ низ шуду намояндаҳои он дар ҳукумат, сохторҳои давлатӣ, вазорату мақомоти қудратӣ кору фаъолият намуданд. Дар навбати худ М.Кабирӣ дар муддати кӯтоҳи роҳбарии хеш ин ҳизбро ба созмони экстремистию террористӣ мубаддал намуд: ошӯби генерал-майор ҳоҷӣ Ҳалим Назаров (2015) ва теракте, ки 29 июни соли 2018-куштори бераҳмонаи 4 сайёҳ аз ИМА ва Швейтсарияву Ҳолланд дар н.Данғара... 

Ҳамаи ин нафрату адовати инсонҳои соҳиби ақли солимро ба радикалҳои исломӣ бо роҳбарии М.Кабирӣ меорад. Ба кӣ даст бардоштанд аз ҲНИ: ба меҳмонон, занон, пиронсолони беяроқу аслиҳа-сайёҳон ва магар ин ба қонунҳои ислому ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (С) мухолифат намекунад?

 

Давом дорад

 

Давлатхоҷа  Назиров, генерал-майори мустаъфӣ

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter