ХАБАРИ ДОҒ

Салом, СССР! Ба тадриҷ 2-3 соли охир ш.Душанбе куллан ба ҳадде тағйир хӯрдааст, ки агар ба акси якчанд сол пештар гирифта қиёс кунем, бе чуну чаро бинанда бовар намекунад, ки ин ҳар 2 акси 1 минтакаи шаҳр бошад. Лек баробари пешравӣ камбудиҳои назаррас низ ҳастанд, ки ислоҳ мехоҳанд: То ҳанӯз гарчанде дохили шаҳр автобусҳои замонавӣ дар хатсайрҳо равуо мекунанд, вале тартиб (график)-и кории онҳо бе эътидол аст. Пагоҳирузиҳо мардуми зиёд сари роҳу истгоҳҳо мунтазир, вале аз автобусҳо дараке не, нисфирузӣ ва бегоҳҳо низ чунин. Ҷуз ин, дар шаҳр 2 хатсайри маршрути №2 (ҳам автобус ва ҳам микроавтобусҳо) мегарданд, ки ба ягон чорчӯба намеғунҷад. Иловатан, арзиши корти автобусҳо хеле гаронанд (4 сомонӣ!!!), ки дар ягон мамолики олам чунин нест! Дар тамоми давлатҳои пешрафта баръакс, дар ҳолати нақдӣ супоридан маблағи аслиро меситонанду, дар ҳолати бо корт супоридан бечунучаро тахфиф дорад. Дар Душанбе бошад, акси ҳолро мебинем. Суръати ҳаракати автобусҳо аксаран 5-7 км/с-ро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки микроавтобусҳо бо рақобат байни ҳам суркун-пешдаро (гонкакунон) мераванд. Бо ин вазъ аксаран ба корхона дер омадани кормандон дида мешавад, ки ба истеҳсолот таъсири манфии худро расониданаш аз эҳтимол дур нест.

Ҳ.Исмоилов,

собиқадори матбуот, ш.Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter