Принт

Кабирӣ муртад ва мансабпараст-2

Аз СССР: Давлатхоҷа Назирович! Сароғоз дуруду паёми даҳҳо ва хато ҳам намекунем агар гӯем, ки садҳо ҳазор хонандаро ба Шумо мерасонем, ки пас аз нашри оғози матлабатон «М.Кабирӣ муртад ва мансабпараст…» (сӯҳбат русӣ буд бо унвонии «М.Кабири отступник и карьерист»), тавассути сайтҳои иҷтимоӣ, зангҳои телефонӣ, смс-паёмакҳо ба редаксия ирсол доштаанд. Воқеан ҳам то ин рӯз дар бораи соатҳои ахирини Нурӣ ва сонияҳои шуруъи карйераи Кабирӣ ягон шоҳид ингуна муфассал иттилоъ надода буд.
Баъдан, маъзарат мехоҳам, ки бо иллати техникӣ ва факторҳои инсонӣ (падари Шаҳрзоди Амин-Раиси дафтари мо фавтидаву мо куллан ғамшарикаш будему бо ҷанозаи шоир вобаста…) дар муаррифии муаллиф, яъне Шумо, ғалатҳое рафтааст. Зимнан бо иҷозататон мехоҳем ин бор, сароғоз Шуморо муаррифӣ кунем. То хонандаи некбин дарк кунад, ки факту далеле, ки дар матлаб хоҳед овард, воқеиянду Шумо дасти тамом дар корҳои сиррӣ доштед. Аз сӯи дигар, ин муаррифии мо навъе табрикоти газетаи мардумии СССР ба собиқадори КГБ СССР низ ҳаст. Зеро Шумои азиз дар арафаи камолоти умр-80 солагӣ қарор доред. 13 март, хато накунам, 80-сола мешавед…
Д.Н:-Ташаккур. Рост гуфтед, марзи 80 ҳам наздик шуд. Ба фикрам нашри шарҳи ҳоли ман хуб мешавад, зеро рости гап, ман низ андаке нороҳат шуда будам…аз ғалатҳое, ки дар муаррифии ман рафтааст.
СССР:-Ин беҳтарин пӯзиш ва табрикоти мост. Зеро Мо Метавонем!

Аз коргари оддӣ то полковники КГБ СССР
Назиров Давлатхоҷа, 13.03.1939 дар деҳаи Гузари Қозиёни н.Ховалинг таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Июли с.1939 модари падараш Майнагул Шарифзода бо 4 писараш ҳамчун муҳоҷир ба деҳаи Шӯрқули н.Фархор мекӯчад. Пас аз фавти Шарифзода (07.1944), с.1947 падараш Шоҳназир Садирзода ба деҳаи Гузари Қозиён бармегардад, лек бародаронаш, ки дар мактаби 7-солаи ба номи Калинини н.Фархор (деҳаи Қизил Моҷир) ҳамчун муаллим кор мекарданд, назди ӯ омада тавалло карданд, ки пеши онҳо баргардад. Шоҳназир натавонист, илтимоси додаронашро рад кунад. Назиров с.1953 синфи 7-и мактаби 7-солаи №5 ба номи Калининро хатм карда, с.1955 шуъбаи тайёр кардани муҳосибонро дар мактаби касбии 2-солаи назди Вазорати ҳифзи иҷтимоии ш.Душанбе ба итмом расонд. Аз с.1950 дар колхоз ба сифати колхозчӣ, соли 1955-1956, ҳисоббарор кор карда, ҳамзамон дар синфи 10-и мактаби миёнаи №5 ба номи Калинини н.Фархор таҳсил кард. С.1956 мактаби миёнаи №5-ро хатм карда ба факултаи илмҳои табиии (шӯъбаи биология) УДТ ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро с.1961 бо ихтисоси зоолог, муаллими химия ва биология ба итмом расонд. Баъд аз хатми донишгоҳ ба н.Фархор баргашт, ҳол он ки бо сабабҳои оилавӣ аз вазифаи ходими хурди илмии Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳо даст кашид.
Аз ноябри с.1961 то июни с.1962 ба сифати муаллими химия ва биологияи мактаби миёнаи №1 ба номи Маяковский кор кард. Дар моҳи майи с.1962 ба вазифаи котиби якуми Кумитаи комсомолии н.Фархор интихоб шуда, январи с.1963 ба сабаби аз байн рафтани н.Фархор ва якҷо кардани он бо н.Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ба вазифаи муовини котиби комсомолии Раёсати истеҳсолии колхозӣ ва совхозӣ интихоб шуд. Январи с.1964 бо пешниҳоди Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон ва кумитаи ҳизбии Раёсати истеҳсолии колхозӣ ва совхозии н.Москва барои кор ба Кумитаи бехатарии давлатӣ сафарбар шуда, дар мактаби олии КБД СССР дар ш.Минск таҳсил кард (1964). Сипас дар КБД дар шаҳрҳои Хоруғ, Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва ш.Перми ФР хизмат намуд. Ҳангоми хизмат 3 бор курсҳои роҳбариро гузашта (1974, 1977, 1988) аз корманди амаликунанда то сардори шӯъба расид. Октябри с.1989 дар рутбаи «полковник»-и КГБ СССР барои расидан ба синни бознишастагӣ ба нафақа баромад. Генерал-майёри Нерӯҳои низомии СССР дар ҳолати эҳтиётӣ (2001).
Пас аз баромадан ба нафақа ба сифати Ваколатдори Шӯро оид ба корҳои дини назди Шӯрои Вазирони СССР дар вил.Кӯлоб (1990), мутахассиси пешбари шӯъбаи Хазинаи сулҳ дар Тоҷикистон (1991), ёвари Раиси Кумитаи давлатии муҳити зист (1991), ёвари сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), корҳои эҷодӣ, публисистика (1992-1997), мушовири вазири иқтисод (1998-2000), муовини аввали раиси Бунёди сулҳи Тоҷикистон (2002-2003), мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ (2003-2004), директори Маркази таҳлилии масоили мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм «ЩИТ» (2000-2004), сармуҳаррири рӯзномаи «ЩИТ» (аз октябри 2003 то октябри 2009), мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ (2009-2010), сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии мактаби олии КДАМ ҶТ (2014-15), муаллими кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҶТ (аз сентябри с.2015 то марти с.2016). Узви ИЖТ (аз с.1991), аълочии матбуоти ҶТ (2010), узви ИНТ (2010), номзади илмҳои фалсафа (2005), доктори илмҳои фалсафа (2010), дорандаи ҷоизаи ба номи А.Лоҳутӣ барои рӯзноманигорон (2013). Муаллифи даҳҳо китоб, 9 рисола, 3 маҷмӯаи мақолаҳо, 200 мақолаи илмӣ-оммавӣ буда, бо масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм-ифротгароёни динӣ машғул аст. Оиладор. Соҳиби 2 фарзанд…
Вале дар аввал чӣ буд: тухм, ё мурғи ҲНИ?
СССР: Давлатхоҷа Назирович! Акнун бармегардем сари, ба масали русҳо, «гӯсфандони худамон»… Намехоҳед сароғози пайдоиши ҳаракатҳои экстремистии диниро шарҳ диҳед? Зеро таври маълум, ҲНИ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, албатта, дар ҷои холӣ пайдо намешаванд ва таърихи тӯлонӣ доранд. Ҳизби наҳзат усулан аз худ дар солҳои “бозсозӣ”-и Горбачевӣ дарак доду дар солҳои пошхӯрди СССР воқеан чун қувваи бузург зуҳур кард. Чаро қувваи бузург? Зеро агар қудрат намедошт, 1 давлатро ба ҷанги гражданӣ намекашид, ки инро инкор кардан, имкон надорад. Лек масъулини ҲНИ мегӯянд, ҳизбашонро аввали солҳои 1970 таъсис додаанд...
-Биёед аз он оғоз кунем, ки ҲНИ ҳамчун ҳизб дар ягон кишвари дунё ба расмият шинохта набояд шавад, зеро маҷлиси муассисон надошт ва ман инро бо факт дар оянда собит хоҳам кард! Вале то он дам, сари чанд масъалаи нозуке сӯҳбат карданиям, ки бароятон шояд мароқовар нанамояд, вале ҳамаи инҳо, ҳини бурдани протсеси парвандаи ҷиноие, маро ба он оварда расонид, ки пушти ину дигар ҳаракатҳои исломистӣ чӣ меистоду меистад. Шумо розӣ?
СССР: 100%. Гӯш мекунем...

Марги Раҳбар Қосимов ва ҳабси “мафияи Кӯлоб”
ДН:-Феврали с.1974 РСС Тоҷикистонро 1 куштори сиёсӣ тарконид: муншии ҳизби коммунист, дар он солҳо раҳбари билоивази вилояти Кӯлоб ба таври мармуз фавтиду оҷилан гуноҳро ба сари “мафияи Кӯлоб” заданд. Ёд доред?
СССР: Албатта ёд дорем. Ва на танҳо ёд, ки дар ин бора навишта ҳам будем!
ДН: -Хуб, ҳамон солҳо 36 нафар аъзои “мафияи Кӯлоб”-ро ҳабс карданд. Зеро онҳо дар куштори Раҳбар Қосимов гунаҳкор дониста шуданд. Он замон ман дар КГБи Хуҷанд кор мекардам ва устодам дар ин ҷода Алексей Василевич Кочелаев буд.
СССР: Узр, генерал, аммо марги 1 коммунист ба ҳузур пайдо кардани исломистон дар РСС Тоҷикистон чӣ пайвандӣ дорад?
ДН: -Ҳоло гӯш кунед...баъд хулоса бароред. Хулласи калом, Кочелаев маро наздаш хондаву гуфт:
-Раҳбар Қосимовро “хоронили как Шахид”, т.е. убиенный и великомученник. Разберись в чем суть конфликта”. Воқеан ҳам аҷиб наменамояд, ки коммунист, атеист, материалистро чун Шаҳид ба хок супоранд?! Дар ин бора супориши раиси Кумитаи бехатарии давлати ҷумҳурӣ генерал-майор Шевченко В.Т. ва муовини аввалаш Қурбонов Ш.Қ. ба тариқи телефонӣ ба Кочелаев дода шуда буд. Аҷибаш ин ки муовини аввали раис Қурбонов Ш.Қ. ба Ленинобод омада, дар ин масъалаи таъҷилии шахсӣ ба ман бо иштироки Кочелаев суҳбат карда, супориш дод, ки ба ягон кас, ҳатто ба сардори шӯъба дар ин мавзӯ суханронӣ накунам.
СССР: А-ҳа..., ин аллакай аҷиб аст ва мо гӯш мекунем...
ДН: -Ман пайи тадқиқот шудам ва маълум шуд, ки худи Ҷаббор Расулов-котиби якуми ҲК РСС Тоҷикистон тасмим гирифта будааст, ки Қосимовро чун худкушӣ карда шахс ба хок надиҳанд. Зеро дар ин сурат тамомии имтиёзу лготҳои зану фарзанди раҳматӣ аз байн мерафтааст. Чунки худкушӣ на танҳо дар динҳо, ки дар КПСС низ раво набуд. Зимнан дастури пинҳонӣ будааст, ки маргашро дигар хел муаррифӣ кунанд.

Қосимови Шоҳид...
СССР: Боре дар ҳамин бора худораҳматии Ҳасанов Карим Ҳасанович бо мо сӯҳбат карда буданд ва гуфтанд, ки марги Раҳбар Қосимов воқеан ҳам суитсид - худкушӣ буд. Аммо мо бовар накардем...
ДН: -Офарин! Ана дар ҳамон шабу рӯз, Карим Ҳасанович, ки дар прокуратураи ҷумҳурӣ ба ҳайси муовини прокурори генералӣ кор мекарданд, низ бо ин дело сару кор доштанд. Ӯ низ навишта буд, ки «ҷасадро мо дидем. Қосимов қабл аз марг бадани хешро аз мӯи зиёдатӣ тоза кардаву оббозӣ, яъне ғусл кардааст. Ин далел аст, ки ӯ худкушӣ кардааст!».
СССР: Хеле аҷиб аст. Аммо худкуш оё оббозӣ ва ғусл намекунад?
ДН: -Мекунад. Вале агар қаблан ба ин кор омодагӣ намегирифт, намекард. Хулласи калом, маро чизи дигар дар ин кор таҳрик медод, ки чаро ӯро чун ШАҲИД ба хок додаанд? Ин шояд хатои наздикони Қосимов шуд. Дар акси ҳол, шояд чанд кӯлобии бегуноҳро суд мекарданду гуноҳро сари «мафияи Кӯлоб» мезаданд…
Ман муллоеро, ки раҳматӣ Қосимовро ШАҲИД эълон карда буд, даъват кардаву бо ӯ коргузорӣ кардам. Хизмататон арз кунам, ки дар КГБ СССР умуман лату кӯби боздоштшудаву гумонбарон МАНЪ буд. Бо онҳо бояд коргузорӣ мекардем, ба масали мардумӣ «ба таки дилашон медаромадем». Бо ин усул мо аз дигар мақомоти қудратӣ фарқ доштем. Ман муллоеро, ки ӯро ҷаноза кардаву шаҳид эълон карда буд, ҷеғ задам ва «аз дур гирифтам». Чанд саҳву хатояшро гуфтам ва афзудам, агар 1 корро ба иҷро мерасонад, аз он гуноҳҳояш амният чашм мепӯшад. Ӯ розӣ шуд, ки ҳамкорӣ кунад. Сипас ба ӯ дастгоҳи сабти овоз додаву гуфтам, ки бо зани Раҳбар Қосимов сӯҳбат орояд ва пеш аз сӯҳбат фалон кнопкаро зер кунад. Ин дар ҳоле буд, ки бе зер кардани он кнопка низ дастгоҳ… аллакай онҳоро «запис» мекард…

Ҳусни хатт-қотили котиби вилояти Кӯлоб
СССР: Хуб, баъд чӣ шуд?
ДН: -Хулласи калом, ин сӯфӣ бо зани раҳматӣ во хӯрда, аз ӯ мепурсад, ки «Шумо инро кушташуда гуфтеду ман Шаҳид эълонаш кардам. Оё медонед, ки дар он дунё назди Худованд, рӯзи қиёмат ману шумо ҷавоб медиҳем, агар дурӯғ бошад? Зимнан ҳақиқати ҳолро ба ман гӯед». Занаш мегӯяд, «домуллои мӯҳтарам, он кас марди хубе буданд, аммо саводи хатташон бад буд, бисёр бад менавиштанд. Хулласи калом, тамоми асноди марбут ба худашонро ман менавиштаму он кас имзо мегузоштанду номашро менавиштанд. Ба ҳамин тартиб, Ҷаббор Расулов-котиби якуми ҳизб, чанде пеш аз марги Раҳбар Қосимов ҳуҷҷатҳояшро дида, ҳайрон мешавад, ки чаро имзо аз санад фарқ дорад? Зуд занг задаву мегӯяд, пагоҳ Душанбе оед ва тарҷумаи ҳолатонро аз сар навишта оред. Раҳматӣ дар Кӯлоб кор мекарду ман мутаассуф дар Хуҷанд будам. Шавҳарам занг задаву гуфт, пагоҳ соати 9-и субҳ ба Душанбе парвоз кун, ман аз Кӯлоб меоям. Тарҷумаи ҳоламро аз сар навишта биор, то ман пеши раҳбар дароям. Ман, хоб гуфтаму шаб билет харидам (он замон роҳи заминӣ баста буд қариб ҳамеша дар замистон). Аэропорт рафтам, «нелётная погода», ҳар қадар истодам, нашуд. Оқибат гуфтанд, ки самолёт пагоҳ низ намепарад. Ман инро бо телефон ба Раҳбар гуфтам. Чанде пас ӯ занг зада гуфт, «Тамом! Ман наметавонам обрӯямро пеши роҳбарияти ҳизбӣ резонам. Шуморо кафили кӯдакон мегузорам, пулу молу хонаву дар доред, эҳтиёт куну нағз тарбият намо. Ман худамро мекушам». Ҳар қадар илтиҷо кардам, ки ин корро накун, вале ӯ телефонро гузошту…пагоҳ хабари маргаш расид. Худашро бо сими чойники барқӣ дар утоқи меҳмонхона, яъне ҷои хобаш буғӣ кардаст…»
…Хулласи калом, мо исбот намудем (бо ман гуруҳи корӣ таҳти сарварии Кочелаев Алексей Васильевич кор мебурд), ки ягон мафия-пафия роҳбари аввалро накуштааст ва он 36 бечораи гумонбар низ аз зери назорати органҳои дахлдор озод шуданд (гуруҳи корӣ дар ш.Кулоб таҳти роҳбарии Карим Ҳасанов, муовини прокурори генералӣ ва Шариф Қурбонов, муовини аввали КГБ дар натиҷаи тафтиш ба хулоса омаданд, ки ин 36 нафар ба куштори Раҳбар Қосимов дахл надоранд. Ин худкушӣ буд, аммо сабаби худкуширо натавонистанд, ки исбот кунанд, бино бар ин Шариф Қурбонов ба хулоса меояд, ки калиди худкуширо фақат дар Хуҷанд ёфтан мумкин аст. Аммо чӣ тавр?) Дар навбати худ ин куштор маро сари дигар муаммо овард. Дар Ленинобод ба забони имрӯза «мафияи исломӣ» кор мебурдааст, ки ҳатто роҳбарони онвақтаи ин клан, бо шумули Раҳбар Қосимов ва дигар коммунистони олирутба низ, аз онҳо ҳайкалу радномаҳо мегирифтаанду муридонашон будаанд…
Дар суҳбат бо домуллои қошқарӣ (мулло Абдуқодир) ба ман маълум шуд, ки аз ӯ боз якчанд роҳбарони баландмақоми дигар низ раднома гирифтаанд. Вақте, ки ҳуҷҷатро дар бораи худкушии Р.Қосимов раиси КГБи Тоҷикистон Шевченко В.Т. ба котиби якуми ҳизби коммунист Ҷаббор Расулов шинос менамояд, ӯ супориш медиҳад, ки ин сир набояд ошкор шавад. Бинобар ин, ман низ зиёда аз 40 сол дар ин мавзуъ сухан нагуфтам, чунин аст талаботи КГБ СССР… 

Давом дорад


Давлатхоҷа Назиров,
доктори илмҳои фалсафа,
аъзои ИНТ ва ИЖТ

Матлабҳои дигар