ХАБАРИ ДОҒ

«City Card»: бе шаҳодатнома корт эътибор надорад!

  • Чоршанбе, Фев 20 2019

Дар чанд шумораи гузашта мухбирони СССР дар бораи кортҳои нақлиётии «City Card», ки ҳадафаш беҳтарсозии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум аст, навишта буданд. Ҳафтаи гузашта роҳбарияти ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ки масъули ҷоринамоӣ, истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва назорати низоми мазкурро бар дӯш дорад, бо мухбири СССР дар тамос шуда, барои равшанӣ андохтан ба баъзе аз проблемаҳо, ӯро ба дафтари марказии хеш дар ш.Душанбе даъват намуданд. Бурҳонзода Зафарҷон Шарифӣ, директори иҷроияи ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ҳини сӯҳбат тамоми камбудиҳоеро, ки айни замон мусофирон замони истифодаи кортҳои нақлиётӣ рӯбарӯ мешаванд, шарҳ дода, ҳамзамон дар бораи тарзи дурусти истифодаи кортҳо низ маълумоти муфассал дод.

«City Card»-лоиҳаи сирф Тоҷикӣ ва беназир!
Шарифӣ сӯҳбатро аз муаррифии лоиҳаи мазкур оғоз ва қайд намуд, ки он аз ҷониби чанд нафар ҷавонони боҳушу идроки Тоҷик тарҳрезӣ ва роҳандозӣ шуда, лоиҳаи сирф Тоҷикисту дар кишварҳои Осиёи Марказӣ назир надорад:
-Калид ё асоси баъзе аз лоиҳаҳое, ки роҳандозӣ мегарданд, дар Аврупо ё Амрикост, вале лоиҳаи «City Card» сирф Тоҷикӣ буда, таҳияи барномаи компютерӣ дар дасти мост-шаҳрвандони Тоҷикистон! Ва боз ҳам таъкид намоям, ки ин шояд ягона лоиҳаест, аз лиҳози дастрасӣ ва шаффофият беҳамтост. Мақсади нахустини мо-ҷорӣ кардани ин низоми нав дар пойтахти кишварамон ш.Душанбе буд ва мо онро муваффақона амалӣ карда истодаем, лек дар баробари ин аз дигар шаҳрҳои кишвар, амсоли Хуҷанду Бохтар низ ба мо муроҷиат карда, хостори онанд, ки системаи мазкур он ҷо низ ҷорӣ гардад. Инчунин, боиси ифтихор аст, ки аллакай лоиҳаи мо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ муаррифӣ гашта, аз Тошканду Бишкек низ дархост шуда истодааст, ки дар ҷорӣ намудани ин низом барояшон кӯмак намоем. Бояд гуфт, ки таҷҳизоти ин низом низ аз рӯи талаботи муосиртарини замон омодаву аз ИМА, ФР ва Чин харидорӣ шуда, васлу насб гардидаасту маблағаш низ кам нест.

Ниёз ба корти якдафаина нест!
Шарифӣ дар робита ба истифода баровардани кортҳои нақлиётии хос, ки барои 1 бор сафар кардан дар автобусу троллейбус лозиманд, иброз дошт, ки ҳоло ниёз ба муомилот баровардани чунин кортҳо нест:
-Бубинед, ҳар 1 корти мо то 3 сол мӯҳлат дорад ва касе, ки аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ё дурдаст ба пойтахт меояд, метавонад 1 маротиба кортро дастрас ва сипас аз он то 3 соли оянда истифода кунад. Дар ин муддат, ҳини истифода нашудани корт ё дер-дер истифода шудани он маблағе аз корт кам намешавад ва мусофир танҳо 1 бор пули корт-4 сомониро пардохт мекунаду халос ва онро ҳам ҳангоми бори нахуст харидан аз терминалҳои «Express pay». Харидани корти нақлиётӣ ва баъдан пур кардани он тавассути терминалҳо хеле осон аст. Масалан, агар шумо имрӯз корт бихаред, он то с.2022 мӯҳлат дорад. Айни замон аз рӯи маълумоти оморӣ беш аз 240.000 корти нақлиётӣ ба муомилот бароварда шудааст, ки аз ин 24 ҳазору 500 ададаш кортҳои ройгон асту аз ҳисоби мусофир андоз ситонида намешавад. Имрӯз сафар кардан дар 13 хатсайри автобусӣ ва троллейбусӣ тавассути кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза наздики 100.000 нафар аз корти нақлиётӣ пайваста истифода мебаранд.

400 терминал дар хизмати мусофирон
Дар мавриди истифодаи терминалҳо, фаъолияти нодуруст ва дер кор кардани терминалҳо бошад, Шарифӣ афзуд, ки имрӯз дар ҳудуди пойтахт беш аз 400 адад терминалҳои «Express pay», ки маҳз тавассути онҳо мусофирон метавонанд корти нақлиётӣ харидорӣ ва маблағ пур кунанд, фаъоланд.
-Аз ин 400 терминал 120 ададаш диспенсер-механизми вежа ва 100 ададаш картридер-таҷҳизот барои корт доранд. Бояд гуфт, ки тамоми фаъолияти ин терминалҳо компютерӣ буда, ҳангоми истифодаи нодуруст, даромадан ба саҳифаҳои дигар ва ё пардохт бо маблағи фарсуда метавонанд муддате аз кор бимонанд. Лиҳозо, мусофирон ҳини харидани корт ба воситаи терминалҳо ва пардохти маблағ бояд эҳтиёткор бошанду саросема нашаванд-таъкид медорад мавсуф.
Дар поёни сӯҳбат Бурҳонзода Зафарҷон Шарифӣ қайд намуд, мусофирон, ки ҳангоми сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ, хоса, автобусу троллейбус аз кортҳои нақлиётӣ истифода мебаранд, бояд донанд, ки бидуни ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият корти нақлиётӣ эътибор надорад. Маркази хизматрасонӣ вобаста ба ин низом шабонарӯзӣ фаъол буда, мусофирон метавонанд тавассути ин рақам: 44 601 11 11 занг зада, дар бораи мушкилоти худ бигӯянд.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter