ХАБАРИ ДОҒ

Зулқарнайн кӣ буд: Александри ғосиб ё Куруши Кабир?

  • Ҷумъа, Фев 22 2019


(аз устура то дин)

Ақидаву андешаву ангораи бархе аз «ҳомиёну дифоъгарон»-и сохтаву сунъии дини ислом нафари огаҳу соҳибзеҳнро мутаҳайиру маҳзун мекунад. Ҳарчанд ки бино бар бовари илм ислом ба зоти худ надорад айбеву нуқсе ва дар он тағйиру иловаҳо ҳич имкон надорад ва он зери дифоъи худи тавлидгари он аст, дар баробари он бархе аз арабситоёни тоҷик худро сипари он гирифтанӣ мешаванд. Шояд ин рафтори эшон барои чандин нафарон боиси писанд ҳам бошад ва дар дили бо ном «орифон» ҷой бигирад ва рейтинги худро бифзоянд ва дар маъракаҳои «лазиз» бологузар бифармояндашон. Ба ҳар ҳол касе зид нест ва «ош шавад» ин иқдом. Аммо барои афтидан ба биҳишт, санг задан ба таърихи халқи худ ҳаргиз кофӣ нахоҳад буд. Исломро дар даҳру дайр миллиардҳо баргузидаанд ва дар ҳоли афзоиш аст ва бармалост, ки ба дастгирии нафаре ниёз надорад, вежа мардуми тоҷик. Бовар кунед , ин қадаре мардуми мо дар ин роҳ «потиликак» мекунанд, ягон араби бадавӣ намекунад ва ҳатто сари тиҳимағзи онҳоро парвози парвое парешон намекунад. Ва умуман дар мусибати ягон мусулмон ғамшарик ҳам нестанд ва нахоҳанд буд ва таълимоти «мумин бародари мумин»-ро барвақт аз ёдшон зудудаанд…то абад. Несту нопадид ва титу пареш шудани чанд мамолики араб тӯли замони авохир далоиланд бар гуфтаҳои мо.

Ислом ва арзишҳои миллӣ
Дар баробари ислом мо набояд аз арзишҳои миллӣ ва таъриху фарҳанги худ фаромуш бикунем. Зеро кӯшиши ба устураву афсона табдили он ва ё бофтаву дурӯғ баровардани он хизмат ба дигар миллат асту ва хиёнат ба миллати тоҷик. Барвақт донистаам, он чизеро инсоният исбот кардааст, онро илм гуфта ва он чизеро, ки зеҳнаш тавони қабулро надорад, онро ба рафъи устураву афсона партофта. Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки гирду ванои дини Зардушт ва китоби муқаддаси он «Авасто» баҳсу мунозара беҳад зиёд аст байни руҳониёни тоҷик (чаро тоҷикро қайд кардам? Чунки дар ягон давлати исломӣ на ба Зардушт кор доранду на ба «Авасто», ба ҷуз аз ноогоҳони Тоҷикистону ваҳшиёни «толиб»-и Афғонистон) ва ба он чунон маломату таҳқирро раво мебинанд, ки араб ангушти ҳайрат мегазад, ки чунин андешаҳо аҳ дар сари онҳо на роҳ ёфтаву на ҷо гирифта. Ин қадар бадбинию бадгомӣ ба суни таъриху фарҳанги хеш ва тоҷикофобия аз куҷост?
Манзури эшон бигардонем, ки ин қадар таълимоту сухану гапҳое дар Авасто омадаст, ки ба ақли одами чанд ҳазорсола пеш ба ҳич ваҷҳ намеғунҷад, илло агар он сухани худи худованд набошад. Ба яккахудоӣ мардумро нахуст маҳз хазрати Зардушт хондааст ва чун дар Қурон ин амалро ба ҳазрати Иброҳим (а) рабт медиҳанд, ҳадс задан мумкин аст, ки ин ҳарду 1 шахсиятанд бо 2 ном. Асадии Тӯсӣ дар «Гаршоспнома»-и худ онро чун бурҳони қотеъ ва раднашаванда овардааст. Бино бар ангораи баъзеҳо, ки дини Зардушт устура аст ва на дин ҳамагӣ далелеро меорам, ки аз кутуби осмонист.
Сураи имон моро водор мекунад, ки имон биёварем ба малоикаҳо, ба китобҳо ва паёмбарони Худованд…
Пас таваққуф мекунем сари якеи онҳо, яъне чаҳор китоби осмонӣ, возеҳтар ба якеи ин китоб-Таврот,охир мо имон овардаем ку, ки шакк надорем.

Александрпарастии клоссикон низ бегонапарастист
Замоне ки нисбатан ҷавон будем, иттифоқ маро афтод, то дар 1 анҷумани пирони рӯзгордида, ки даврони нафақаро якҷоя мегузаронданд, ширкат бикунам. Мӯйсафедон бо навбат аз таьрих нақлу ривояти зиёде меоварданд. Ин қиссаҳоро дар мактаб ҳазор бор хондаем, аммо нақли онҳо басе ширин мебаромаду гуворо ва шунавандаро ҷалб мекард. Гап сари Искандар рафт. Аз ҷавонию ҷунунӣ буд, ки ман низ ба гап ҳамроҳ шудаму чизе дар бораи Искандар хонда будам, албатта бо нафрат оидаш ҳарф гуфтам. Бовар кунед, мани ҷавони 22-23 соларо ба куфр мучрим заданд, ки ин шахсияти китобист, дар борааш дар китоби муқаддаси Курон омадааст (манзур Зулқарнайн) ва ту чӣ ҳақ дорӣ аз ин шахсият носазо мегӯӣ?! Пеши назарам чандин «Искандарнома»-ҳо расид, ки фақеҳони шоири муқтадири тоҷику форс навиштаанд ва чун классикон баром эталонанд, ба фикри мӯйсафедон андак розӣ шудам. Аммо думи ин масъаларо аз ҳамон вақт  сар надодам то кунун.Ва акнун мефаҳмам,ки агар манзури классикони мо дар «Искандарнома»-ҳояшон Искандари Мақдунӣ (Александр Македонский) бошад, узр, бо вуҷуди сад эҳтирому эътиқод доштанам нисбати эшон, мегӯям, ки дар роҳи ғафлату ғалат афтодаанд, ҳамаи онҳое, ки Искандарро шоҳи одил хондаанд. Агар чунин адибони шаҳири ҷаҳонӣ Искандарро Зулқарнайн пиндоштаанд, аз пирони нохонда, ки қиссаҳоро аз даҳони насли пешин шунидаанд, чӣ гила? Танҳо достонсарои муқтадиру забардаст Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ аслро ба мо саҳеҳу рӯшану дақиқ пешниҳод намуда, образи Искандари таърихиро ҳамчун шоҳи золиму хунхор тачассум кардааст.
Ва инак, баъди чандин сари сол, ки боз ин баҳси масъала бештар дар сомонаҳои иҷтимоӣ рӯ зад, ба худ иҷозат додам, ки аз мавқеъи худ бори дигар дифоъ бикунам. Бале, дар кутуби иллоҳӣ Зулқарнайн омадаст,  аммо рабте ба Искандар надорад. Дар сураи 18 «Каҳф» аз ояи 83 то 98 куллан дар бораи Зулқарнайн навишта шуда. Пас, кист Зулқарнайн? Воқеан, олимону орифону мутафаккирони зиёд дар бораи шахсияти Зулқарнайн андешаҳои худро иброз кардаанд ва дар ин ҷо  то солҳои начандон пеш гуногунандешӣ таҳсис мешуд. Мақолаеро дар интернет пайдо кардам, ки таҳлили хеле амиқ дорад ва ҳама андешаҳо бо рақаму далелҳои муътамад асоснок шудаанд  (www.ansar.ru. Личность Зуль-Карнейна стала известна).

Куруш Зулқарнайн аст ё Алекс?
Бештар андешаҳо асосан гирди 2 шахсият мераванд -Куруши Кабир ва Искандари Мақдунӣ. Ва бояд бигуем, ки далоили муътамад ба ҷониби шоҳаншоҳи империяи Форс Куруши Кабир зиёдтарак мебошанд. Замаҳшарӣ дар китоби худ «Тафсир-ул-кашшоф», Ибни Ҳишам, Имом ибни Касир муътақиданд, ки Зулқарнайн ин Искандари Мақдунист. Аммо Имом ибни Касир дар асараш «Оғозу анҷом» андешаи дигареро пеш меорад, ки Зулқарнайн дар замони паёмбарии Иброҳим халилуллоҳ ба сар бурдааст ва якҷоя тавофи Каъба кардаанд, ки ақидаи қаблиро рад мекунад, чаро ки Иброҳим пеш аз замони ҳукмронии Искандар нубувват кардааст. Имом ул Курутбӣ меангорад, ки Зулқарнайн дар Миср зиндагӣ карда, Марзабон ном доштааст. Нафари дигаре ӯро араби Яманӣ мепиндорад. Ҳамаи ин ақидаву ҳавандҳоро мутафаккири бузурги Ҳинд Абуқалами Озод (тарҷумаи Қурон ба забони урду ба қалами ӯст) куллан рад мекунад. Бостоншиносони эронӣ дар ковишҳои тулонӣ муҷассамаи Куруши Кабирро, ки бо қади одам баробар аст, пайдо мекунанд. Дар он шоҳаншоҳ бо 2 қанат ва дар сар кулоҳи шоҳӣ дорад, ки ба 2 шох монанд аст. Ва маҳз бо чунин нишонаҳо Куруши Кабир бо лақаби Душоха дар боби «Дониёл»-и Таврот ном бурда мешавад. Дар сарчашмаҳо ҳич ниҳон нест, ки Куруш Бобулистонро забт мекунад ва мардуми яҳудро (бани Исроил) ба ватанашон бармегардонад ва то ҳол ин мардум ба шоҳаншоҳи бузург арҷ мегузоранд. Ва маҳз ӯ хамчун шоҳи наҷотбахшу одил шинохта мешавад, на дигаре.

Далоили қуронӣ
Ва он ояҳои куронӣ, ки болотар зикрашон рафт ҳама далеланд, ки Зулқарнайн ин Куруш аст ва на Искандар.

Сураи Каҳф
18.86 То он ки ба маҳали фурӯ рафтани офтоб расид ва онро чунин ёфт, ки дар чашмаи гилу лой фурӯ меравад…
Яъне манзур дар ин ҷо самтҳои тасхири Куруш аст. Баъди он ки Мидиёро фатҳ кард, юриши худро ба ғарб идома дод аз баҳри Миёназамин то бахри Хазар ва баъдан ба шарқ лашкар кашида, кулли Осиёи Хурд (Лидиёи ҳамонвақта)-ро зери шоҳаншоҳии худ даровард.
18.90.  То вақте ки ба маҳали баромадани офтоб расид, чунин ёфт, ки он бар гуруҳе бармеояд, ки барояшон ин тараф аз офтоб ҳеҷ пардае насохтаем.
Бино бар нигоштаи муаррихи юнонӣ Ҳиродот маротибаи сеюм Куруш ба шарқ лашкар кашида, марзу буми худро ба Сирдарёи Осиёи Миёна расонидааст.Пас, сабаби «душоха» лақаб гирифтани Куруш омилҳои зиёде доранд. Ин бастагӣ дорад ба тасхир кардани ӯ шарқу ғарбро, 1 кардани 2 давлат- Форсу Мидиёро ва беш аз 200 сол рӯйи замин ҳукмронии шоҳаншоҳии (империяи) Ҳахоманишиҳо.
Ва Абулқалами Озод далели дигари муътамаде пеш меорад, ки ба ҳич ваҷҳ рад намешавад. Ва мардуме аз ӯ имдоду кӯмак хостанд, ки аз шиканҷаи Яъҷуҷу Маҷуҷ азият мекашиданд ва ин дар сураи мазкур чунин омада:
18.93 То вақте, ки дар миёни ду садд расид, дар ин ҷониби ду садд гуруҳеро ёфт, ки наздик набуданд аз он, ки сухане бифаҳманд.
18.94 Гуфтанд:Эй Зулқарнайн, ба дурустӣ, ки ин Яъҷуҷу Маъҷуҷ фасодкунандагонанд. Пас, оё барои ту боҷе муқаррар кунем, ба шарти он ки дар миёни мову онҳо садде бисозӣ.
18.95 Он чӣ парвардигори ман маро дар он дастрас додааст, беҳтар аст, пас, маро ба зӯри бозу мадад кунед, то миёни шумову онҳо ҳиҷобе маҳкам бисозам.
18.96.Пеши ман пораҳои оҳан биёред! -То вақте ки мобайни он ду куҳ баробар сохт . Гуфт (Оташ) бидамед!-то он ки оҳанро оташ сохт. Гуфт: Руини гудохтаро пеши ман биёред, то болои ин бирезам
18.96 Пас (Яъҷучу Маҷуҷ) натавонистанд, ки бар он боло раванд ва онро сурох карда натавонистанд.
Ва тавре мебинем, ҳамаи ин корнамоиҳои Зулқарнайн аст, ки дар китоби муқаддаси Қурон омада. Пас куҷост он девор ва ё садди оҳанин? Магар нишонаҳое то кунун аз он боқӣ мондааст?

Садди зулқарнайнӣ куҷост?
Бар ақидаи Озод ин садд байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар, ки қаторкӯҳҳои Қафқоз ҷойгир шудаанд, сохта шудааст. Ва ҳадсе, ки баъзе олимон мезаданд, гӯё ин девори Чин ва дигар саддҳо бошанд, билкул нодуруст мебароянд, чаро ки бузургтарин садди дунё-Девори Чин қариб сесад сол баъди зиндагии Куруш сохта шудааст ва таркиби он ягон майда  оҳану мис надорад.
Баъдан ин чӣ забонест, ки мардуми мазлум бо он гап мезаданду барои Куруш ва дигарон бегонаву нофаҳмо буд? Албаатта ин забони гурҷист, ки  ба шохаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил намешуд ва аз забонҳои туркиву романӣ тафовути беҳад дорад. Забони гурҷӣ то ҳол нодиртарин забони ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Дар маъхазҳои арманӣ ин садд «Бахак Гураӣ» ва ё «Кабан Гураӣ» ёдрас шудааст, ки маънояш гузаргоҳи Гуриш (Куруш) мебошад ва дар тарҷумаи забони гурҷӣ бошад, он «дари оҳанин» омадааст. Барои муайян кардани шахсияти Зулқарнайн, ки 2 шоҳ-Куруш ва Искандарро ба он нисбат медиҳанд, ягон далел ба нафъи дувумӣ нест. Ва ҳама далелҳои устувор дар Таврот, Қурон ва факту рақамҳои муаррихони оварда, бар хилофи ақидаи арабгароёни тоҷик ва уламои пешину муосири араб шаҳодат медиҳанд, ки Зулқарнайн ва Куруш 1 шахс мебошанд ва ба ин андешаи овардаи Абулқалами Озод олимони муосир мувофиқанд.

Ба ҷои хулоса
Аммо мақсади матлаби мо он аст, ки посух бигирем, магар дини Зардуштӣ ва китоби муқаддаси он «Авасто» тахайюллоти хому хаталаанд? Албатта, ки не. Агар Куруши Кабир дар 3 китоби иллоҳӣ дарҷ гардидааст ва онро қариб, ки аксарият паёмбар медонанд (аммо шоҳ асту рисолати бештаре дорад) ва дини расмии давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи гетӣ маҳз ҳамин дин будааст, кулли ҳаванду афкору андешаву ангораи арабситоёну бегонапарастон ботил асту сафсатта.
Мақсади мо касеро даъват ба дини куҳан нест, ба қавле, чун сарқонуни нав, ки амал кард, сарқонуни пешина лағв мешавад. Аммо дифоъ аз арзишҳои миллӣ рисолати ҳар 1 тоҷику ватандор аст ва он хусумати баъзе бародарон, ки дар сайтҳои иҷтимоӣ алон тез-тез ба назар мерасад, садди дифоъи фарҳанг, одоб, ахлоқ ва дониши моро рахна нахоҳад кард.

Нури Наср
ш. Денвер, Колорадо. ИМА 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter