Принт

Мо ва «Лайк»-и мо


Шарофиддин Гадоев-яке аз чеҳраҳои калидӣ ва раҳбари Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон баргашт. Гадоев зимнан, ба масале «дасти рости Кабирӣ» дар ПМТ-Паймони Миллии Тоҷикистон буд. Дасташро аз даст дод, Кабирӣ…
Баъди афв ва бахшиши Ш.Гадоев, шояд аксарияти оппозитсионерҳои аврупоии тоҷик, бе ҳеҷ тарсу воҳима баргарданд. Агар хоҳанд, албатта. Зеро таври маълум, Шарофиддин чун кӯлобии асил хуни гарм дошту дашному ҳақорату таҳдиде, ки ӯ мекард, шояд аъзои гурӯҳи ДИИШ ба ҳукумат накарда бошанд. Ба ҳар ҳол мо нашунидаем. Вале ҷавонмардии раҳбарияти давлати мо низ ҳамин аст, ки маҳз ана ҳамингуна оппозитсионери сарсахт ва сахтгӯро бахшид! Ӯро, ки бахшид, ҳамаро мебахшад!!!
Ҳалоли сиёсати воқеан ҳам хирадмандонаи Сарвари давлат бод, ки ҳатто дастур дод, тамомии «роҳгумзадаҳо»-ро ба ватан баргардонанд. Дигар монеае нест. Биёед, бачаҳо ва ватанатонро обод кунед! Ин бахшиши аввалу гумони ғолиб охир ҳам нест. 22 сол қабл ҳукумат оппозитсияи мусаллаҳро бахшида буд. Афроде афви кулл шуданд, ки миллати худро мекуштанд. Сулҳ 1 тараф асту бахшиши ҳукумат дигар тараф. Садҳо, ҳазорон дело хобонида шуд. Барои ҳар 2 ҷониби ҷанг…
Ҳиммати ҷавонмардӣ аз бахшиш сарчашма мегирад ва ин аст, ки афв ҳамеша дили мардумро ба ҳукумат, давлат ва ватанаш гарм мекунад. Дур намеравем, ҳамсоякишварҳоямон, фарзи мисол, ҷангиёну ҳаводорони ДИИШ-ро аз шаҳрвандӣ маҳрум карданд. «Хас каму ҷаҳон пок!»-аз рӯи ин масал ҳамсояҳо кор мебаранд. Ҳафтаи равон бошад, кишварҳои демократитарини Аврупо нахостанд 800 ҷангии давлатҳои худро, ки Амрико дар Ироқу Сурия ҳабс кардааст, бозпас ба зиндонҳои хеш интиқол диҳанд: Хас каму ҷаҳон пок! Вале ҳукумати мо, ашаддитарин ҷангӣ ва сахтгӯтарин ҳарифашро низ бармегардонад. Фарқияти сиёсати Душанбеи расмиро аз дигар кишварҳои собиқ узви СССР ва Иттиҳоди Аврупо дарк кардед? Президенти мо воқеан ҳам уфув аст, бахшанда аст, ҷавонмард аст!!!
Ва аммо дар ин додуситад 1 муаммост, ки ҳаргиз ба ақли солим рост намеояд. Дар ҳоле, ки душманони идеологӣ, оппозитсионерҳои аврупоӣ, ҷангиён ва ҳатто бархе аз лидерону мубаллиғини ДИИШ баргаштаву афв мешаванд, чанд ҷавону пиру барнои Тоҷик, ки ягон хатои усулие накардаанд, танҳо барои ЛАЙК гузоштан зери матлаби ҳаминҳо…зиндониянд! Ин кор ба ақли солим рост намеояд. Ба фикри сирф фардии ман онҳоро низ бояд бахшид! Бовар кун, хонанда, миёни ин ЛАЙК-маҳбусон ягон хешу пайванд ва ҳатто шиноси ман нест. Аммо инҳо фарзандони ҳамин сарзаминанд. Барои 1 ЛАЙК набояд одам суд шавад. Маҳбас ҷои ислоҳи кор нест. Тӯли 4-5 соле, ки горе-прокурору горе-судяҳои мо ба ин бечораҳо додаанд, мутмаинан ишон фанату ҷинояткору душмани ин сарзамин мегарданд!!! Аз маҳбусони собиқ пурсед, ки вазъ дар зиндонҳо чигуна аст. Мубаллиғини экстремизм ҳатто дуздону майзадаву герчикҳоро ба сафи худ ҷалб кардан доранду ҷои «пахан зонаву авторитету брат»-ҳоро исломистон гирифтаанд ва гапашон «мегузарад»…
Ва аз ҳама охир, парлумоне, ки ЛАЙКро ҷиноят ҳисобидаву 10-15 сол ҳукмро тасдиқ кардааст, оё дарк намекунад, ки бо суд кардани 1 нафар тамомии аҳли байту хешу табори он «ЛАЙКӣ»-ро зидди сиёсати ҳукумати марказӣ мешӯронад? Ба назар мерасад ин парлумониҳо умуман аз дастовардҳои технологии интернет хабардор нестанд. Дар шабу рӯзе, ки чанд «хаккер» аз Сибири Русия ба интихоботи Амрико дахолат кардаву Трампро ҷои Ҳилларӣ Клинтон президент кардаанд (факти собитшуда!), фикр доранд, нафаре наметавонад аккаунти дилхоҳ депутатро бишканаду аз номаш ЛАЙК гузорад? Ещё как метавонад! Бо ин ЛАЙКсудкунӣ мабодо миллатро комилан ифротӣ эълон кунед, мисле, ки хориҷиҳо аз ташхиси сартосарии миллати Тоҷик барои СПИД тӯридаву намеоянд, ҳисоботи мақомот, ки дар 1 соли ахир 873 ҷинояти терроризм ва экстремизм содир шудаасту 1400 террористу экстремист дар тӯли ҳамагӣ 3 сол боздошт гардиду 1900 нафар тоҷикистонӣ ба ДИИШ гузаштаанд…магар бар имиҷи давлати мо, ки воқеан ҳам яке аз кишварҳои амнтарин аст, зиён намеорад? Ин ҳама кам буд, ки ЛАЙК низ суфуфи террористонро афзудан дорад. Ин омору ин қонуну қавоидро дида, ҳамон нидои Мимино аз кинофилми маъруф ёдам меояд, ки ба Мкртчян мегуфт:
-Думай, прежде чем говоришь!!!
Мо метавонем!

Матлабҳои дигар