Принт

Мо ва нафақаи мо


25.02.2019. Соат ба вақти СССР 10:43 дақиқа. Дӯсти овони баччагиям, Баха меҳмонам шуд. Чун пурсидам, куҷо будӣ, ки телефонат намегирифт, гуфт:
-Русия рафтам то нафақаамро туғрӣ кунам!
Баха полковники мақомоти қудратист ва тӯли тамомии даврони истиқлолият, яъне 28 сол дар ҳифзи марзу бумамон буд… Мардум, ба вежа, масъулини соҳа, боре андешидаед, чаро афроде, ки умри худро бар ҳимояти марзу буми ватан бахшидаанд, баъди бознишастагӣ Русия фирор кардаву нафақа «туғрӣ» мекунанд??? Куҷо равонаем(д)??? Ин дар ҳолест, ки фарзи мисол, Алии Беҳудуд, ки дар Афғонистон ҷангидаву сипас 4 даҳсола мубаллиғи ватану ватандорӣ буд, то имрӯз ба нафақа баромада наметавонад!!!
Воқеан, Алӣ яке аз патриотҳои Тоҷикистон ҳамон рӯзу соат меҳмони СССР буд ва аз Баха роҳу усули нафақагирӣ дар Русияро пурсид... Чаро мардумро ин қадар барои нафақаи кӯчаке ғам медиҳем? Медонам, ки амру дастур барои саҳҳеҳияти нафақа содир шудааст, аммо ин ба маъние нест, ки дигар ҳамаро аз 1 элак бехтаву саллаву каллабиорӣ кунем(д). Он дастур барои саҳҳеҳияти нафақаи чанд «каллахӯре» буд, ки даҳҳо ҳазор сомонӣ маоши бознишастагӣ мегирифтанд, на саргардонсозии камбағалу маъюбу маълулони бечора!
Акнун дар бораи маълулон: ҳамагӣ 3 рӯз пеш аз ин моҷаро аз ноҳияи Данғара 2 маъюби модарзод-Ҳусейновҳо, ки синнашон 27-29 сол буду қаддашон ҳудуди 1 метр беш на (ақлашон низ нуқс дошт!), барои саҳҳеҳияти нафақаи маълулӣ ба пойтахт, барои ташхис омада буданду 100 дареғ духтуре онҳоро «сиҳҳат» баровард!!! Парадокс? Оре, аммо факт! Танҳо баъди шикваи волидайн ба редаксия ва дахолати газетаи мардумӣ, ин маъюбон «добро»-и «пенсия» гирифтанд. Маро ашк дар чашм ҳалқа зад, вақте яке аз ин маъюбон, ки Лангарӣ ном доштааст, гуфт:
-Ака, аз нафақаи якумам ба шумо 1 ҳиндук мехарам!!!
Мо ҳатто маъюбу маълулонро порате кардаем. Куҷо равонае(д)м, эй мардум???
Давлати пирӣ…Беҳтарин дуои Тоҷик ҳам ин аст, ки «Худо Давлати пирӣ насибат гардад!». Вале бо ин нафақаи ночиз ва саргардонӣ оё мешавад умуман ба пирӣ расид? Дуруст аст, ки бархе коре накардаву ба нафақа мебароянд ва маоши бознишастагияшон низ бояд ночиз бошад. Ва аммо афроде, ки барои Ватан хидмат кардаанд, шӯҳрати Миллатро дар ақсои олам бардоштаанд, оё ҳуқуқи рондани Давлати Пирӣ надоранд?
26.02.2019. Соат ба вақти ТВ Синамо 08:22 дақиқа. Аз ин шабака филми ҷонгудози «Зане аз раҳи дур», бо ширкати Ирина Калиновскаяи паричеҳра ва Ҳошим Гадоеви беамсол мерафту маро дигар манзара пеши чашм омад. Мактуби Ҳошим Гадо барои каме ҳам бошад зиёд кардани нафақааш. Нома ба русист ва ҷоиз медонам порае аз онро ба забони асл ин ҷо биорам. Зеро бовар дорам, дар сатҳи болоии давлат аз ҳоли зори Артисти халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи В.И.Ленин, Ҳ.Гадоев иттилои дуруст надоранд. Вагарна ҳунарманд ин мактубро наменавишт…
«Я, Хошим Гадоев, имею стаж работы в театре и кино более 60 лет, а также имею 40-летний стаж (с перерывами) педагогической деятельности в Институте искусств им. М. Турсунзаде. В театре и кино мною созданы 70 главных ролей и около 30 режиссерских постановок. Всю жизнь я верой и правдой работал во благо Таджикского народа… Скоро мне исполнится 82 года. Я получаю мизерную пенсию, я одинок и не имею ниоткуда материальной помощи… Для сравнения, мои коллеги в России со званием Народных артистов СССР получают в 100 раз больше пенсию, чем я, а я  вынужден бедствовать. И вот уже более 20-лет я не могу восстановить справедливость создавшегося положения»…
Воқеан ҳам Ирина Борисовна Калиновская Артисти халқии СССР ва барандаи Мукофоти Ленин нест, аммо зиндагонии шоистае дорад дар Маскав ва нафақаи баланд мегирад, маоше, ки Гадоев онро орзӯ ҳам карда набитвонад. Масъулини муҳтарам, агар Ҳошим Гадоев низ дасти оз сӯи Маскав дароз кардаву рафта нафақаашро «туғрӣ» кунад, айбу шарм намешавад?
Тамомии мардуми олам барои он ба Ватан содиқона хидмат мекунанд, ки дар пиронсолӣ нафақаи шоиста бар зиндагонӣ бигиранду давлати пирӣ ронанд! Оё шумо ба пирӣ намерасед, а, масъулини соҳа???
Ба ҳоли пир механдӣ? Маханд охир!
Ба пирӣ ҳам расидан кори осон нест!!!
Ин аллакай классика аст: Ашӯр Сафар…ва мавзуъи дигар…
Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар