ХАБАРИ ДОҒ

Шарипов ба суд шикоят кунад

  • Чоршанбе, Март 06 2019


Прокуратураи н.Ёвон «Ба ҳақиқати заминӣ бовар дорам» (СССР, №52(537), 27.12.2018) ном матлабро мавриди баррасӣ қарор дод. Қаблан муроҷиатҳои сокини ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов, деҳаи Озодӣ Шарипов Нодир вобаста ба муаммоҳои доштааш оид ба замин ва кирдорҳои ғайриқонунии собиқ муҳандис-заминсози ҷамоат Саидмуродов З.-ро мавриди санҷиш қарор дода будем. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки Шарипов дар суроғаи номбурда бо аҳли оилааш истиқомат карда, тибқи сертификати ҳуқуқи истифодаи замини дараҷаи А№0107310 аз 5.01.2018 масоҳати замини наздиҳавлигии ӯ 0,41 га аст. Қабл аз с.2014 масоҳати замини наздиҳавлигии ӯ дар китоби хоҷагидории ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов 0,29 га нишон дода шуда, маблағи андози замини он 22,46 сомониро ташкил медод. С.2013 аз тарафи Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо»-и Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ баҳисобгирии заминҳои маҳалли аҳолинишини ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов (аз ҷумла, деҳаи Озодӣ) гузаронида шуда, тибқи натиҷаи он масоҳати замини ӯ бо сабабҳои ноаён 8272 м2 нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, аз с.2014 оғоз карда минбаъд аз ҷониби кормандони ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов аз Шарипов маблағи андози замин тибқи натиҷаи баҳисобгирии заминҳо талаб карда шудааст. Аммо бинобар норозигии ӯ оид ба натиҷаи баҳисобгирии замини наздиҳавлигиаш декабри с.2017 аз сӯи кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и н.Ёвон масоҳати замини наздиҳавлигии ӯ такроран санҷида, муайян карда шудааст, ки воқеан масоҳати замини наздиҳавлигии Шарипов 0,41 га аст. Аз ин рӯ, минбаъд аз ӯ маблағи андозаи замин аз рӯи натиҷаи ченаки такрорӣ талаб карда шудааст... Ҳамзамон, аз натиҷаи санҷиши ариза ба муаллифи он хабар дода, фаҳмонида шуд, ки ӯ метавонад оид ба расонидани зарари маънавӣ аз ҷониби Саидмуродов ба суди н.Ёвон муроҷиат кунад.

Амирзода Д.Р.,
Прокурори н.Ёвон, мушовири адлияи дараҷаи 2

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter