ХАБАРИ ДОҒ
Принт

Кӣ ҳақ аст: Кенҷаев, ё Квачков?

  • Чоршанбе, Март 13 2019


Узви Ихвон-ал-СССР, Анӯшервон Саидов, донишҷӯи курси 5-и факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи давлатии Кӯлоб (тел: 999 99 89 99) бо газетаи мардумии СССР дар тамос шудаву гуфт, ки дар шумораи гузаштаи СССР матлаберо бо номи «Квачков-муассиси Фронти халқӣ озод шуд» хондам. Бо ин чӣ гуфтаниям? Сафаралӣ Кенҷаев дар «Табаддулоти Тоҷикистон» (китоби 3-ҷилдааш) даъво дорад, ки «ман Фронти Халқиро дар зодгоҳам, ноҳияи Айнӣ ҳамроҳи чанд дӯстону ҳамфикрон таъсис додам!!!» Аммо Квачков низ қатъан муддаист, ки Фронти халқиро маҳз ӯ таъсис додааст. Пас ба кӣ бовар кунем: Квачков, ё Кенҷаев? Яке зиндаву дигаре мурда! Ва дар охир 1 хоҳиш дорам: 30 марти соли 1993 бобои Сангак Сафаров ҳамроҳи писархондаш Файзалӣ Саидов дар 1 «совхоз»-и шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба таври мармуз кушта шуданд. Мехоҳам дар ин бора такроран нависед, вале бо факту рақамҳои навтарин!!!
Аз СССР: Ҳамчунин, Иброҳими Исмоил-яке аз сарлашкарони Фронти Халқӣ аз шаҳри Кӯлоб бо газетаи СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки ба ман рақами телефони мобилии Владимир Квачков лозим. Зеро 1-2 гапи муҳиме барояш дорам. Дар маҷмуъ, мақолаи «Квачков-муассиси ФХ…» хуб асту хонданӣ ва дар ин боб қиссаву гапҳои зиёди ногуфта зиёд аст ва бояд гуфт! Агар хоҳед, шумо ба ш.Кӯлоб биёед, муфассал қисса мекунам то  чопаш кунед! Ман шуморо ҳамеша интизор!!!
Аз Шаҳрзоди Амин: Ҳам дар бораи қатли Сангаку Файзалӣ ва ҳам перомуни воқеияти иддаои Квачков дар шумораҳои оянда ҳатмани ҳатман бо далелҳо ва ривояти шоҳидон хоҳем навишт! Ва ҳам мекӯшем, ки сари суҳбат бо Иброҳими Исмоил расида бошем!!!

Китобҳо

Flag Counter