ХАБАРИ ДОҒ

“Муассис”-и Фронти Халқӣ озод шуд...

  • Чоршанбе, Март 13 2019

 

Полковник Владимир Квачкови 71-сола, фармондеҳи собиқи бригадаи 15-уми спетснази ГРУ (Главное разведывательное управление) дар ҳавзаи низомии Туркистон, ки 18.08.2017 ба 1,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, рӯзи 19.02.2019 аз маҳбаси Мордовия озод шуд…

Квачкови ГРУ-шник кист?
Владимир Василевич Квачков-полковники ГРУ, собиқ фармондеҳи бригадаи 15-уми нерӯҳои таъиноти махсус (спецназ)-и ГРУи округи ҳарбии Туркистон, 5.08.1948 дар рустои “Краскино”-и кишвари Приморски Русия ба дунё омадааст. Ӯ, ба гуфтаи худаш, с.1992 дар раъси бригадаи таҳти фармонаш ба амалиётҳои низомии Фронти Халқӣ дар Тоҷикистон сарварӣ мекард. Амалиёти фатҳи Душанбе аз ҷониби нерӯҳои Фронти Халқӣ, десанти ҳавоӣ ба Ғарм дар моҳи феврали с.1993 ба иддаои Квачков маҳсули тарроҳии ӯ ва гурӯҳи таҳти фармонаш ба шумор мераванд. Воқеан ҳам ин бебарортарин амалиёт дар ҷанги гражданӣ буд, ки тамомии десант ба доми ИНОТ (ОТО) афтиду аксарият кушта шуд. Квачков баъди баромадан ба нафақа ба сафи мухолифини низоми имрӯзаи Русия даромад ва с.2005 ӯро ба иттиҳоми суиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс-раиси РАО ЕЭСи ин кишвар ба ҳабс гирифтанд. С.2008 суди Русия Квачковро сафед кард, аммо с.2010 ӯро дубора ба ҳабс гирифтанд ва ин бор полковник ба ташкили ошӯби мусаллаҳона муттаҳам шуд ва билохира, с.2013 ба мӯҳлати 8 сол ӯро ба зиндон партофтанд.
Квачков дар яке аз мусоҳибаҳояш, перомуни ширкаташ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иддаъо мекунад, ки маҳз ӯ ва нерӯҳои таҳти фармонаш с.1992 Фронти Халқии Тоҷикистонро таъсис додаанд. Инчунин даъво дорад, ки маҳз ӯ аз миёни номзадии бисёриҳо Сангак Сафаровро интихоб намуд. Ба қавли ӯ: "Сангак бисёр ба нависандаи маъруфи амрикоӣ Эрнест Хемингуэй шабоҳат дошт ва аз ин хотир мо тахаллусашро "Хеми" гузошта будем".
Ҳарчанд дар даст доштани нерӯҳои беруна дар ҷанги бародаркуш шак надорем, вале 1 нукта муҳим аст: Фронти халқӣ ба таври стихиявӣ ба миён омад ва Сангак низ дар 1-2 рӯз не,  дар тӯли 63 соли умр, ки бо ҷавонмардиву ҷасуриву ғурурмандӣ ном бароварда буд, лидери стихиявии ин ниҳод гардид. Ҳоло таъсисдиҳандаи аслии Фронти халқӣ-полковник Исмоил Иброҳим зинда аст ва мо умед дорем, ки ҳақиқати ҳолро ба мо қисса хоҳад кард. Мо метавонем!

Оғози амалиёти “инқилоб”
Дар зер матни комили сӯҳбати Квачковро дар бораи ҷанги граждании Тоҷикистон дар солҳои 1992-97, пешкаши ту, хонандаи ин сутур  мегардонем. Хотиррас мешавем, ки дар кулуарҳои сиёсати бузурги Русия Квачковро чун “Қотили Тоҷикон” мешиносанд:
-Бригадаи 15-уми ГРУ, ки ман ба он фармондеҳӣ мекардам, яке аз иштирокчиёни бевоситаи инқилоб дар Тоҷикистон шуд. Ман 1 асрори махфиеро барои шумо ошкор мекунам. Сирре, ки шояд 20 сол пеш намегуфтам. Он замон 1 фармони махфие таҳти унвони " Роҳбарӣ оид ба истифодаи ҷангии қисмҳо ва воҳидҳои таъиноти махсус" вуҷуд дошт. Дар ин фармон гуфта мешуд, ки ғайр аз вазифаи пиёдасозии амалиётҳои ҷосусӣ-тахрибӣ, ба зиммаи бригада инчунин таъсис, тайёрӣ, кӯмак ва раҳнамоии самти фаъолияти дастаҳои партизанӣ ва дигар нерӯҳои миллӣ-озодихоҳӣ вогузор гардад. Ин амалиётҳо мебоист дар доираи манофеи амалиётҳои Артиши шӯравӣ ё дар маҷмӯъ, манофеи Иттиҳоди Шӯравӣ сурат мегирифтанд. Ба ин мақсад моҳи августи с.1992 маро шабона ба ВИП-зали 1 фурудгоҳ фиристоданд. Он ҷо намояндагони Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо ҳузур доштанд. Дар нишаст қарор дода шуд, ки дар Тоҷикистон низоми зидди русии исломгароёни ифротӣ сарнагун карда шавад. Ба ман пешниҳод шуд, ки фармондеҳии дивизияи 201-и Русияро ба зимма гирам. Бригадаи 15-уми нерӯи вежаи ГРУро ҳам таҳти фармони ман боқӣ гузоштанд. Вазифадор шудам, бо нерӯҳои дивизияи 201 ва бригадаи 15-и таъиноти махсуси ГРУ низомии исломиро дар Тоҷикистон сарнагун ва низоми нави русгароро барқарор кунам. Аз ман суол карданд, ки оё дар иҷрои ин супориш мушкилоте ҳаст?  Ман барои пиёда кардани амалиёт 3 моҳ муҳлат хостам.

Дар ҷустуҷӯи Сангак
Мушкилоти аввал ҷустуҷӯи номзад бар лидери ин ҷанг гардид. Дар оғоз ёфтани одами даркорӣ дар Тоҷикистон бисёр мушкил буд. Ҳангоми аввалин дидорам аз Қурғонтеппа, ба ман вазифа гузошта шуда буд, ки роҳбари Фронти Халқиро интихоб ва таъйин кунам. Номзадеро интихоб кунам, ки барои роҳбарӣ мувофиқ бошад. Он замон ёд дорам, ба ман номзадии раиси парлумонро муаррифӣ карданд. Ӯ дар кадом н.Кӯлоб пинҳон шуда буд (манзурам Сафаралӣ Кенҷаев аст). Инчунин чанд котиби аввали обкомҳои собиқи Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ низ буданд, аммо инҳо ҳеҷ кадом лаёқати роҳбарӣ надоштанд. Котиби аввали Ҳизиб коммунист низ нашуд! Ӯ мисли замони рукуд ва бо хусусиятҳои маҳалгароӣ ном дошт. Ман бо ин афрод чанд рӯз вохӯрдам. Бо онҳо сӯҳбат доштам, инҳо ё солхӯрдагони таназзулёфтаеро мемонданд, ё комилан фармонбардор буданд. Ҳар чи аз боло дастур диҳанд, мисли даврони СССР иҷро мекунанд. Ҳеҷ ихтиёре аз худ надоранд. Ман бояд субҳ парвоз мекардам ва шаб бо Женя Меркулов-командири полки 191 нишаста будам. Ба ӯ гуфтам, ки чи кор мекунем? Ана, ман 4-5 номзадро номнавис кардаам, аммо ҳеҷ кадом аз инҳо миёни мардум маъруфияте надорад. Меркулов гуфт, чаро? Авторитет ҳаст-ку. Ман пурсидам, ки “кист он?” “Ана Сангак Сафаров” гуфт ӯ. Пас чаро нагуфтӣ? Охир ӯ 23 сол дар зиндон буд. Ман чи гуна метавонам ӯро пешниҳод кунам?  Фикр кардам, биё, 1 бор ин одамро аз наздик бубинам.

Сӯҳбат бо Сангак
Ёд дорам, тақрибан соатҳои 1-и шаб дар авохири моҳи август ё аввали моҳи сентябр, дар кушода шуд ва одаме ворид гашт, ки сахт ба Эрнест Хемингуэй- нависандаи маъруф шабоҳат дошт. Баъдҳо ҳам тахаллусаш "Хемӣ" боқӣ монд. Вақте Сангак ба ҳарф задан даромад, чунин эҳсос кардам, ки одами шӯравитар аз ӯ, дар мафҳуми хуби ин калима, шахси доно ва боирода шояд вуҷуд надошта бошад! Ман бо ӯ чанд соат сӯҳбат кардам ва фаҳмидам, ки ин шахс ҳамонест, ки мо дунболаш мегардем. Баъди сӯҳбат бо ман Сангак фаҳмид, ки аз қафоям нерӯи ҷиддӣ қарор дорад ва ин суханбозии навбатӣ нест. Ӯ розӣ шуд, вале ҳамсоякишварҳоро низ бояд розӣ мекардам... Хуллас, новобаста аз гузаштаи Сангак, ба номзадии ӯ розӣ шуданд. Сангак бори аввал баъди бетартибӣ ба зиндон афтидаву дар ҳимоя аз нангу номусаш чанд нафарро ҳатто он ҷо кушта буд. Ҳамин тавр, 22 сол зиндонӣ шуд (23 сол-ред). Бисёр вақт одамон интизори пешвоянд. Аммо дар ҳолати лозима пешво худаш пайдо мешавад, ҳамон гуна, ки дар Тоҷикистон иттифоқ уфтод.

Таъсиси Фронти халқӣ
Баъди ин ташкилдиҳии дастаҳои Фронти халқӣ оғоз гардид. Ин дастаҳо пеш аз ҳама дар навоҳии дуртар аз Душанбе, дар Қурғонтеппа ва Кӯлоб таъсис дода шуданд. Ман ёд дорам, дар Кӯлоб дастае таҳти фармони ҷонишини Кумитаи варзиши вилоятӣ хеле бо муваффақият фаъолият мекард. Ин фармондеҳ миллаташ рус буд ва Саша ё Сергей ном дошт (Сашка аслан модараш рус буду падараш Тоҷик, аммо русӣ хуб ҳарф мезад-ред). Баъди ин корҳо мо ба самти Душанбе ҳаракат намудем. Ба ҳуҷуми аввал гузаштем. Аммо он чандон муваффақ набуд. Марҳилаи 2-уми ворид шудан ба Душанбе ва барқарории ҳокимияти халқӣ, ба ибораи дигар, русгаро ба шумор мерафт.  Ва марҳилаи 3-ум, вақте "вовчикҳо" ба кӯҳҳо ақиб нишастанд, торумори онҳо дар он манотиқ. Ин амалиёт то моҳи феврали с.1993 идома дошт. Баъд ҷонишини вазири мудофиаи Тоҷикистон Александр Чубаров таъин шуд ва дигар ӯ мухолифинро дар кӯҳҳо таъқиб мекард...”.

Китобати Шаҳрзоди Амин

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter