ХАБАРИ ДОҒ


Ҳукумати Тоҷикистон риск дорад, ки аслан бе органи чопӣ монад. Сухан сари на танҳо матбуоти ба масал ҳукумативу давлатист: Воқеан ҳам, аҷиб нест, ки чиновникҳои тамомии корхонаҳои бузург, заводу фабрика, колхозу совхозҳоро шахсикарда ба матбуоти шахсӣ бо шубҳа нигаранд? Марҳамат, мо-муассисону муҳаррирони матбуоти шахсӣ, ки газетаву маҷаллаҳоро бо пули худ ва дар ҷои холӣ сохтаем (ягон рӯзномаву журнали ҳукуматиро касе шахсӣ накардааст, мисли корхонаҳои саноатӣ ва колхозу совхозҳои давлатӣ) омодаем, дар сурати баргардонидани фабрикаву заводу заминҳои кишоварзӣ ба Давлати Тоҷикон, расонаҳои худро низ ройгон ба Давлат тақдим кунем!
Вале оё элитаи иқтисодӣ ва мардони сарватманд омодаанд, ки ақаллан заводу фабрикаҳои муфлискардаашонро ба Давлат баргардонанд? Суоли матраҳ аст, албатта. Зимнан, то сари тавофуқ омадани элитаи сарват, ки автоматӣ элитаи сиёсӣ низ ҳаст, пешниҳод мекардам, ки ба матбуоти шахсӣ бо шубҳа нанигаранд. Дуруст аст, ки мо камбуд дорем. Вале чӣ камбудӣ? Фошсозии «казнокрад»-ҳо ва чинҳои тасодуфӣ. Чизе, ки ҳамакнун дар сатҳи давлат пайваста садо медиҳад.
Давлат имрӯз пеши дилемма қарор дорад, ё тоқати матбуоти шахсӣ ва ё соле чанд ба баъд ва мутаассуф ин рӯз қарибтар мегардад, тоқат кардани матбуоти хориҷӣ, ки ҳатман бо Тоҷикӣ низ нашр хоҳад шуд. Фикр накунед, ки Сайёф фантазия мекунад. Матбуоти ғайриватанӣ ба забони Тоҷикӣ аллакай дар равуост. Имрӯз дар шакли электронӣ, фардо ҳатман чун «листовка» ва сипас газетаву журнал дастраси мардум мегардад. Ещё как мегардад. Мисле, ки дар қораи араб пайдо шудааст…
Зимнан, Давлат барои ҳифзи машинаи таблиғотии миллӣ, яъне матбуоти шахсиву ҳукуматӣ ҳатман бояд субсидия-кӯмакпӯлиҳо ҷудо кунад. Манзури ман пул кандан аз Давлат нест! Ин андеша баъди умқан омӯхтани матбуоти Аврупо ва Амрико таваллуд шудааст. Ба гунаи мисол, сарватмандтарин давлати Аврупо-Шведсия барои ҳифзи матбуот (он ҷо нашрияи давлатӣ аслан нест!) 70% субсидия ҷудо мекунад. Яъне 70% хароҷоти газетаҳои шведиро Давлати Шведсия бар дӯш дорад. Ва медонед чаро? Мақомоти расмии Стокголм бар назар аст, ки мардуми Шведсия зери таъсири амиқи матбуоти англисӣ ва немисӣ мондаанд.
Англия ва Олмон душмани Шведсия нест. Мисле, ки Русия ва Қирғизистон душмани мо нест. Аммо, мегӯянд, шведҳо ва аз Уинстон Черчилл масал меоранд, «Англия дӯсту душмани абадӣ надорад-Англия манфиатҳои абадӣ дорад!». Ва ин ки масалан Русия дӯстии абадӣ надорад, дар набарди иттилоотии Маскаву Киев кайҳо исботи худро ёфтаасту мо «Дарахти дӯстӣ» шинонда гаштаем…
Вале агар бо ҳамин раванде, ки журналистикаи Тоҷик меравад, рӯзе Давлат миллиардҳо сомонӣ низ ҷудо кунад, дер мешавад; агар нашудааст. Зеро журналистикаи мо…пир шудааст! Чанде қабл сардабири нашрияи расмие муроҷеъ шуд, ки «Ба ман журналисти пухтакоре ёбед!». Гуфтам, мутаассуф, ҷавонҳо каманд, ки табассуми ҳазине карду гуфт: «Барои мо 50 солааш ҳам мешавад!». Ва ман ҳамакнун дарёфтам, ки мо ҳатто журналисти хуби 50 сола низ кам дорем!
Журналистикаи мо, мутаассуф, солхӯрда шудааст, эй мардум. Тиражи нашрияҳои хусусӣ чаро меафтад? Ба мардум чизи нав, каси нав, газетаи нав, матлаби нав, имзои нав лозим аст; зимнан мардум моро намехонад.
Газетаҳои, ба масал, давлатӣ бо тиражи 15-30 ҳазор мебароянду касе намепурсад, ки онҳоро касе мехонад, ё на? Обунаи иҷборӣ, ки кадом идеологи дақюнусӣ фикр карда баровардааст, аслан Тоҷикистонро аз матбуот дилсард кард! Ана ҳамин горе-идеологро бояд ёфту 2 млн сол суд кард! Зеро мардум аз газета дур, ки шуд, аз идеология дур мегардад. Дигар автоматика аст: аз идеология, ки дур шуд аз давлату миллату ҳукумат дур мешавад! Акнун дарк кардед, ки сабаби асливу усулии ба идеологияҳои бегонаи ҷангҷӯёнаи таассубгароён печидани ҷавонон ин обунаи маҷбурист?!
…Дигаронро намедонам, аммо ман ба худам ҳам дилбазан шудаам! Ин нуктаро боре Сафват Бурҳонов бо эҳсос гуфта буду ман розиям зери он имзо гузорам. Чанд мешавад, СМ, СБ, ХА, РМ ва дигаронро хонду хонду хонд? Чаро нест ҷавоне, ки моро таҳрик диҳад, ба мо фаҳмонад, ки ҷои шумо танг шудааст?
Солҳои шӯравӣ дар РСС Тоҷикистон ҳамагӣ 1 шӯъбачаи журналистика дар назди кафедраи фолклор буд. Вале ҳар сол 20-25 журналист мебаровард! Имрӯз даҳҳо факулта, садҳо дипломи журналистика медиҳанд. Вале ку журналисте???
Иди касбӣ муборак… Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter