ХАБАРИ ДОҒ

Хуни худро гар бирезӣ бар замин,
Беҳ, ки оби рӯй резӣ дар канор…
Наврӯзи инсолаи моро хунолуда карданд. Қирғизҳо!!! Албатта, на ҳама миллатро дар назар дорам. Зеро ин миллати бузург афроди вораста, шахсиятҳои фарҳехта, маданӣ, фарҳангӣ ва ботамиз кам надорад. Ва аммо тибқи масали «1 гови касалу подаи шикамрав»…имрӯз чанд асолатбохтае, ки дар хунашон сар аз табаддулоти давлатии Қурмонбек Боқиев ва таназзули Аскар Акаев, инқилоб, беспредел, хаос ва вандализм ҷӯш мезанад, миллати қирғизро бадном кардаанд!
Беҳтарину хуштарин даврони қирғизҳо маҳз ба раёсати Аскар Акаев рост меояд. Дар он солҳои барои давлату миллати мо мулҳик қирғизҳо ҳамеша сӯи кишвари мо назари нек ва дӯстона доштанд. Акаевро лжедемократия афганд ва бо ҳамин қирғиз ба шӯру ошӯб фурӯ рафт. Имрӯз чанд бедаҳанаке, ки Бишкекро «ҷазираи озодӣ» ва «демократия» дар ОМ меноманд, магар намебинанд, хаосу анархия дар ин кишвар ҳукмрон аст? Агар ҳамин аст ҷазираи озодӣ, пас маҳбас аз он хубтар аст!!! Зеро сокинони ин ҷазираи озодӣ бо усули демократӣ сари чанд президенту кабинети вазиронро хӯрданд. Хуни ҳамдигариро чунон рехтанд дар ин инқилобҳои ба ном рангин, ки то қиёмат шуста нагарданд.
Рӯиҳамрафта, «демократияи қирғизӣ» ба фашизми қирғизӣ овард. Ин қирғизҳо буданд, ки дар вилояти Ош ҳазорон ӯзбектаборро сар заданду куштанду парронданд, садҳо ҳазорро аз ватани бобоияшон пеш карданд, садҳо деҳу қасабаро хароб карданд, ҳазорон хонаро оташ заданд… Ва демократияи қирғизӣ 1 нафарро ҳам ба ҷавобгарӣ накашид. «Озодии сухани қирғизӣ» ин амали фашистонаро, ки хонасӯзии яҳудонро аз сӯи Адолф Гитлер ба назар меовард, маҳкум накард…
Имрӯз маҳз ана ҳамин «демократияи қирғизӣ», ки дар асл фашизми қирғизист, ба Тоҷикистон тохт кардаву Тоҷиконро дар деҳоти бобоӣ, хонаҳои худашон, Ватани худашон куштан дорад. Забони дузду ғар дароз аст. Расонаҳои фашистмаоби қирғизӣ бошанд, боз моро муттаҳам кардаву аз миллати бузурги қирғиз (хонда шавад фашистони қирғиз) даъват ба амал меоранд, ки барои ҳифзи марзу буми ватан сӯи Исфара раванд…
Хаоси қирғизӣ ҳамон рӯз ба авҷи волояш расид, ки 1 мӯсафеди ба гуфтаи Бобои Ғулом «паъати беақл»-е байни мардум президенти кунунияшонро, моҳи гузашта, шаппотие фуровард…
Дар Қирғизистон умуман масъуле, вазире, кабире нест, ки бо ӯ гуфтушунуфт кард. Кадом Мама-Розае, ки худро раиси ҷамоат эълон кардааст, бар рӯи ҳокими вилоят метавонад туф андозад. Ин кампирак бизнеси худашро дорад. Ягон вазир, ҳатто раҳбари дохилаву мудофиаи худро гӯш намекунанд!!! Чӣ расад ба вузаро, агар президентро лату кӯб месозад ин фашизм?
Пас роҳи раҳоӣ дар чист? Марзро мустаҳкам бояд карду ба дасти деҳотиён силоҳи шикорияшонро бозгардонид. Бовар кунед, ба ҷангу хунрезӣ даъват намекунам, вале то Тоҷик санг дораду қирғиз камон, масъала ҳаллу фасл намешавад ва нахоҳад шуд!
Ва баргардонии силоҳ ба мардум ба ҳама деҳоти марзшин, сар аз Дашти Ҷуми Кӯлоб, то Регару Конибодому Панҷакент дахл дорад! Мардум то силоҳ надорад, марзи номусашро таҷовуз мекунанд-афғон, ӯзбек, қирғиз, урус, туркман ва ҳама!!!
Дар охир мехостам 1 нуктаро қайд кунам. Сафват Бурҳонов дӯсти ман бисёр хуб навиштааст, ки «рӯи ту барин муҷоҳиди чоркӯҳиро сияҳ, ки ДИИШ рафта ҷанг куниву деҳаатро валангор созанду кушанду тозанд, хапп бошӣ… Ҷиҳод ин ҷост ва ҷиҳод танҳо бо саллаву нидои Аллоҳу Акбар нест!!! Ҷиҳод дифоъ аз марзу буми бобоист»…
Наврӯзат фирӯз бод, хонандаи ман ва бовар кун, ки ягон террористу перрорист Наврӯзи Тоҷиконро халалдор карда набитвонад. Мо ҳастем! Ва мо намегузорем дасти таҷовузкоре сӯи ин ватан дароз гардад.
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter