ХАБАРИ ДОҒ


Нурсултон Назарбоев кӯҳантарин президенти қораи Осиёи Миёна ва пасошӯравӣ, хирадмандтарин ва пуртамкинтарин сиёсатмадор истеъфо рафт. Ӯ бо худ ЭПОХАеро бурд.
19.03.19, соати 19:00 дақиқа… Шояд аҳамият надодед, аммо ӯ маҳз 3 карат 19-ро интихоб кардаву истеъфо дод:
19х3=57
Вале агар 3 рақами ахириро бигирем, мешавад 27:
9х3=27
Ин ҷо рамзе ниҳон аст, ки шояд бидуни худи Нурсултон Абишевич касе надонад. Аз ин арқом танҳо ҳамон танзи Фирдавсӣ перомуни Маҳмудаки Ғазнавӣ ёдам меояд, ки;
Кафи шоҳ Маҳмуди кишваркушой
9 андар 9 омад, 3 андар чаҳор…
Ин муамморо низ то ҳанӯз касе накшодааст.
Ва аммо баргардем, сари истеъфои Назарбоев. Таври маълум дар кишварҳои пасошӯравӣ ин нодиртарин корест. Ин ҷо ё мефавтиданд, мисли Туркманбошиву Каримов… ва ё инқилобҳо меафгандашон, ба амсоли Акаеву Янукович…
Истеъфои ахирӣ, ки ба таҳаввулоту табаддулоту инқилобу хунрезӣ оварда буд, истеъфои Борис Елтсини майзада шуд, ки ӯ низ мисли Назарбоев, ба таври ногаҳонӣ, дар арафаи соли нави 1999 бадар рафт. 31.12.1999 истеъфои Борис садо дод… Ин ҷо низ 3 адад 9 аст. Аҳамият додӣ хонанда: соли ҳазору 999:
9х3=27
Путин кай сари қудрат омад? Соли 1999. «Чёрт побери!». Боз:
9х3=27
ВВП Русияро дар кӯтоҳмуддат ба 1 кишвари қавӣ табдил дода, хаоси елтсиниро решакан намуд. Вале баъдан Русия ба коми даҳшати фашизми маҳаллӣ кӯчид. Маҳз дар даврони ВВП Чеченистон ба хок яксон шуду дар кӯчаҳои Маскаву Ленинград тоссарҳо каллаи ғайриурус, ба вежа, Тоҷиконро мебурриданд. Садҳо «Гроб-200» факту рақамест, ки рӯзе не рӯзе Кремл ба онҳо посух мегӯяд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Кремл рӯ тофтааст. Зеро сиёсати фашистӣ ахиран ба аннексияи Қрим овард. Ин мо-Тоҷикон бовар дорем, ки Қрим 1 ҷумҳурии мухтор худаш ба Русия пайваст. Зеро зери таблиғу ташвиқи расонаҳои русӣ қарор дорем. Дигар касе бовар надорад ба ин «пайвастшавӣ». Ҳатто Батко Лукашенко…
Воқеан ҳам баъди Назарбоев дарозумртарин президенти СНГ маҳз Лукашенко шуд. Лукашенкое, ки ҳамакнун, баъди аннексияи Қрим аз Кремл рӯ тофтаву майл ба Ғарбу Амрико дорад. ”Батко” аз 20.07.1994 сарварии Белорусро бар дӯш дорад ва бо Тоҷикон хеле муносибати ҳасана!!! Агар бар арқом бингарем, ин ҷо низ 3 карат 9 пайдо мекунем:
2+7=9 ва 2 дона 9-и дигар аз сол…
9х3=27…
Ҳам Назарбоев ва ҳам Лукашенко дар тӯли ин қадар сол ЯГОН мушкилие бо мо-Тоҷикон надоштанд ва аз президенти мо сахт арҷ мегузоштанд. Метавон гуфт, дӯсти наздик буданд. Дар бархе сафарҳои давлатӣ, ки муяссарам шудааст, бо чашми сар дидаам, ки онҳо ба ҳам муҳаббати вежа доштанд. Аз миёни тамомии сарварони СНГ метавон гуфт, ки Нурсултан Абишевич ва Александр Григоревич ба Тоҷикистон бештар меҳр доштанд. Албатта, солҳое дар назар аст, ки дӯсти имрӯзаи мо-Шавкат Мирзиёев сари қудрат набуданд, вале ин тамоман мавзуъи дигар аст…
Бо ин ҳама, вақте ки Тавонмардоне мисли Назарбоев мераванд, сиёсат каладав мехӯрад. Ҳоло маълум нест, ки Тоқаев кисту чигуна нафас мекашад ва муносиботи ӯ бо кишвари мо чигуна мешавад. Худо кунад, ки мисли Мирзиёев бошад. Ва аммо ба гуфти Черчилли нотакрор:
«Сиёсат дӯстиву душмании абадӣ надорад!»: сиёсат манфиати абадӣ дорад ва он ҳам ҳифзи манофеи миллат. Зимнан, мо бояд ба умеди касеву чизе нашуда, атрофи ҳукумати марказӣ зичтар пайваст гардем ва дар олами кунунӣ, ки кишварҳо мисли пуфак кафида нест шуда истодаанд (арабҳоро бинед!), марзу буми реаливу виртуалии хешро ҳифз кунем. Ва ҳам мекунем. Зеро Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter