ХАБАРИ ДОҒ

Нуриҳои азотии Вахш чӣ ҳол дорад?

  • Чоршанбе, Апр 03 2019


Порсол чандин бор тариқи ТВҳои кишвар хушхабаре эълон намуданд, ки ким-кадом ширкати хитоӣ сохтмон ва навсозии беҳтарин ва боманфиаттарин корхонаи асри гузашта-ТоҷикАзоти н.Вахшро ба зима гирифта, корро оғоз кардааст. Аз байн 1 сол гузашт, аммо аз ин завод хабаре нест! Бояд гуфт, ки асри 20 ш.Қурғонтеппа нисбат ба ш.Кӯлоб бештар саноати тараққикарда дошт. С.1971 ҳини дар Техникуми хоҷагии қишлоқи ордени Лениндори ба номи В.В.Куйбышев, дар курси 3 таҳсил кардан, моро дар машғулиятҳои амалӣ ба заводҳои трансформаторбарорӣ, ГЭСи Сарбанд, заводи равған ва заводи азотии Вахш мебурданд. Заводи азотии Вахш он солҳо яке аз навтарин ва манфиатовартарин макон буд. Ман аз истеҳсоли чанд намуди нуриҳои минералии ин корхона тамошо намуда, ифтихор аз он мекардам, ки кишвари ман чунин корхонаҳои бузурги саноатиро дорост ва маҳсулоташ дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ харидор дошт. Ҳоло чӣ?! Дар Тоҷикистон с.2018 нархи 1 қопча селитра, карбамид, фосфор… аз 220 сомонӣ боло рафт. Қимати 1 халта нитроаммофоска бошад ба 300 сомонӣ хеста буд. Лек ҳоло ҳам маълум нест, ин корхонаи азотӣ кай ба кор медарояд. Агар ин завод ба воситаи энергияи сабз ба кор дароварда шавад, нуран алонур хоҳад шуд.

Ҷаббор Раҷабов,
мухбири мардумии СССР, ш.Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter