ХАБАРИ ДОҒ


Матлаби “ЗАГС”-и Қубодиён аз ман чӣ мехоҳад?” (СССР, №4(541), 4.01.2019) Қубодиёнро бори дигар сархати хабарҳо кард. Аминам, ки бархе аз заифии муаллиф Уғулой Бобоева истифода кардаанд. Ҳини баррасии ин матлаб бо иштироки фаолон-раиси маҳаллаи Чорбоғ, ҷамоати деҳоти И.Ниёзов (мавзеи зисташ), мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИҲДи ноҳия, муаллифи матлаб низ бевосита даъват шуда, ширкат кард. Бо пурсишҳо ӯ бо ҳасрату пушаймонӣ ва бо ашк посух дод, ки 1 мард аз н.Шаҳритус ё шояд аз н.Қубодиён арзи ӯро рӯи коғаз овардааст. Ба ин суол, ки чаро ба мақомот, ба раиси ноҳия, ё ба мудири бахши занон муроҷиат накардӣ, гуфт, ки ба ин масъала сарфаҳм нарафтааст. Аён буд, ки мудири САҲШ Бахтиёр Қурбонзода, ки забони ӯзбекиро намедонад, бо ин зани узбектабор ҳеҷ муомилаву гуфтугӯ дар мавриди маблағ назадааст. Бобоева бо дағаливу тундзабонӣ ва суханҳои қабеҳи худ, ки нисбати кормандони САҲШ раво дидааст, бо далели сабти камераҳои мушоҳидавӣ назди қонун ҷавоб мегӯяд.

С.Халифаев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси н.Қубодиён

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter