ХАБАРИ ДОҒ

(Ё чаро сармоя аз ҶТ мегурезад???)
Пештоз мегӯям, ки дар ин соҳа профӣ нестам, вале ҳатто мани «дилетант» ҳам мебинам, ки фазои иқтисодии кишвар буғранҷ мегардад ва андозҳое, ки пайваста боло мераванд, боиси варшикастагии иқтисоди миллӣ мегарданд!
Андозҳои мо воқеан миёншикананд. Аз андоз ҳатто бонку корхонаҳои бузурги ҶТ меноланд, чӣ расад бар соҳибкорони сатҳи миёна. Агар аҳамият додаед, соҳибкорӣ, ба вежа, дар самти саноат қариб аз байн рафтааст. Чеҳраҳои нав, идеяҳои нав, соҳибкорони нав таваллуд намешаванд дигар. Соҳибкороне, ки буданд, ба оҳистагӣ муфлис мешаванд. Синфи миёна қариб аз байн рафтааст. Мо ё бойи бой дорем ва ё камбағалу афроде, ки танҳо бо маош ба сар мебаранд. Ҳол он ки Марксу Ленини бузург гуфта буданд, ки барои инқилоб бояд синфи миёнаро аз байн бурд! Дарк мекунед, клоссикони марксизм-ленинизмро???
Дӯстам N. бозор дорад. Ӯ моҳи гузашта шикоят кард, ки кормандони андоз омада, даромади солонаро дидаву варақ зада, андозро аз рӯи 2 рӯзе ба бозор бастаанд, ки фоидаи бештар дида будем. Ҳарчанд исбот мекардам, ки ин бозор аст, 2 рӯз даромадаш бузург бошад, 28 рӯзи дигар харамонро базӯр аз лой мекашем…, вале ба кӣ мегӯӣ?!
Ин ҳам дарди бахайр. Ахиран аз гаронии андозҳо шарики стротегии №1, Русияи бузург низ изҳори нороҳатӣ кард. Игор Семёнович Лякин-Фролов дар сӯҳбат ба хабаргузориҳои хориҷӣ гуфт, ки фазои номусоиди андозбандӣ ва иқтисодиятон сабаб шудааст, ки сармоягузории Русия аз 1 млрду 400 млн доллари соли 2015, дар соли 2018 то…21 млн доллар поин рафт. Ин қариб баробар аст, ба гардиши пуливу молии 1 бозори маҳаллӣ!!! Ӯ афзуд:
"Сатҳи ҳозираи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи 2 ҷониб нест. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон мехоҳанд, ки ин нишондод афзоиш ёбад. Вале соҳибкоронро наметавон ба коре маҷбур кард. Вақте онҳо аз сармоягузории худ фоида намегиранд, чӣ гуна сармоягузорӣ мекунанд? Бо чунин фазое, ки шумо доред, набояд афзоиши сармоягузории хориҷиро интизор шуд."
Будани Русия ва дигар кишварҳо дар бозори сармоягузорӣ ва рақобати онҳо бо Хитойи Бузург ҳатмист! Зеро комилан фазои сармоя, иқтисод ва саноату кишоварзиро танҳо ба 1 кишвар ҳавола намудан паёмади нохуби сиёсӣ ба думбол дорад!!!
Мисоли дигар. Дӯстам В. дар сӯҳбати фардӣ гуфт, замоне хостам заводи лифтбарорӣ созам ва ҳам сохтам. Аммо баъди 1 соли фаолият бо супурдани андозҳо, ҷаримаҳои ину он ниҳод, додуситади сертификату иҷозатномаҳо … банкрот шудам. Заводро бастам ва акнун аз хориҷа лифт меорам. Корам хеле пеш рафт! Яъне мо миёни саноатчиёни ватаниро мешканему онҳоро маҷбур мекунем, ки ба бизнеси "челнокӣ-миёнаравӣ» машғул шуда, техникаро истеҳсол накунанд, вале дистрибютори саноати давлатҳои хориҷӣ шаванд. Ва ин дар мавриде, ки мехоҳем кишвари саноатӣ-аграрӣ шавем?!
Ҳарчанд иқтисоддон нестам, аммо ҷаҳондидаам. Фарзи мисол, Аморати Араб, ба вежа, Дубай, медонед чаро бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад? Зеро андоз умуман надорад!!! Пул дар кисаи мардум, халқ, шаҳрвандон низ сармоя аст ва сармояи миллату давлат! Дар мо бошад то ҳанӯз фикр доранд, ки андозҳо гаронтар шаванд, буҷҷа ғанӣ мегардад. Буҷҷаи ғанӣ бо кисаи тиҳӣ оё созгор меояд? Фаромӯш накуне(м)д, ки пули ҳамёни сокинони кишвар аз Тоҷикистон берун намешорад. Вале андозҳои баланд ин пулро берун кардан доранд.
Имрӯз ким намедонад, ки тоҷирону соҳибкорон, бизнесмену бонкирҳои мо, масъулин ва чиновникҳои ғанӣ… сарвати худро ба хориҷа мекашанд? Оффшорҳоро дар назар надорам. Имрӯз аксарияти кулли Тоҷикон дар Русия замин мехаранд, фермаву заводу фабрика таъсис медиҳанд.
Дӯсти дигарам Саймурод, ки дилаш аз Тоҷикистон сард шуд, ҳоло дар Русия даҳҳо ҳазор га замин иҷора гирифтаву бо парвариши маҳсулоти полезӣ ва гӯшту пӯст банд аст. Мегӯяд, ин ҷо низ андоз «подарка» нест, аммо дар нисбат ба Тоҷикистон «просто биҳишт аст!».
Аз ҳама аламовараш ин аст, ки бо бардоштани пардаи ғафси оҳанини а ля ИсломКаримовӣ аз миёни 2 кишвар, сармояи мо ба…Ӯзбекистон фирор карда истодааст! Бачаҳои зираки «ургутӣ» ва «хуҷандӣ» ба ин кишвар рафтаву коргоҳу корхонаву тарабу ошхонаҳо месозанд. Зеро, мегӯянд онҳо, андозаш кам аст! Мисол мехоҳед? Марҳамат! Ёд доред, ки ҳамагӣ 2-3 сол пеш, тарабхонаву ошхонаҳои а ля хуҷандӣ дар Душанбе мисли замбурӯғи баъди борон мерустанд? Ҳоло дигар намерӯянд! Зеро замини ҳосилхези нав дар ҳамсоякишвар ёфтаанд!
Ва аз ҳама охир: Ҳоло блоки иқтисодӣ мехоҳад, бо пешниҳоди Кумитаи антимонополӣ (астағфируллоҳ) ва андоз нархи интернету хидматгузориҳои мобилиро бардорад, то андоз бештар ба буҷҷа дарояд. Чаро астағфируллоҳ? Зеро кори ҷонии ин ниҳод пуштибонӣ аз ҳамёни мардум асту бояд нагузорад нархҳо хезанд, инҳо баракс мекунанд! Андоз аз ҳисоби истифодаи бештари интернет ба даст меояд, на фузунии нарх. Акнун бинед, ки мардум на танҳо аз хидмати интернету алоқаи мобилӣ даст кашидан дорад, ки аз ширкатҳои Қирғизу Ӯзбекистон рақам гирифтаву интернету вайбер, имову вотсаппу дигару дигарро корбаст мекунад ва ба буҷҷаи онҳо пул мерезад. Зеро арзонтарак аст! Мегӯед, бо қабули қонун метавонед аз ин амали камбағалҳо садд гузоред? Неъ! Наметавонед! Баракс, сафи «ҷинояткорони мобилӣ»-ро зиёд мекунеду бас.
Ман ҳам бас кардам. Зеро гӯши суханшунав надидам. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter