ХАБАРИ ДОҒ


Оё ҷои «сагро ба зӯрӣ шикор бурдан», яъне қапоқапи Облава (100% расман набудаву 200% обрӯрези миллатгардида) ва шикори ҷавонони гурезпо, намешавад, Армияро профессионалӣ кунем? Дар базаи Фронти Халқӣ ва собиқ муҷоҳидине, ки 100% пушаймон шудаву бо ҳукумат гаравидаанд? Охир онҳо потенсиали ҷангӣ доранд! Медонед, шӯравӣ чаро иштирокдорони ҶБВ ва «интернатсионалистон»-и ҷанги Афғонистонро то охир имтиёз додаву дастгирии моддиву маънавӣ мекард? Барои рӯзи мабодо, то аз таҷрубаи ҷангияшон истифода барад! Пас, чаро мо аз таҷрубаи ҷангии Тоҷикони худамон истифода набарем?! Ва умуман, Армияи «облавашудаҳо» оё иқтидори бо дилхоҳ Артиши профессионалӣ сарбасар шуданро дорад?
Путин В.В. рӯзи 12.04.2019, дар рӯзи Космонавтика, дар ин бора изҳори назар карда гуфт, вақте фаро расидааст, ки усулан бояд аз даъвати умумӣ даст кашем. «Зеро-гуфт ВВП-замона дигар шудааст, дар Армияҳои олами мутамаддин усулан хизмати профессионалӣ, касби ҳарбӣ, рушд кардан дораду дар мо то ҳанӯз методи советӣ корбаст аст. Армияи муқтадирро метавон аз ҳисоби профессионалҳо пурқувват кард!». Таваҷҷӯҳ кун, хонанда, ин ҳарфҳоро нафаре мегӯяд, ки аз Армияаш нисфи ҷаҳон метарсад!!!
Дар Тоҷикистон заминаи Армияи профессионал хеле қавист. Ҳоло ки дер нашудааст, бояд собиқ ҷангиёни Фронти халқӣ ва собиқ ҷангиёни ОТО-ро, ки пурра Сулҳро пазируфтаанд, ба ҳам овард ва ақаллан 2-3 полк аз онҳо мураттаб сохт. Бовар кун, хонанда, агар 1 ротаи иборат аз собиқ ҷангиёни мо дар марзи Исфара пайдо шавад, қирғизҳои «беспредел»-ро дар ҳамон территория агар бинед, биёед, 100 силлӣ ба ман занед. Вале чун Армия мураттаб аз облава-ҷанговарон аст, ҳамарӯза қирғизҳои сакалту онҳоро доштаву мезананд, таҳқир мекунанд, мазаммат месозанд ва дар интернет ин наворҳоро пахш карда, аз мо 1 миллати «чмо» офаридан доранд! Намегӯям, ин ротаҳои профӣ ҳатман бояд ҷанг кунанд. Сиёсаташон басанда аст!!! Дӯстӣ дӯстиву аммо шарафи миллатро бояд ҳифз кард. Мо Метавонем!
Дар ҳамин маврид, ба пиндори сирф фардии ман, ки метавонад, 100% ғалат бошад (барои низомиёне, ки 27 сол шуд облаваро бардошта наметавонанд), 3 роҳе ҳаст, ки ҳадди ақалл «облава»-и обрӯрезамонро пурра маҳв созад, капут гардонад, «делит» кунад:
1.    Армия бояд профессионалӣ шавад ва сарбозону афсарон бар ивази музди маош ба кор гирифта шаванд. Бигзор сафи сарбозонамон 20.000 неву 2000 бошанд, аммо САРБОЗи ҳақиқӣ, ки гуфтаанд:
-Сиёҳии Лашкар наояд ба кор:
200 марди ҷангӣ беҳ аз 100 ҳазор!
2.    Мисли ҳамсоякишвар ҳама хатмуттаҳсилини донишгоҳу донишкадаҳо танҳо баъди хидмати сарбозӣ бо ҷои кор таъмин шаванд. Бовар кун, хонанда, дар ин сурат, беҳтарин Армия месозем. 1 тасаввур кун, беҳтарин ҷавонони донишманд, варзишгар, обутобёфта, писарони вазирону кабирону раисону ходимони давлатӣ марзу буми моро ҳифз хоҳанд кард!!!
3.    Ҳадди ниҳоӣ, агар падар-давлат-мардон метарсанд, фарзандашон Армия равад, пас танҳо баъди хизмати сарбозӣ ба ҷавонон иҷозати убури марз ва мардикорӣ дар Русия дода шавад! Барои ин танҳо бо Русия шартнома бастан лозим, ки тоҷикони хидматкардаро ба кор гирад, «и всё»! Чанд проблема ҳал мешавад. Армия пури сарбоз мегардаду ҷавонону наврасони бедонишу бефарҳангу содаву гӯлу гаранг Русия намераванд ва обрӯрези миллати Шарифи Тоҷик дар ин кишвар намегарданд!
Бовар кун, хонанда, бо бастани интернету гаронгардонии нархи он, кам кардани истифода аз сайтҳои иҷтимоӣ наметавон аз облаваи обрӯрез ҷилавгир шуд. Ҳоло яке аз сабабҳои қиматшавии интернетро горе-масъулин маҳз дар ҳамин дидаанд, ки журнализми мардумӣ (гражданская журналистика) аз ҳадд зиёд бар имиҷи кишварамон зиён меоварад. Маҳз наворҳои баста ба бархе раисони камсавод ва лаҳзаҳои облаваро низ онҳо дар назар доранд. О, қонуншиканӣ накунед, мардони донишмандро сари кор оред, проблема худ ҳал мешавад! Ва аммо агар мо чашмонамонро пӯшему гӯем, ки Офтоб нест, Моҳ наменамояд, дарро қулф задаву фикр кунем, ки берун Боронӣ нест, мушкил фасл мешавад-мӣ? Ҳаргиз! Офтоб ҳаст, Моҳ мебарояд ва борону сел мешоранд.
Эффекти Шутурмурғ (эффект страуса) гуфтанӣ иборае дар сиёсат ҳаст:
-Шутурмурғ таври маълум, аз чизе тарсид, сарашро таки қум мекунад ва чун душманро надид, фикр дорад, ӯ, яъне душман нест дигар! Вале душман, масалан, дар симои гург ё рӯбоҳ, роҳат омадаву шутурмурғро дошта мехӯрад!
Чашмпӯшӣ аз проблема илоҷи кор нест. Облаваро низ надидани масъулин яке аз хиёнатҳои ишон аст. Облава ҳаст ва то дар фикри тағйири даъват ва ё Армия (ба профессионалӣ) нашавем, ин раванди обрӯрези артиш аз байн нахоҳад рафт.
Сахт гуфтам? Облаваро бас кунед! Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter