Принт

Ҷаҳиши нархи орд аз боло аст


Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ дар вил.Хатлон оид ба мақолаи «Дар Хатлон нархи орд хест!»  чунин иттилоъ медиҳад. Таҳлилҳо нишон дод, ки тибқи маълумотҳои омории Ташкилоти байналмилалии озуқаворӣ истеҳсоли гандум имсол на танҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон, балки дар кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи гандум, хоса, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико бино бар сабаби ноустувории вазъи ҳаво коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумотҳои ҶДММ «Анҳор», ки истеҳсолкунанда ва фурӯшандаи орд аст, болоравии нархи орд пеш аз ҳама аз болоравии нархи гандум вобастагӣ дорад. Аз январи с.2019 нархи 1 тонна гандум дар Қазоқистон аз 200 доллари ИМА ба $215 афзудааст. Тибқи борхати хароҷоти №38-и дастрасшуда «Анҳор» 30.01.2019 орди навъи 1-ро бо нархи 170 сомонӣ ва орди навъи 2-ро 147 сомонӣ ба соҳибкори ш.Бохтар фурӯхтааст, ки сари ҳар 1 халта орд то ш.Бохтар 14 сомонӣ хароҷоти роҳ карда, то нуқтаҳои фурӯш нархи 1 халта орди навъи 1-ум 184 сомонӣ ва орди навъи 2-юм 161 сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши орди ш.Бохтар 1 халта орди навъи 1 аз 180 то 188 сомонӣ ва 1 халта орди навъи 2 аз 160 то 170 сомонӣ дар фурӯш аст. Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани нархи орд дар бозори ҷаҳонӣ ин тағирёбии иқлим дар миқёси олам (камборишӣ ва хушксолӣ) аст. Омили афзоиши нархи орд ин гарон шудани нархи гандум дар Қазоқистон, омили дигар афзоиши андоз аз арзиши иловашуда барои таҳвили минбаъдаи гандуми воридотӣ ва фурӯши маҳсулоти коркарди он бо андозаи 8% ва таъсиррасонӣ ба арзиши маҳсулотҳои воридотӣ ва тағирёбии қурби асъор нисбат ба пули миллист…

Ю.Юсуфзода,
сардори раёсат

Матлабҳои дигар