ХАБАРИ ДОҒ

«Равшан» омили иттиҳоди мост!

  • Чоршанбе, Апр 24 2019

 

Ба президенти ФФТ, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ



Муҳтарам Рустами Эмомалӣ! Мо-мухлисони дастаи «Равшан»-и ш.Кӯлоб барои дастгириатон нисбат ба футбол ва рушди он дар Тоҷикистон изҳори сипос мекунем. Мухлисони Равшан  ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунанд, ки тӯли беш аз 60 соли фаъолияти ин даста, маҳз дар давраи роҳбарии Шумо дар ФФТ 2 маротиба сазовори ҷои 3 ва 2 бор сазовори қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол шудаанд, ки чунин натиҷаро дастаи мо то ин вақт надошт. Гарчанде «Равшан» дар сабқатҳои сатҳи байналмилалӣ натиҷаҳои назаррасро ба даст наоварда бошад ҳам, туфайли заҳмату талошҳои Шумо бозии дастаи дӯстдоштаи мо дар мусобиқоти қаблазгурӯҳии КФО, дар дили мо абадан нақш баст. Мо комилан ба он боварем, ки ҳамаи ин дастгириву чораандешии Шумо маҳз дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ! Медонем, ки Шумо чи қадар заҳмату талош намуда истодаед, ки футболи тоҷик на танҳо дар маркази кишвар ва маркази маъмурии вилоятҳо, балки дар тамоми манотиқи кишвар рушд ёбад ва дӯстдорону алоқамандони ин риштаи варзиш рӯз аз рӯз зиёд шавад. «Равшан» с.2016 баъди аз литсензиякунонӣ нагузаштанаш аз Лигаи олӣ оид ба футбол бенасиб монд. Тайи 2 сол боз «Равшан» дар лигаи 1-уми мамлакат ба таври бояду шояд фаъол аст, ки агар дар оғози чемпионат хуб ҳунарнамоӣ кунад, лек дере нагузашта боз ҳам бо сабаби камбуди молиявӣ бо ҳайати наврасон ба майдон мебарояд ва футболбозони асосии даста бо сабаби нагирифтани маош, ки он ҳам 1000 сомонӣ нест, тарки даста мекунанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ! 1 нуктаро мехоҳем ба самъи Шумо расонем, ки агар ин натиҷаҳо маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва роҳбарии Шумо дар ФФТ ба дастаи дӯстдоштаи мо муяссар шуда бошад, пас нагузоред, ин даста боз ҳам дар вақти роҳбарии Шумо ба парокандагӣ дучор шавад. «Равшан» ҳатто дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаъолият дошту, чаро ки дар чунин фазои тинҷу ором фаъолият накунад? Пас барои ҳалли мушкилоти худ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ба тақдири Равшан ва беш аз 1 млн мухлисаш бетафовут набошед. Дар ҳамин маврид ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем, ки дар 2 соли охир дастаро МИҲД ш.Кулоб ба уҳда дошт, лек маблағи ҷудошуда нокифоя аст.
Мо-мухлисон аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тақдири сермухлистарин дастаи Тоҷикистон-«Равшан» таваҷҷӯҳ зоҳир намоед ва нагузоред, ин даста ба нестӣ равад. Зеро Кӯлоб маҳз бо мухлисони сершумору содиқи худ дар футболи тоҷик мақоми хос дорад ва манбаи асосии истироҳати мардуми шаҳр футбол аст. Футбол ягона чизест, ки ҷавононро дар 1 варзишгоҳ, 1 даста, 1 парчам ва 1 ном муттаҳиду ҳамовоз мекунад. Дар ш.Кӯлоб имрӯзҳо футбол болотар аз варзиш аст. Аз рӯзе, ки «Равшан» мавқеи волояшро дар Лигаи Олӣ сар кард, тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, ба вежа ҷавонон рушд мекард. Бешубҳа, аз байн рафтани ин даста боиси паст шудани таваҷҷӯҳ ба футболи кишвар мегардад ва боз дар ахлоқу мафкураи ҷавонони шаҳр низ таъсири манфӣ мерасонад.
Мактуб аз номи 500 нафар аъзои фан-клуби дастаи футболи «Равшан» навишта ва зераш имзои ҳама гузошта шудааст. Умедворем, ин дархости мо бенатиҷа намемонад ва аз тарафи масъулин, мутахассисон, фаъолони ҷомеа, фидоиёни футболи кишвар ва мухлисон дастгирӣ меёбад ва «Равшан» яке аз сермухлистарин даста дар мусобиқоти Тоҷикистони азизамон, ба Лигаи Олӣ бармегардад!
Диловар Қурбонов,
мухлиси футболи миллӣ аз номи кулли мухлисони «Равшан»-и Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter