ХАБАРИ ДОҒ

«Зеленский» Светофор ба СНГ

  • Чоршанбе, Май 01 2019


Влодимир Зеленский-1 масхарабози яҳудитабори Украина бо касби 73,2% овоз бар Петро Порошенко-президенти ин кишвар, ки ҳамагӣ 24,5% раъй бардошт, дастболо шуд! «Народ пошутил???». Шояд! Аммо халқ, ростӣ, аз ҳилаву макри Порошенко ба ҷон омадаву мехост, нафаси тозае гирад ва ҳам гирифт! Акнун оқибати ин нафас бо чӣ меанҷомад, кори саҳлу сода нест. Зеро Зеленскийи ба таъбири устод Убайдулло Раҷабов-«скоморох» миёни 2 қудрат андармон шуд:
-Русия, ки Украинаро пора кардаву поратар месозад: Қримро ғасб ва 2 вилояти дигарро ҷумҳуриҳои худиктифо эълон намудааст ва…
-Амрико ва НАТО, ки мехоҳанд бо истифода аз ҷанҷолҳои дохилии ин кишвар, Украинаро чун трамплин истифода кардаву бо Русия ҷанг кунанд…
Ва аммо сари кор омадани Зеленскийи артист ба ин маъно низ буд, ки халқ аз сиёсати Петро-акомон сахт дилсард шудааст ва моҷарои клоссикии марксизм-ленинизм дар Украина корбаст гардид:
-Болоҳо намехоҳанд-Поёнҳо наметавонанд!
Порошенко, ки зодаи таҳаввулот будаву бар асари табаддулоти давлатӣ сари кор омад, танҳо бо тарс додани миллаташ аз аннексияи навбатии Русия ва Владимир Путин наметавонист, боз 1 давраи дигар низ даврон ронад. Баҳонаи примитиви ӯ мардумро гаранг кард ва дигар наметавонист бо тарсдиҳӣ аз зӯроварии ВВП ва гиряҳои тимсоҳӣ сари кор истад. Ваъдаҳои бемаънияш перомуни «ба НАТО шомил кардани Украина» ва «ба Иттиҳоди Аврупо пайвастани кишвараш» низ фоҷеае ба сараш шуданд. Зеро хоҳ-нохоҳ чандин миллион рустабору аз ин ҳам бештар шодихӯрдагони Кремл дар Украина ба сар мебаранд ва интихобот нишон дод, ки миллатгароёну «Бендерчиҳо» камтар аз прагматикҳои хохол будаанд!
Ҳоло дигар Зеленскийро ба Роналд Рейгани артисту Билл Клинтони саксофоннавоз қиёс намекунанд. Дигар комикҳоро мисли Галучопстян бо ӯ баробар карданиянд, ки шояд тавони дар интихоботи Русия зафар карданро дошта бошанд! Чаро не? Хишти аввал гузошта шуд. Ва ин дар мавриде, ки Влодимир Зеленский сареҳатан дар баҳси ахириш бо Порошенко гуфт:
-Ман сиёсатмадор нестам ва ҳам намешавам!!!
Дуруст аст, ки ӯ парвои сиёсат надошт, вале ҳамакнун сиёсат ӯро кофта ёфт. Ҳоло аз штаби президенти тозатаъйин, ки инаугуратсия нашудааст, сару садоҳое дар мавриди сари мизи гуфтушунуфт нишастан бо Кремл баланд мешаванд. Ва воқеан ҳам бояд чунин бошад. Зеро беш аз 5 сол аст, ки ҷангу хунрезии бемаънӣ дар Украина давом дораду равшанӣ дар охири нақби моҷаро ба чашм намехӯрад.
Воқеан ҳам, агар рафиқ Зеленский мехоҳад, дар қораи СНГ нафаре ҳаст, ки таҷрубаи хуби фурӯ нишондани фитнаву ҷангҳои дохилиро дорад. Ин нафар Президенти ҶТ аст!
Дар кишварҳои пасошӯравӣ бе чуну чаро ягон президенте хидмати сазовортар аз Президенти ҶТ ба халқу миллаташ накардааст:
-Сулҳу салоҳ, бозгарди гурезагон, решакании ҷанг, ҷилавгирӣ аз «неодавлати исломӣ», қатъи қатлу куштори мардум, гуфтушунуфт бо ҷонибҳои даргир, эътои 30% ҳукумат ба оппозитсия барои оромии вазъ, бахшиши кулли дастандаркорони ҷанг, 14 бор афви ҷинояткорон, тинҷиву осудагие, ки ростӣ, ҳатто мунтазираш набудем, кори дасти сарвари давлати мост, ки ҳалолаш бод! Маҳз ҳамин хидматҳост, ки Эмомалӣ Раҳмонро халқи оддӣ дӯст медорад ва бисёр сахт! Инро ҳамчун нафаре мегӯям, ки миёни халқ зиёд мегардад…
Мардум мегӯяд, ки бадтарин сулҳ аз беҳтарин ҷанг хубтарак аст. Зимнан, Зеленский, ки барои сари қудрат омадани одамони тасодуфӣ «светофори сабз» даргиронид, бояд дар навбти аввал бо ҷумҳуриҳои ҳамсуде, ки 100 сол дар 1 кишвару 1 қора ва 1 фарҳанг мезистанд, такя кунад. Бовар кун, хонанда, НАТО агар метавонист ё мехост, кайҳо фитнаи Украина ва Афғонистонро фурӯ менишонид.
Зимнан, умед мебандем, ки Зеленскийи «комик» мисли Петрои шоколадфурӯш (фирмаи маъруфи Рошен аз пасванди фамилияи ПоРОШЕНко гирифта шудааст), рафтор накарда, бо шиори 1 дӯсти қадима (шояд 15???) беҳ аз 100 дӯсти нав амал карда, дар ин кишвари ҷангзада, сулҳу оромӣ меорад. Ҳарчанд Майдану Бендерчиҳо ӯро азият хоҳанд дод, мо ба ӯ бовар дорем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter