ХАБАРИ ДОҒ

Қонун ҳомии ҳуқуқи муаллиф!

  • Чоршанбе, Май 01 2019


Вазорати фарҳанги ҶТ матлаби Ҷ.Раҷабовро таҳти унвони «Ҳуқуқи муаллиф чаро ҳифз намешавад?» (СССР, 24.01.2019, №4 (541)) омӯхта, чунин посух медиҳад: Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» 13.11.1998 қабул шудааст (минбаъд қонун). Дар қонун дигаргуниҳои куллие, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба вуқӯъ омадааст, ба инобат гирифта шудааст. Вобаста ба рушди техникаву технологӣ, истифодаи асарҳо ба тарзи рақамӣ ва мутобиқ кардани қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ба талаботи созишномаҳои байналмилалӣ солҳои 2003, 2006, 2009, 2014 ва 2018 ба қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар банди 2, қ.1 моддаи 6 объектҳои ҳуқуқи муаллиф зикр шудаанд, ки ба он асарҳои адабиёт, яъне адабиву бадеӣ, илмӣ, таълимӣ, публитсистӣ…, ки дар натиҷаи эҷоди муаллиф офарида шудаанд, аз ҳифз бархӯрдоранд. Матнҳои суруд ва мусиқӣ яке аз объектҳои ҳуқуқи муаллиф аст ва онҳо ҳатто дар аввалин қонунҳое, ки дар ҷаҳон (асри XVIII) қабул шудаанд, ҳимоя шудаанд. Дар муқаррароти қонун ҷой надоштани ин 2 жанри адабӣ ғайриимкон буда, он ба асоси ҳуқуқии соҳа таъсир мерасонад. Асоси муносибатҳои байни муаллиф ва истифодабарандаи асари ӯро усули озоди бастани шартномаҳо ташкил медиҳад. Яъне тарафҳои шартномабаста метавонанд мустақилона (албатта, бе вайрон кардани муқаррароти асосии қонунгузорӣ) шартҳоеро, ки лозим медонанд, дар шартнома зикр намоянд. Тибқи қонун ва қарорҳои амалкунанда, муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар намуди истифодаи асараш ҳақ дорад (қ.4, моддаи 16 қонун). Ин ба он маъност, ки шахс ҳуқуқ дорад, барои истифодаи асараш ҳаққи қалам талаб намояд. Пардохти ҳаққи қалами муаллифон барои нашри асарҳои илм, адабиёт ва санъат тавассути қонун ба таври фоизи муайян аз даромади тарзи истифодаи асар ё ба таври маблағи устувор сурат мегирад (моддаи 26 қонун)… Мо умедворем, худи муаллифон низ дар оянда барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ш.Орумбекзода,
вазир

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter