ХАБАРИ ДОҒ


Ислом, ба зоти худ, ки дорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост…
Ман, ростӣ, намехостам дар ин бора нависам, зеро ягон мусалмони комилро дар маҳдудаи кишвар намебинам…ва аммо менависам. Зеро бовар дорам, ӯ-мусалмони комил, вуҷуд дораду ин матлабро хонда, ақаллан дар ин моҳи Шарифи Рамазон гӯру кафану эмонашро намесӯзад…
Муҷрими ин матлаб Ҳокими Сафар-хабарнигори мардумии мо шуд, ки аз ноҳияи Файзобод, рӯзи бозор занг задаву гирёну нолон мегуфт, «Сайёфо, имрӯз нархи гӯштро қассобони беимони маҳаллӣ то 50 сомонӣ боло бурдаанд! Ва ин дар арафаи Рамазон. Онҳо репетитсия кардан доранд, то мардум ба ин нарх одат кунад!»…
Ва аммо субҳи дигар бонги изтироби Саъдии Маҳдӣ буланд шуд, ки навишт дар дӯконҳои Аҷина-Бозор ва қассобхонаҳои 33-ум мкр. нархи гӯшт то 5 сомонӣ боло рафт. Устод Маҳдӣ бо факту рақам ва аксу тоблуи гӯштфурӯшон аз шаҳрдорӣ талаб кард, ҳадди ақалл қассобхонаҳои гаронфурӯши маҳаллаи 33, ки зотан нархро ҳаминҳо ҳамасола мебардоранд, баста шаванд! Ва ин ҳам дар арафаи Рамазон. Ҷавонмардтарин қишри Тоҷикон дар аҳди қадим қассобҳо буданд, ки мутаассуф, дар асри номардтарин шудан доранд…
2 рӯз пеш бошад сафаре доштам ба Нораку Кӯлоб. Бовар кун, хонанда, табиати имсола бо хости Худованди Карим, бо ин ҳавои боронӣ онгуна серҳосил шудааст, ки алафу гулу гиёҳ гову молро пинҳон мекунанд. Майдонҳо алафзор, чорво серу пур, пистонҳо пури шир, сергӯшту равған шудаанд. Ва аммо ин беэмонҳо ҳатто ба ҳамин ҳавои боронии Худодод таассуб кардаву нархи чорворо бардоштан доранд. Ин дар ҳолест, ки аксарияти кулли рамаву подаҳо (ким намедонад?) моли сарватмандону давлатмардонеанд, ки дар ҳукумат бар курсиҳои давлат такя задаанд. Магар инҳо наметавонанд, ақаллан дар Рамазон нархи гӯштро, ки ба таври автоматӣ крани борбардори тамомии нарху наво дар кишвар мешавад, поин баранд? Метавонанд! Аммо намекунанд! Зеро бандаи нафсанд!!!
Ин ҳам аҷиб аст, ки баробари гароншавии нархи интернет даҳҳо ҳазор «фаъоли ҷомеа» (бофтаи асри Нано) сари по шудаву аз гиребони ҳукумат гирифт, вале ин фаъолон, ки бешак аз нисф зиёдашон бозоршинону туҷҷори беимонанд, чаро имрӯз дар баробари гароншавии нархи маҳсулот, гиребони худро бӯ намекунанд? Чаро гиребони хешро намегиранд, ки ҳуй сакалтуи беэмон, дар арафаи Рамазон нархрабоӣ пеши Худо писанд нест?!
Ба масҷид ҳафтае аз ту куҷо 1 саҷдаи лоиқ,
Ки дар одинае зоҳид, ба 6 рӯзи дигар фосиқ!!!
Аҷобати кор ин аст, ки агар саҳву хатои чанд кундаришро гӯӣ, онҳоро ба инсоф хонӣ, панд кунӣ, ки эмонро поинтар аз нафс нагузоред, ҳатман мешнавем, ки СССР равияи антидинӣ дорад. Мо не, шумо антиисломиед. Зеро Исломи ноб ҳич гоҳ ба ситам сари муслимин вал муъминин намехонад. Магар дар ҳар Рамазон СССР нархи гӯшту пӯст ва куллияи маҳсулоти полезиро боло мебарад? Дар арафоти идайни қуръонӣ оё бар қимати сару либоси атфол низ намеафзоед? Ещё как меафзоед! Вале айби хешро на, айби ҳукуматро мебинед. Боз дар ҳоле, ки ҳукумат нархро боло ҳам барад, нафъаш бар буҷҷа мерасад, яъне ба калу шалу маъюбу маълулу муаллиму омӯзгору нафақахӯр…Шумо танҳо дар фикри нафси хешед!
Ва замоне мебинӣ, ки боз ин савдогару қассобу туҷҷор эзорро то буҷулаки пой бар зада, дар намози ҷумъа саф меороянд, ростӣ, намедонӣ, чӣ гӯӣ… Магар Худое, ки шумо, гӯиё, мешноседу саҷдааш мекунед, ба намози риёии шумо ниёз дорад ва ё ба инсофатон? Суоли риторикист, албатта…
Худо қабул кунад, банда дар масоҷиди Ҳинду Чину Аврупову Амрико, Эрону Саудӣ… намоз гузоридаам, вале чунин беинсофие, ки мусалмонони мо доранду дар ин моҳи Шариф даст ба ғорати муслимин мезананд, ҷое вар нахӯрдаам! Туҷҷори мо, албатта, на ҳама, ва аммо 80-90% бештараш, онгуна думболаи нафс рафтаанд, ки боре дар намози ҷумъа, дар масҷиди Яккачанор шоҳиди ин моҷаро шудам:
-Мӯсафеди кӯҳистоние аз 1 ҷонамозфурӯши маҳаллӣ хоҳиш кард, ки ба орият ҷойнамозаш диҳад, то пас аз намоз онро баргардонад. Чӣ фикр кардӣ, хонанда, оё ин «марди порсо» хоҳиши пири меҳмонро иҷро кард? Неъ! Ба қимат бар ӯ фурӯхтанӣ шуд ва чун мӯсафед даъват ба эмону инсофаш намуд, қариб силлияш мезад… Мӯсафеди бечора, бо нидои «э, Худо гирад эмондории шаҳриёнро»… моро тарк гуфт…
Худо ҳаряки моро дар Рамазони Шариф инсоф диҳад: Инсоф, ки омад, эмон ҳам мешавад. Дахли Моҳи Худо бар хонадони ҳаряки мо қудсан табаррук бод…
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter