ХАБАРИ ДОҒ

Назорат пурзӯр карда шуд!

  • Чоршанбе, Май 08 2019


Маъмурияти ҶДММ «Сорбон-14» нисбати мақолаи «Гонка дар хатсайри №46» (СССР, №15(552), 11.04.2019) ба маълумоти шумо мерасонад, ки маводи мазкур дар байни коллективи кормандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти хатсайри №46 мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба ронандагон фаҳмонида шуд, ки аз зимни фаъолият ва ҳаракат дар хатсайр ба ҳар гуна қоидавайронкуниҳо, аз ҷумла, ба мусобиқа роҳ надиҳанд, аз меъёри муқарраршуда зиёд савор накунанд ва ба дағалӣ роҳ надиҳанд. Қобили зикр аст, ки назорат аз болои воситаҳои нақлиёт пурзӯр карда шуда, он зери назорати доимии роҳбарияти ҷамъият қарор дорад.

Бо эҳтиром директор:     Б.Раҳимов

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter