ХАБАРИ ДОҒ


(памфлет)

Савганд хӯрдан ҷоиз нест, ба вежа, дар моҳи Шарифи Рамазон, вагарна ба номи Худо савганд мехӯрдам, ки гунаҳкори асливу усулии болоравии нарху наво дар бозорҳои кишвар, маҳз худи мо-мардуми оддӣ, камбизоат, сарватманд, бе пулу пулдор, хулоса, халқи Тоҷик мебошем!!! Мефаҳмонам:
1 рӯз пеш аз Рамазон, ту дониву Худо, хонандаи ин сутур, оре маҳз туе, ки фикр дорӣ, «СМ ба ҳиҷ ваҷҳ маро дар назар надорад!», агар бозор рафта бошӣ, оё гӯштро бо дилхоҳ нарху наво нахаридӣ? Ещё как харидӣ! Ва бо ин дар болоравии қимати гӯшт саҳми бориз гузоштӣ!!! Пас, агар ин амали гарангии миллии мо нест, чист? Гӯшт, охир, ақаллан орду картошка нест, ки 1 ҳафта монаду вайрон нашавад. Ҳамин ҳоло ин қисса ёдам омад, ки «Дар Ироқ гӯшт гарон шуд. Чун хабар бар шайхе расид, гуфт:
-Мо арзонаш кунем.
Гуфтанд: Чӣ гуна?
Гуфт: Нахарем ва нахӯрем!».
Мо харидем ва…хӯрдем. Ман ҳам он рӯз бозор рафтам! Зеро дар хона гӯшт набуд. 1 гр набуд! Рафтам, чандин дӯконро сар задам, ҳама холӣ. 2 ҷавонро дидам, ки барои 1 гӯсфанд қариб ҷанг мекарданд. Яке мегуфт, ман гӯсфандро «селиком» мегирам, дигарӣ мегуфт, не, ман «оптом» мехарамаш. Пурсидам, ки ҳамеша гӯсфанди «селиком» мехаред, ва ё дар хона меҳмон доред? Гуфтанд, ки на, вале «запаси рамазонӣ» мегирем. Ба онҳо гуфтам, ба ту ҳам мегӯям, хонанда, оё намешавад, ҷои гӯшти «запасной»-и бӯгирифта, ҳар рӯз омадаву 1 кг гӯшти тоза хар(ем)? Ана ҳамин вожаи ХАРем бар ин шабу рӯз бар аксарияти мо рост меояд. Зеро воқеан ХАР-ем…гуфта, ҳама чиро меХАРем!
Ба дӯконҳои маҳаллаи 33 рафтам. Дигар дар бораи ноҷавонмардии қассобон на-ме-на-ви-сам. Зеро масали халқии маъруфест, ки «Содаро ёбиву…фиреб надиҳӣ вуболаш мегирад!». Ва агар мо миллати сода наем, пас чаро 400 гр равғану пӯсту устухоне, ки қассоб дар 700-800 гр гӯшти гови пир изофа мекунад, мегирем?! Зуқ-зуқ мекунем! Аммо мегирем! Зеро агар ман нагирам, ҳатман ту мегирӣ, ту нагирифтӣ-ман хоҳам гирифт. Инро нек медонем.
Дар навбат ба ҷавоне, ки пештар аз ман меистод, гуфтам, сабаби бадбахтии мо дар ин моҳ маҳз гурусначашмии мост. Зеро, агар мо чун русҳо 200 гр гӯшт гирему 150 гр равғану 400 гр орд…нарх намехезад. Ҷавон гуфт, «ака, 100% рост мегӯед, мо миллати чашмгуруснаем» ва… 8 кг гӯшти гови пирро харидорӣ кард. Бо табассум гуфтам, «додарам, нав бо ман мувофиқ будӣ, ки гурусначашмимон сабаби гароншавии нарх мегардаду боз худат 8 кг гӯшти пастсифат харидӣ?!», ки шарм дошта, худро чунин сафед кард:
-Ака, 1 ҳафтаи дигар вақти бозорравӣ надорам…бе гӯшт намонанд дар хона?
Гуфтам, ту магар кайҳоннавардӣ, ки 1 ҳафта аз Душанбе парида меравӣ? Ҷои посух, «Аз ҷои ҳодиса» фирор кард…
Гурусначашм шудаем!!! Намедонам чаро, аммо маро «Блокадаи Ленинград» ёд омад, ки тӯли 900 рӯз русҳо бештар аз 200 гр хлеб на мехӯрданд ва на мехариданд! Дуртар наравем агар, дар ҳамин Душанбеи соли 1992-93, ки нархи хлеб бо қимати ҷон баробар шуд, маҳз русҳо мо-Тоҷиконро омӯхтанд, ки дар навбат истодаву аз 1-2 буханка зиёд нагирем! Ва мо аз хавфу хатари маргу мири гуруснагӣ вораҳидем. Мардона бояд иқрор шуд, ки чунин буд, вагарна мисли имрӯза пулу молдорон нону булкаву хлебро бо тоннааш мехариданду нисф зиёди сокинони пойтахт аз гуруснагӣ мемурд!
Имрӯз вориди бозор мешавӣ, фикр мекунӣ, пагоҳ ҷанги ядроӣ сар мешавад:
-ХАРидорон тамомии мизу фаршу «полу потолок»-и бозорро лесида мераванд. Дар дасти ҳар касе 3-4 пакети пур ва боз 1 аробаи ёрдамчӣ аз пасаш кашола. Ягон кас нарху наворо намепурсад, зеро медонад:
А) фурӯшанда арзон намекунад ва; Б) ӯ наХАРад дигар гаранге ҳатман меХАРад! Ва бо ин ҳама бефарҳангии кулл аз бозор баромада, ба интиқоди ҳукумату давлат шуруъ мекунем. Эй мардум! Ин гӯлу гарангии рамазоние, ки мову шумо дорем, на Доналд Трамп нархро танзим карда метавонаду на шамшери Умари Хаттоб!
Эмон виждон аст (чизе, ки аксарият дар Рамазон гум мекунем-агар дошта бошем онро!!!) Одами бе виждон боимон буда наметавонад ва баракс. Ҳоло ман дар бораи гӯшт гуфтам, ки гурусначашмӣ, тарсуӣ, содагӣ, баднафсӣ ва дар ҷамъ гарангии мо ба болоравии нархаш мусоидат намуд. Ҳама анвоъи ғизоиро ҳамин гарангии мо баланд кард. Пас аз ҳукумат чӣ меноле(м)д? Аз мост, ки бар мост.
Ин матлаб дар бораи халқи оддии содаву гаранг буд. Ва аммо дар бораи имону исломи туҷҷор 1 далели дигар аз «Блокадаи Ленинград» меорам:
Кютинен Даниил Иванович 3.02.1942, дар синни 59, дар ҷои кораш, аз гуруснагӣ мурд… Ӯ нонпаз буд! Мурд, вале 1 гр нони мардумро нахӯрд!!!
Туҷҷори мо боимонанд, ё раҳматии Кютинен? Суоли риторикист. Мо Метавонем!
PS: Ман он рӯз ҳамагӣ 1 кг гӯшти серустухону пурравғани гови пир гирифтам, ки 3 соат ҷӯшонидем, мулоим нашуд. Пагоҳаш аз дӯкони дигаре 1 кг гӯшти нарм ва бе устухон харидам… Суоли матраҳ ин аст, ки он ҷавон 8 кг гӯшти пирро чанд рӯз мехӯрда бошад???????

2 Паём

  • Шарҳр додан ямиша Душанбе, 20 Май 2019 20:57 Паём аз ямиша

    Бале ХАРррЕД и все

  • Шарҳр додан Одинаш Душанбе, 20 Май 2019 14:48 Паём аз Одинаш

    он чавон он гушти гови пирро шояд як ва ё ду сол жвачка карда хурад. Махз барои хамин ба фикрам 8 кг харидааст. Мисол баъзе кайбонухо мегуянд орди осёби биёр нонашро камтар мехуранд. Гушти пиргов хам экономно аст БУРОДАР........

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter