Принт

«Исмоилдавонак»-ҳо ислоҳ шуданд


Мақолаҳои Х.Фозилов «Кафидани биноҳо аз чист?» ва «Исмоилдавонак» (СССР, 14.02.2019, №7) дар МИҲД ш.Панҷакент мавриди санҷиш қарор гирифт. Воқеан, с.2009 бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои президентӣ сохтмони бинои Кохи фарҳанг ба истифода дода шуд. Пас аз 5 сол бо маблағгузории МИҲД намои он таъмири ҳозиразамон ва пештоқи бино аз нав сохта шуд. Оид ба масъалаи сохтмони ҳавзи шиноварӣ, ки с.2011 бо маблағгузории МИҲД ба истифода дода шудааст, с.2017 бинобар таъмирталаб будан ҳавзи шиноварӣ ба пуррагӣ таъмир шуда, ҳоло ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент барои истифода вогузор шудааст. Оид ба масъалаи Маҷмааи эҷодию фарҳангии ба номи Л.Шералӣ, ки баҳори с.2018 ба истифода дода шуд, ҳангоми боришоти зиёди борон чакида буд ва баъзе аз тахтасангҳои зина канда шуданд, МИҲД ш.Панҷакент фавран ин камбудиҳоро ислоҳ кард. Бояд гуфт, иншоотҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохта ба истифода дода мешавад, 10%-и маблағи он барои таъмири бино нигоҳ дошта шуда, дар ҳолати фарсуда шудани бино аз тарафи пудратчӣ таъмир карда мешавад. МИҲД дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 5500-солагии бостоншаҳри Саразм дар маҷмӯъ бунёди 405 иншооти таъиноти гуногунро пешбинӣ карда, то ҳол 68 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Муовини якуми Раиси шаҳр
Сафарзода М.Б.

Матлабҳои дигар