ХАБАРИ ДОҒ

Тоҳир Собиров: Ҳошим бузургтарин актёри асри ХХ-ХХI аст

  • Чоршанбе, Май 15 2019

 

Ба истиқболи 82-солагии Устоди Ҳунар, Артисти халқии СССР, Барандаи Ҷоизаи Давлатии СССР ва Тоҷикистон, Ҳошим Гадоев

Охирҳои солҳои 1980 дар ш.Душанбе аҳли фарҳанг, бавижа, кормандони театру кино бӯ бурданд, ки режиссёри номии советӣ, Артисти халқии РСС Тоҷикистон, дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ Тоҳир Собиров дар тараддуди банаворгирии филми нави бадеӣ, дар бораи Восеи диловар-қаҳрамони халқи тоҷик аст. Ба назари аввал ин хабари маъмулӣ ҳисоб меёфт, аммо аз дигар сӯ, ин гуфтугузор дар давраи нави «бозсозӣ» (перестройка) сурат мегирифт. Маҳз дар ҳамин давра баъзе аз ашхоси солиёни дароз муҳри хамӯшӣ бар лаб зада (ба қавле хирсфеъл), кунун мардумро ба шӯр овардан мехостанд. Асли гап дар бораи ҳунарпеша-офарандаи нақши марказӣ дар филми нави Т.Собиров мерафт. Ҳар 1 гурӯҳ ё дастае аз ин боб ба режиссёр «маслиҳати муфид» медоданд, ки кадоме аз «артист»-он сазовортар асту маҳз ӯ бояд нақши Восеъро биофарад…
Дар ин гирудорҳо 2 даста пештоз шуданд. Аввалиҳо пофишорӣ мекарданд, ки ин нақшро ҳатмӣ бояд Ҳошим Гадоев бибозад. Аммо, онҳо муваффақ нагаштанд. Гурӯҳи дувум бар он буданд, ки ин нақш зеби Мӯсо Исоев, таҳамтани номвар аст. Вале, ин номзад низ аз санҷиш нагузашт. Аввалиҳо ҳангома барангехтанд, ки режиссёр ба Ҳ.Гадоев ҳусни таваҷҷуҳ надорад. Баъдиҳо мегуфтанд, ки режиссёр нияти аз Сурия ва ё аз ким-куҷои дигар кадом ҳунарпешаеро оварданист. Маркази баҳсу мунозираҳо қароргоҳи доимии аҳли адабу ҳунар-чойхонаи «Роҳат» буд. Он овон гули сари сабади ҳунарпешаҳои театру кино (30 метр масофа аз театри Лоҳутӣ) ва аҳли адаб («ду қадам роҳ» аз ИНТ), донишҷӯёну пиронсолон ва меҳмонон дар ягона чойхонаи зеботарини пойтахт гирди 1 коса лағмону 1 порс лӯлакабоб омада, сер аз дидори якдигар домони суҳбат ба дарозо мебурданд. Маҳз дар ин нишастҳо чанги баҳсу мунозираҳо ба ҳаво мехест. Хуллас, то ба чандин моҳ ин масъала мисли деги «далда» дар ҷӯш монд.

Дар ҷустуҷӯи Восеъ: Ҳошим, Мӯсо, Маҳмадсаид
Т.Собиров ҳамоно дар ҷустуҷӯи ҳунарпешаи мувофиқ санҷиш (проба) мегузаронд. Ба назар ӯ ба ин ҳама шӯру мағал аҳамият намедод. Бисёриҳо шояд огаҳ нестанд, ки таҳиягар ҳатто ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимовро низ барои иҷрои нақши Восеъ даъват ва аз назари санҷиш гузарондааст. Аммо эшон низ ба ин образ рост наомад (Он акси ҷаҳонпаҳлавон дар бойгонии ин ҷониб маҳфуз аст). Ахиран, Т.Собиров барои офаридани нақши Восеъ нафари ба мардум тамоман ношинос, ҳунарманди ҷавони Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ Маҳмадсаид Пиров (ҳоло Шоҳиён)-ро мақбул донист. Филми бадеии «Ашк ва шамшер» (бо фармоиши «Гостелерадио»-и СССР, аз рӯи романи С.Улуғзода «Восеъ») с.1991 пешкаши тамошобинон шуд ва он саҳфаи наверо дар кинои тоҷик рӯ гардонд…
Пас аз ба экран баромадани филм мунозираҳо хомӯш шуданд. Зеро он овон дар ҳудуди мамлакат нобасомониҳо доман густурда, дар ин гирудорҳо яке аз муддаиёни нақши Восеъ-Мӯсо паҳлавонро афроди номаълум ба қатл расониданд…

Гадоев-актёри дӯстдоштаи Т. Собир
Коршиносону ҳаводорони кино хуб медонанд, ки то ба ин дам (с.1990) муносибати режиссёри мумтоз Т.Собиров бо актёри маъруфи советӣ Ҳ.Гадоев хуб буд. Таҳиягар ҳунари актёрии ӯро эътироф мекард. Шояд қисмате дар гӯшаи хаёл надоранд, ки Т.Собиров ҳанӯз 20 сол муқаддам ӯро дар филми бадеии «Ошкоркунӣ» («Разоблачение») ҷалб намуда буд, ки он филм с.1970 пешкаши ҳаводорон шуд. Баъд аз он, Ҳ.Гадоев боз дар 2 филми бадеии Т.Собиров-«Тундбод дар водӣ» («Ураган в долине», 1972) ва «Зане аз дур» («Женщина издалека», 1978) нақш офарид.
Ба андешаи ин ҷониб, дар таърихи 90-солаи кинои тоҷик нақши Саша (Садриддин Расулов)-и Ҳ.Гадоев яке аз образҳои ҷолибу намоёни кинои тоҷик ба ҳисоб меравад. Тандеми қаҳрамонони асосии филм Даря (Ирина Калиновская) ва Садриддин (Ҳ.Гадоев) бисёр диданӣ, ёдмон, ҷолиб ва муассир баромадааст. Яке аз сабабҳои дар лавҳи хотир нақш бастани ин филм агар мавзӯи ҶБВ бошад, аз сӯи дигар ин ҳунарнамоии волои Ҳ.Гадоев аст.
Ҳамчунон, аксаран ин филм дар арафаи Иди Ғалаба-9 май тавассути шабакаҳои ТВи Тоҷикистон намоиш дода мешавад ва ин амалест шоиставу хотирмон. Зеро ба ҳиҷ ваҷҳ диловарии падару бобоҳои хешро дар размгоҳҳои ин ҷанги хонумонсӯз фаромӯш набояд кард. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Т.Собиров ҳунару истеъдоди актёри хориқулода, Артисти халқии СССР, лауреати Мукофоти давлатии СССР, барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ Ҳ.Гадоевро эҳтиром мегузошт…

Ҳошими аристократ-болотар аз Восеъ аст…
Тирамоҳи с.1998 бо даъвати ҳунарпешаи шинохта Ортиқи Қодир бо устодон Муъмин Қаноат, Т.Собиров, раиси вақти ИЖТ Акбари Саттор (равонашон шод бод) ва ин ҷониб ба сӯри пайвандони эшон ба рустои зебоманзари Нилӯи Ҳисор роҳ пеш гирифтем. Дар бозгашт, раҳораҳ, аз устод Т.Собиров бобати омодагиҳо ба филми «Ашк ва шамшер» ва қиссаи «проба»-и ҳунарпешаҳо дар нақши Восеъ-қаҳрамон ва напазируфтани Ҳ.Гадоев ҷӯё гаштам. Мусоҳибам риштаи сухан ба даст гирифт:
-Мақсадатро фаҳмидам, Умархон. Коҳи куҳнаро бод додан мехоҳӣ, майлатон. Бале, он шабу рӯз дар ҳаққи банда болову поён чӣ гапҳое, ки нагуфтанд. Ончунон мазамат карданд, ки гуфтан надорад. Қариб монда буд, ки маро хиёнаткор бароранд… Кино санъати хос аст, на ҳар омӣ ва калакаду аз асрори он воқиф аст. Ҳар 1 маслак қоидаҳои навиштаву нонавиштаи худро дорад. Қабл аз оғози банаворгирии филме режиссёр заҳмати зиёд мекашад. Яке аз қисматҳои асосии филми бадеӣ ин интихоби ҳунарпешаҳо дар нақшҳои марказист. Баҳри дарёфти 1-2 актёри асосӣ таҳиягарон даҳҳо нафар ҳунармандонро аз дохилу хориҷ аз «проба» мегузаронанд. Акнун дар бораи Ҳошим-ако. Ман ин актёри тавонои тоҷикро воқеан ҳам дӯст медорам. Нисбати ин марди ҷоннисори касб ягон бор беэҳтиромӣ накардаам. Сабаби тасдиқ нашуданаш дар нақши Восеъ. Дар симои Ҳошим аз ҳад зиёинамоӣ ва ашрофзодагӣ ҳувайдост, ки ин барои иҷрои нақши Восеъ халал ворид месохт. Ҳошим манераи (рафтору кирдори) аристократӣ дорад. Барои одами мефаҳмидагӣ ба фикрам ҳамин асос бас будагист. Дар шоҳидии шумо-бародарон мардона иқрор мешавам:
«Ҳошим дар олами театр, ба вижа кинои ватанӣ, на танҳо советӣ, балки дар радаи бузургтарин актёрони сатҳи ҷаҳонӣ мақом дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон ба пояи Ҳ.Гадоев актёреро наметавон дид. Инро ман, Тоҳир Собиров мегӯям. Боқӣ ихтиёр доред…».
Нисбати бародари гиромӣ Мӯсо-паҳлавон. Ин бародар низ барои иҷрои нақши Восеъ мувофиқ набуд. Мӯсо нақши қаҳрамони халқ Восеъро мисли суперқаҳрамон мебозид, айни боевикҳои ҳолливудӣ…».
Бо гузашти солҳо, ин ҷониб ақидаи санъатшинос Маҳмадулло Табаровро ҷонибдорам, ки мегӯяд: «Тоҳир Собиров дар ҷалби ҳунарпешаи ҷавон М.Пиров хато накардааст, ба қавли худи устод «он очень мудро поступил». Дуруст аст, ки барои офаридани нақши Восеъ барои таҳиягар ҳунарманде соф халқӣ даркор буд. Ба қавли дигар, актёре, ки «вайрон» нашуда бошад…
Инак, аз он муколама 21 сол сипарӣ гашт. Ва ин баҳои режиссёри бузурги кинои советӣ Т.Собировро дар арафаи 82-солагии Артисти халқии СССР Ҳошим Гадоев (10.5.1937) пеши назар оварда, таъкид карданиям, ки Ҳошим Гадо воқеан ҳам симои аристократияи Миллати Тоҷик дар ақсои олам ва маҳдудаи синамои Советӣ маҳсуб мерафт (ҳатто нақшҳои манфии босмачиҳои ӯ шукӯҳу шаҳомати билотасвир доштанд!), ки дар тӯли 2 асри ахир-20 ва 21 мунодии ҳунари театру синамост ва бояд аз сӯи ҳукумат, вазоратҳои зидахл ва халқи Тоҷик абадан қадшиносӣ шавад. Мо Метавонем!

Умари ШЕРХОН
Махсус барои СССР

***
Ман театри тоҷикро дар симои Ҳошим Гадо тасаввур мекунам. Замоне, ки Ҳошим Гадо худро аз театр канор гирифт, театри тоҷик моҳияти худро аз даст дод!!!
Ш.Нуриддинов. 8.12.2015.
***
Аслан Ҳошим Гадо ба муаррифӣ ниёз надорад. Ролҳои бозидаи Ӯ хоҳ дар саҳнаҳои театр, хоҳ дар кино муаррифигари ӯянд. Худи нақшофарии Ҳошим Гадо далели он аст, ки на ҳар як ҳунарманд мисли вай нақш офарида, ба дили тамошобин роҳ ёфта метавонад.  Тамоми нақшҳои вай дар кино ҳеҷ гоҳ қимати худро гум намекунад ва нахоҳад кард.
Ҳадиятулло Қосимов
ш.Душанбе. 20.03.2019
***
Вақте аз наздик бо Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Лауреати мукофоти Давлатии СССР, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Арбоби санъати Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадоев шинос шудам, қоил шудан он тараф истад, аз муъҷизаофариҳояш дар ҳайрат мондам. Кӣ метавонад дар 1 муддати кӯтоҳ беш аз 200 том асар оид ба эҷоди худ омода кнуад? Худи часпу талош барои пешниҳоди мардум кардани ин асарҳо қаҳрамонист. Вақте чанде аз асарҳои пандомӯзашро хондам, гиря гулӯгирам кард. Барои он, ки устод Ҳ.Гадоев дар офариниши ролҳо хоҳ дар кино, хоҳ дар театр ба мамониатҳои «нотавонбинон» дучор омада аз байни онҳо чун торҳои «анкабут» бо душвориҳо ба онҳо сар хам накарда баромадааст. Ҳоло ҳам дер нашудааст, ба фикри банда, бояд шахсияти ин нобиғаи сатҳи ҷаҳонӣ ҳаматарафа омӯхта шуда, барои санъаткорони баъдӣ ҳамчун дастурамал истифода қарор бигирад.
Усмон Охунов
мушовири давлатии адлия дараҷаи 3, генерал-майори адлия
***
Почему люди хотят быть популярными? Им хочется, чтобы их любили. Чем большее количество людей тебя любит, тем больше у тебя пространства. А жизнь - это борьба за пространство…
Андрей КОНЧАЛОВСКИЙ, поэт и режиссёр,
сын Сергея Михалкова

***
О крупнейших трагиках мира я много читал и наслышан, а сегодня, после просмотра на таджикской сцене «Эдипа», я воочию увидел такого трагика. Это – Хошим Гадоев. Люди часто говорят, что театр теряет своего зрителя. Пока живы такие мастера, как Хошим Гадоев – наш театр никогда не умрёт…
Кирилл ЛАВРОВ, Россия

***
Во время спектакля «Юный Сино» я, может быть, впервые позабылся. Позабыл, что это моё произведение и на сцене Хошим Гадоев. На сцене был настоящий живой Сино…
Сотим УЛУГЗОДА, Народный писатель Таджикистана

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter