Принт

84 кӯдаки тоҷикро аз Бағдод ба Ватан оварданд


Беҳтарин хайрияи ҷорӣ, дар арафаи Моҳи Шарифи Рамазон, ин аз «Давлати исломӣ» ҷамъоварӣ ва ба Тоҷикистон овардани атфоли бесоҳиби собиқ «муҷоҳидине шуд, ки мисли саг дар набардҳои бемаънӣ кушта шудаанд». Инҳо дигар кӯдакони «фанат»-ҳо не, ки атфоли Давлати Тоҷиконанд. Мо Метавонем!

Шоми 30.04.2019 тавассути ҳавопаймои махсуси ширкати Fly Erbil-хатсайри чартерӣ 84 нафар кӯдакони ноболиғи тоҷик аз Бағдод ба Ватан оварда шуданд. Кӯдакон ва ноболиғон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва нерӯҳои дигари террористию экстремистӣ вориди сарзамини Сурияву Ироқ шуда, баъдан ё қисман ятим мондаанд ё падаронашон куштаву модаронашон дар маҳбас қарор доранд. Дар қатори даҳҳо намояндагони ВАОи ватаниву хориҷии кишвар хабарнигори газетаи СССР низ он шом ба пешвози ин кӯдакон баромада, шоҳиди ин рӯйдоди таърихӣ ва бесобиқа гашт.



Ҳукумат ба пешвози фарзандонаш баромад
30.04.2019. Соат бо вақти Душанбе 21:45 дақиқа. Дар толори нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагони ВАО ҷамъ шуданд. Қаблан гуфта буданд, ки ҳавопаймо бояд соати 21:20 дар фурудгоҳи пойтахт фуруд ояд, лек баъдан эълон намуданд, ки он 1 соат таъхир дорад. Аммо ин хабар касеро озурда накард, зеро ин интизорӣ шодиёна ва гуворо буд. Ин шом ба пешвози кӯдакони тоҷик Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири Президенти ҶТ, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Икром Субҳонзода, сардори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, Нусратулло Мирзоев, муовини раиси КДАМ, Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, Шодихон Ҷамшед ва Саида Умарзода, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ баромада буданд.

Хатсайри таърихӣ
Соат бо вақти Душанбе 22:21 дақиқа. Ҳавопаймои ширкати Fly Erbil дар фурудгоҳи ш.Душанбе фуруд меояд. Бо ибтикори Исматулло Абдуллозода, директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳавопаймои мазкур наздиктар ба толори ВИП ист мекунад. Пас аз гузоштани зина-трап нахуст ба дохили он чанде аз кормандони маъули марзбонӣ, вазорати корҳои хориҷӣ ва кормандони хадамотҳои фурудгоҳ ворид мешаванд. Беш аз 10 дақиқа мегузарад, то он, ки талаботҳои расмиёти пешвози хатсайр анҷом шавад. Дар берун ҳама дар ҳаяҷон ва интизорӣ, аз дохил бошад кӯдакони зимни парвози беш аз 3-соата бетоқат шуда, мунтазам аз оинаи ҳавопаймо нигоҳ андӯхта, сӯи мардуми дар берун ҷамъомада даст меафшонданд…

Мардон намегирянд, Шоҳмардон гирист!
Соат бо вақти Душанбе 22:31 дақиқа. Билохира, аз дохили ҳавопаймо баромадани мусофирон сар мешавад. Нахуст Зубайдулло Зубайдзода, сафири ҶТ дар Ироқу Қувайт бо 2 кӯдаки тахмин 3-4 сола берун мебарояд-он лаҳза ба назар мерасад, ки тамоми фурудгоҳ сукут кард… Гиряи мардонро қаблан ҳам дида будам, аммо гиряи ҷавонмарди асили тоҷикро бори нахуст дидам-ҳар зинае, ки Зубайдзода бо ин 2 кӯдак тай карда, ба хоки Ватан наздиктар мешуд, пур аз дард буд. Чашмони сафир пур аз обу гулӯяш гирифта, ҳатто натавонист сӯи даҳҳо камераҳо, ки ин лаҳзаро ба навор мегирифтанд, лоақал 1 маротиба назар андӯзад.
Пас аз чанд рӯзи ин амали таърихӣ Фераз Лоиқ Ҳасан-роҳбари созмони ҷамъиятии ироқӣ-"Дарвозаи адолат" зимни мусоҳибааш ба журналистон нақл мекунад, ки чӣ гуна сафир дар дохили ҳавопаймо сарулибоси кӯдаконро иваз мекарду ба онҳо хӯрок медод, хеле ҳаяҷонзада буд. Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук баъдан навишт, ки аз изтиробу ҳаяҷони сафир, аз талотуми қалби сафир, аз гиряи нафасгири сафир ӯ намегӯяд. Мардон намегирянд, шоҳмардон мегирянд...

Хатсайри муҳаббат
Пас аз сафир кӯдакон-мусофирони дигари ин хатсайри муҳаббат-корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин хатсайр аллакай чунин ном гузоштаанд, бо навбат баромадан гирифтанд. Хурдтарини ин кӯдакон 1-сола буду бузургтаринаш 18-сола, бархе хоҳар ва ё додаронашонро ба даст гирифта, мебаромаданд.
«-Ин тифлакони бегуноҳ фарзандони ононе ҳастанд, ки агар падаронашон имкон медоштанд, хоки ҳукуматро мебехтанд. Аз ваҳшонияти "Давлати исломӣ"-и Ал-Бағдодӣ дунё медонад. Ҳукумат метавонист чашм бипӯшад. Аммо барои наҷоти фарзандони душманонаш камар баст. Сарнавишти ин кӯдакон талх аст. Падаронашон дар ҷангҳо кушта шудаанд, ё шояд бархе аз онҳо дар биёбоне ё кӯҳпорае пинҳон шудаанд. Модаронашон дар маҳбасанд. Шояд бархе мегӯянд: Бигзор онҳо дар зиндони 1 кишвари дур ва ноошно бо модаронашон мемонданд. Ҳамчун ҷазо ба он заноне, ки "ба террорист" ба шавҳар баромадаанд. Муҳим нест, кӣ чӣ мегӯяд, муҳим он аст, ки 84 тоҷик наҷот ёфт!»- менависад яке аз корбарони шабакаи Фейсбук.
Ҳар 1 кӯдакро духтурон пешвоз гирифта, ба автобусҳо шинонида, ба мактаб-интернати «Харангон» воқеъ дар дараи Варзоб бурданд. Онҷо ҳамаи кӯдакон аз муоинаи тиббӣ гузашта, 2-3 ҳафта зери назорати равоншиносон будубош хоҳанд кард. Бино ба гуфтаи Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, омбудсмени кӯдак, баъдан хешутаборон, ки хоҳиши нигоҳубини фарзандонро доранд, метавонанд онҳоро бубаранд, нафароне, ки бе хешутаборанд, ба хона-интернатҳо тақсим карда мешаванд.

Фиристанда агар доно бувад!
Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук менависад, ки Ҳукумати Тоҷикистон метавонад бо аксари сафиронаш бифахрад. Қаҳрамони имрӯзи мо З.Зубайдзода-сафири Тоҷикистон дар Кувайту Ироқ аст. Корнома ва зиндагиномаи дипломатҳо дар бисёр ҳолатҳо паси пардаанду баъди солҳо, бо гузашти айём гоҳо мо ёддоштҳои ононро мехонем. Бояд қайд намуд, ки баргардонидани ин кӯдакони тоҷик дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои хориҷии бархе аз кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, Ироқу Қувайт, созмонҳои байналмилалӣ, амсоли ЮНИСЕФ сурат гирифта, бино ба гуфтаи коршиносон дар ин кор саҳми Зубайдзода кам нест. Дар пайи амалиёти наҷоти 84 кӯдак, ки аз Ироқ баргардонида шуданд, чӣ заҳматҳо, гуфтушунидҳо, дидуводидҳо меистанд, шояд аз китоби хотираҳои сафири кабир пасон бихонем, аммо ҳоло ба ӯ сипос мегӯем! Браво, ҷаноби сафир! Шумо метавонед!

Гуманизми Эмомалӣ Раҳмон-бесобиқа дар ҷаҳон!
Тавре дар Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ омадааст, ин амал тибқи дастуру супоришҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, масъалаи ҳарчӣ зудтар баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик ҳамеша мавриди пайгирии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Гуфта мешавад, айни замон дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо, марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 тан зан ва 95 тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, ки миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд ёфтаанд.
Ман мутмаинам, ки бо сиёсати пешгирифтаи Президенти ҶТ, сарвари маҳбуб ва башардӯст Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин шаҳрвандони тоҷик низ дар ояндаи наздик ба Ватан оварда мешаванд, амсоли ин 84 тифл. Боз ҳам дар он замоне, ки кишварҳои ҳамсояи мо аз чунин кӯдакони хеш ба хотири олуда накардани фазои сиёсиву иҷтимоии мамлакати худ даст кашиданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти он, давлату Ҳукумати тоҷик талош карданд, фарзандони хешро ба Ватан биёранд. Коре шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ 1 сӯ, ҳатто давлатҳои Аврупо дар ҳалли он оҷиз буданду ҳанӯз ҳам роҳи овардани шаҳрвандони худро наёфтаанд! Агар гӯем, ки ҳар 1 кӯдаки тоҷикро аз тӯъмаи марг наҷот додему харидему боз ҳам пул дода ба Ватан овардем, хато нахоҳад буд! Зеро мо метавонем! Сипос ба Миллату Давлати Тоҷик! Аҳсант! Офарин! Браво!

Ҷамила Ҳусейнова, нашри махсус, СССР

Матлабҳои дигар