ХАБАРИ ДОҒ

Беинсофӣ дар бозорҳои Душанбе

  • Чоршанбе, Май 15 2019

Агар раисони бозорҳо ва масъулини бахши савдову бозорҳои пойтахт бо чанд тан фурӯшандаи беэмон мубориза бурдаву нархҳоро танзим карда натавонанд, оё тавони ҳифозат аз сиёсати амнияти озуқавориро доранд? Ба инҳо бояд мӯҳлат дод ва дар сурати ислоҳ нашудан ҷояшонро холӣ кунанд. Зеро баландшавии нарх дар пойтахт бар имиҷи давлат мезанад, нархҳоро дар тамомии кишвар боло мебарад ва ба норизоии мардум оварда мерасонад. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Боби 1. Беинсофӣ дар «Саховат»
Ҳамасола президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти хеш бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба мардум муроҷиат карда, онҳоро ба корҳои хайру сахо даъват ва таъкид мекунад, ки ба зиёдаравӣ роҳ надода, хони оддии идона барпо кунанд. Дар баробари ин туҷҷор, хоса, гӯштфурӯшонро ба адлу инсоф даъват мекунад, то ки дар ин моҳ нарху навои маводи ғизоиро баланд набардоранду ба мардум ҷабр накунанд. Вале ба кӣ мегӯӣ?! Гӯё онҳо гӯши шунаво надошта бошанд ва дар ин моҳ аксари савдогарон имонро 1 сӯ гузошта, нархҳоро ба ҳаво мебардоранд. 2 рӯз пеш аз моҳи Рамазон барои харидани маводи ғизоӣ роҳ сӯи бозори «Саховат» гирифтам. Ин ҷо мардуми зиёд ба хариди маводи ғизоӣ машғул буданд. Аллакай дида мешуд, ки нархи ҳама намуди маводи ғизоӣ аз рӯзҳои пешин боло рафтааст. Ҳатто дар дӯкони Агентии захираҳои моддӣ низ дар ин рӯз нархи 1 кг картошка 2-70, сабзӣ 2-40 ва пиёз 2-40 сомонӣ муайян шуда буд. Ҳол он ки 1 ҳафта пеш ин маҳсулот аз нархи ҳозира 40-50 дирамӣ арзон фурӯхта мешуданд. Дар дӯконҳои гӯштфурӯшӣ бошад гӯшти аълосифат дида намешуд. Дар ҳама дӯконҳо нархи гӯшт 40 сомонӣ навишта шуда буд. Вале савдогарон ба 1 миқдор гӯшти харидашуда ҳатман равғани зиёд илова мекарданд, ки он ҳам бо нархи гӯшт ҳисобӣ мешавад. Дар ин сурат нархи гӯшт 40 сомонӣ нею 46-47 сомонӣ мешавад.

Боби 2. Беинсофӣ дар «Деҳқон»-бозор
Рӯзи дигар, яъне 1 рӯз пеш аз моҳи Рамазон дар бозори «Деҳқон» анбуҳи одамон барои хариди маводи ғизоӣ омада буданд. Маъмурони ин бозор бо баландгӯяк дам ба дам савдогаронро ба адлу инсоф даъват мекарданд. Вале ин ҷо ҳам ҳангоми савдои гӯшт аз тарозу мезаданд. 2 тан муаллима гӯштро бо нархи 40 сомонӣ хариданд, лек чун онро дар тарозуи фурӯшандае баркашиданд, килои гӯшт пурра набуд, аллакай нарх ба 45 сомонӣ дакка мехӯрд. Назди гӯштфурӯш рафта, бақияи пулашонро талаб карданд. Фурӯшанда ҷуз баргардонидани бақия дигар илоҷе надошт. Воқеан ҳам нимаи дуввуми рӯзи якшанбе-арафаи Рамазон, нархи гӯшт дар «Деҳқон»-бозор то 60 сомонӣ дакка хӯрд! Ана ин инсофу эмондории мусалмонии мо!!! Дар тамоми давлатҳои дунё пеш аз фарорасии идҳо дар фурӯши ҳама намуди маводи ниёзи аввалия арзонӣ эълон карда мешавад. Дар мо бошад баръакс! Агар савдогарони мо дар ҳақиқат худро мусулмони комил ҳисоб кунанд, набояд дар ин моҳи Шариф ба фиреби мардум даст зананд. Ҳамаи аъмоли шумо дар назди Худованд ба ҳисоб гирифта мешавад, муҳтарам туҷҷор ва он саволу ҷавоби худро дорад. Инсоф ҳам чизи хуб аст!

Назари Наврӯз, мухбири мардумии СССР, ш.Душанбе


Дар ҳамин маврид-рубрика
СССР ба рейд баромад!
Иқтибос аз паёми табрикии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон, 5.05.2019:
«Дар ҳадисҳои пайғамбари ислом оқибати чунин рафтор таъкид шудааст: -
"Тоҷири қиматфурӯш ва шахси худкушикарда дар 1 дараҷа қарор мегиранд. Зеро ҳар ки дар коре аз нархгузории рӯзгори мусулмонон, яъне боло бурдани нархи молҳо бар онҳо дахолат кунад, пас дониста бошад, ки Худованд ӯро рӯзи қиёмат дар оташи сӯзон қарор медиҳад”.

Дар «Меҳргон» нест гӯшти арзон!
6.05.2019. Соат бо вақти Душанбе 17:00 дақиқа. Назар ба 6 моҳ пеш имрӯз равуои мардум ба ин бозор, ки аллакай онро харидорон «бозори қиматфурӯшон» ном кардаанд, хеле зиёд асту фурӯшандагон дар байни растаҳо низ маҳсулоти хешро бароварда савдо мекунанд. Мақсади мо, ки нархи гӯшт буд, нахуст ба самти дӯконҳои гӯштфурӯшии ин бозор роҳ гирифтем. Аксарияти растаҳо дар ин соат холӣ буданду ба ҷуз навиштаи «Нархи 1 кило гӯшт-40 сомонӣ» дигар чизеро надидем. Нархи 1 кг гӯшти бузу гӯсфанд низ баробари нархи гӯшти гов 40 сомонӣ арзиш дошт. Аҷиб! Пештар нархи гӯшти бузу гӯсфанд аз нархи гӯшти гов фарқ мекард, ҳоло гӯштфурӯшон ин фарқиятро хеле хуб баробар карданд! Дар беруни бозор аз ҷониби маъмурияти худи бозор ва Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҶТ ярмарка ташкил шуда буд. Агар дохили бозор 1 кг пиёзи нав 3,5 сомонӣ буд, дар ярмарка низ нарх ҳамон! 1 кг бодиринг дар дохил 5 сомонӣ, дар ярмарка бошад 3-4 кг 10 сомонӣ арзиш дошт. Нархи гӯште, ки танҳо дар 1 дӯкони ярмарка фурӯхта мешуд, 40 сомонӣ буду қассобон ба харидорон онро серравған карда мефурӯхтанд…

Гӯшти арзон харидор надорад?
Соат бо вақти Душанбе 18:30 дақиқа. Пас аз бозори «Меҳргон» рост ба бозори «Саховат» меоему гӯшти арзон мекобем. Таваҷҷӯҳи мо асосан ба ярмаркаҳои бозорист, ки дар он маҳсулоти ниёзи аввалия бояд бо нархҳои нисбатан арзон фурӯхта шавад. Растаҳои берунии гӯштфурӯшии ярмаркаи ин бозор аллакай холӣ шуда буданд. Нархи гӯшти дӯконҳои дохили бозор низ 40 сомонӣ арзиш дошту харидор на! Нархи 1 кг пиёз дар бозори «Саховат» 2,5 сомонӣ, сабзӣ 2,2 сомонӣ, картошка 2,5-2,7 сомонӣ, помидор 8-10 сомонӣ ва бодиринг 3-5 сомонӣ буд. Субҳи 7.05.2019 дар ярмаркаи ин бозор гӯшти 40 сомонӣ буд, лек боз ҳам харидор надошт…зеро сифат надошт!

Бозорҳои хусусӣ-сабабгори афзоиши нархи гӯшт!
7.05.2019. Соат бо вақти Душанбе 8:00 дақиқа. Сӯи бозори «Деҳқон»-и пойтахт, ки ҳамчун яклухтфурӯшӣ шинохта шудааст, раҳсипор мешавам. Дар даромадгоҳи бозор аз ҷониби маъмурият ярмарка ташкил карда шудаасту нархи 1 кг гӯшти гов 40 сомонӣ арзиш дорад. Аз фурӯшанда мепурсам, ки оё гӯшти босифаттаре дорад? Дар ҷавоб бо қаҳр таъкид медорад, ки «гӯшти хуб хоҳӣ, ба «Пайкар»-у «Ёвар» рав, ки бароят гӯшти лаҳмро аз биқини гов бурида медиҳанд!».
Чуноне ки ин қассоб гуфт, ажиотаж-ҳаёҳӯйи қиматшавии гӯшти гов ҳамасола танҳо дар 2 маврид пайдо мешавад: яке пеш аз фарорасии моҳи шариф ва дигаре дар арафаи иди Рамазон. Овозаро онҳое мекунанд, ки аз нарху навои бозор хабар надоранду маҳсулотро аз дӯкони назди хонаашон харида, пасон баҳо медиҳанд. Бино ба иттилои қассоб ҳар субҳ тамоми бозорҳои хусусӣ ва дӯконҳои гӯштфурӯшии пойтахт гӯштро яклухт аз бозорҳои коммуналӣ мехаранду баъдан 45-50 сомонӣ сари ҳар 1 кг фурӯхтан мегиранд. Дар рӯзи 2-юми моҳи шарифи Рамазон 1 кг пиёз дар ярмаркаи бозори «Деҳқон» 2,5 сомонӣ, сабзӣ 2-2,2 сомонӣ, картошка 2,5-2,7 сомонӣ, бодиринг 4 кг-10 сомонӣ, помидор 6-10 сомонӣ нарх дошт.

Ромини Амин,
СССР


PS: Вақте матлаб омода мешуд, яке аз хонандагони газета ба идора занг зада хабар дод, ки яке аз сабабҳои камчин шудани гӯшти чорво ва боло рафтани нарх дар он аст, ки ҳамарӯза даҳҳо фура-мошинҳои гаронвазн аз вил.Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ гову гӯсфанд бор карда, тавассути марзи вил.Суғд ба Қирғизистон-Ошу Бодканду Лайлақ, ноҳияҳои наздимарзии ин кишвари ҳамсоя мебаранд. Қассобони қирғиз моли зиндаро аз тоҷикон бо маблағи гарон мехаранд ва агар мақомоти ваколатдор ба ин бовар надоранд, метавонанд аз ширкати IRS омори ҳаррӯзаро бигиранду бубинанд, ки чӣ миқдор чорво аз марзи пойтахт сӯи шимол гузашта меравад…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter