Принт

Браво, Ҷаноби Олӣ!!!


Ин нидои ман нест! Ин садоест, ки 11.05.2019, баъди пахши телевизионии вохӯрии президенти ҶТ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, палатаи ҳисоб ва бонкдории кишвар (10.05.2019) дар хиёбону паскӯчаву хонаву ҳавлии ҳар тоҷикистонӣ садо дод! Зеро халқ фаҳмид, ки президенташ аз ҳама кору бору фаолияти ниҳониву ошкорои мақомоти марбута огаҳу воқиф будааст…
Ин дидор чанд «қаҳрамон» низ дошт. Неъ, наёфтед, он ҷавони гумрукие, ки дар 20 моҳ сармояи ҳангуфте ҷамъу гир кардааст, қаҳрамон нест. Қаҳрамони пуштипардагӣ онест, ки 1 бодовардаи бедипломро бар ивази чизе ё супориши касе бар 1 вазифаи калидии гумрукӣ гузоштааст. Магар садри Кумитаи Гумрук, мӯҳтарам Хуршед Каримзода аз ин кор дарак надошт? Агар дошт, вой бар ҳолаш, вале агар надошт, 200 вой бар ҳоли генерале, ки намедонад, дар ниҳоди зертобеаш чӣ корҳое мегузарад!!!
Инаш ҳам гӯрба: Маълум шуд, ки «тибқи иттилои Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар 10 соли охир аз ҷониби кормандони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук беш аз 700 қонунвайронкунӣ, ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир шудааст, ки аз нисф зиёди онҳо бо суистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора вобастагӣ доранд.»
Қаҳрамони дуввуми ин дидор Кумитаи андоз дар ҷамъу тарҳ буд. Бар тибқи гузориши Сарвари давлат, андозҳои мо дар даврони раёсати Нусратулло Давлатзода, дар қораи Осиё аз ҳама гаронтарин шудаанд. Ин аст, ки на танҳо сармоя ба кишвар намешорад, ки соҳибкорон сармояашонро ба хориҷи дуру наздик интиқол додан доранд! Воқеан ҳам дар ин бора, газетаи мардумӣ чанде қабл навишта буд. Мо Метавонем!
Зимнан 1 воқеаи нодири дигар хотирам омад, ки 6 сол пеш, дар соли 2013, газетаи «ИмрӯзNEWS» навишт, ки бар тибқи қиёси омори овардаи гумруки Чин ва гумруки Тоҷикистон дар марзи мо 1 млрд доллар ғайб задааст!!! Ҷониби Хитой расман навиштааст, ки дар тӯли с.2012 молу коло ба маблағи 1 млрду 700 млн доллар марзашро убур кардасту гумруки ҶТ ҳисобот медод, ки танҳо дар ҳаҷми 670 млн! Ва ин танҳо дар 1 марз ва 1 самт! Дар дигар гузаргоҳҳои гумрукӣ чӣ мераваду чӣ мегузарад, мӯҳтарам Сарвари Давлат рӯзи 10.05.2019 шахсан таъкидан қайд карданд. Ва агар он замон мақомоти марбута матлаби ҳамкорони моро таҳлилу баррасӣ мекард, шояд кор то ба ин ҳадде намерасид, ки худи Президент аз ин ҳолат бонги изтироб занад! Пас, акнун бигӯед, мӯҳтарам масъулин, кӣ дӯсти ин давлату ин ҳукумат аст? Газетаҳои хусусӣ, ки дуздии чанд ҳатулеро фош мекунанд ва ё шумо, ки онро пинҳон мекунед?
А, Палати ҳисоб чӣ? Чанд сол пеш ин ниҳодро ҳукумат барои мубориза бо фасод бунёд кард, аммо маълум шуд, зумрае аз кормандони палата дар таҳкими фасоди бузург нақши бориз доштаанд. Ман не, Президенти ҶТ инро гуфт!!! Маълум шуд, ки масъулин танҳо аз сохтусози 1 беморхонаи Истиқлол, ки воқеан ҳам тӯҳфаи Ҷаноби Олӣ ба душанбегиҳо буд, миллионҳо сомониро дуздидаанду муфаттишони Палати ҳисоб, бар ивази 250.000 доллари амрикоӣ, аз ин амал чашм пӯшидаанд. Хайрийят, он замон сарвари Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва фасод Рустами Эмомалӣ буд ва кормандонаш на танҳо $500.000 ришваро нагирифтанд, ки порадеҳонро боздошт ва ҳабс карданд! Акнун тасаввур кун, хонанда, вақте маблағи пораи додаи масъулин 750.000 доллар, баробар бар (ҳудудан) 7 млн сомонӣ бошад, пас худашон ЧАНД МИЛЛИОН дуздидаанд!!!
Соҳаи бонкдорӣ низ бе камбуд нест. Муайян гардид, ки Прокуратураи генералӣ дар давоми 10 соли охир нисбат ба 372 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба маблағи зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ зарари дар натиҷаи амали онҳо ошкоршударо барқарор кардааст. Шахсан ман шубҳа дорам, ки ин ҳадди ахир бошаду тамомии хараҷу мараҷ барқарор шудааст. Тавре мегӯянд, «Лаҳзаҳои гуворо давом дорад!».
Вақте бонк мегӯем, пеши назар сараввали симои Муродалӣ Алимардон меояд, ки то ҳанӯз ҳазорон мизоҷаш бо оби чашм дари ӯро охурча кардаанд. Маълум шуд, ки ба ин буҳрони молӣ худи кормандони Агроинвестбонк саҳми бевосита доштаанд. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар давраи солҳои 2010-2018 нисбат ба 116 корманди бонки мазкур 331 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хислати коррупсионидоштаро ошкор кардааст, ки аз ин 135 ҳолат ҷиноятҳои вобаста ба ғайриқонунӣ додани қарз, 11 ҳолат ришвадиҳии тиҷоратӣ, 50 ҳолат қаллобӣ, 47 ҳолат тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда, 18 ҳолати азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 6 ҳолати сохтакории хизматӣ ва 61 ҳолат ҷиноятҳои дигар мебошанд.
Андаке рӯшноӣ барои фоши АФЕРА-ғиромии ин бонк. Масъулин амволи ба гарав гузоштаро аз будаш баланд нархгузорӣ карда, қарз медодаанд. Фарзи мисол, Агроинвестбонк арзиши аслии 78 номгӯи амволро, ки нархи аслияшон 401 млн. аст, 870 млн. сомонӣ нарх гузошта, ба чанд соҳибкор 468 млн. қарз додааст. Табиист, ки онҳо қарзро барнагардонидаанд ва бонк танҳо дар ҳолати бозпаскашии амвол…40 млн сомонӣ зарар дид! Фикр мекунед, ин афера бе ришваву ошнобозӣ ва коррупсия сурат гирифтааст? Хестед, ки хобед!
Ин ҳам дарди бахайр. Масъулини бархе бонку зумрае аз масъулини Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа коре кардаанд, ки Гоголи бузург бо романи «Мёртвые души»-аш дар гӯр ҳайратӣ мешаванд. Зеро агар Чичикови Гогол ҳамагӣ дар 1 деҳа аз мурдаҳо нафақа меситонид, пас инҳо, дар саросари кишвар, аз 211 нафари ким-кайҳо мурда, 360.000 сомониро аз буҷҷаи давлат ситонида, чун нафақаи зиндаҳо, бар ҷайби худ задаанд!!! Фарзи мисол, корманди Амонатбонки даврони раёсати Руҳулло Ҳакимзода, мӯҳтарам Алифбеков Э. аз картаи Надежда Лебедева, ки ҳанӯз соли 2012 фавтидааст, бо асноди қалбакӣ тӯли 25 моҳ, 360 ҳазор сомонӣ рӯёнидааст!!! Марг бар мурдахӯриатон-э…
Дар ҷамъ мақомоте, ки бояд буҷҷаро ғанӣ созанд, садҳо миллион ба буҷҷа зиён овардаанд… Ва аз ҳама муҳимаш дар ин гирудор медонед чӣ буд? Неъ! Наёфтед!!! Чанд сужаи ин гузориш роҷеъ ба фошсозии дуздиву фасод аз сӯи Президент, ки бар обрӯи Сарвари давлат замм мекард, ҳини пахши такрорӣ, дар ҳама шабакаҳои ТВ …лағв шуд. Мегӯед тасодуф? Шахсан ман шубҳа дорам. Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар