Принт

Мо ва атфоли мо


Беҳтарин иқдоми Ҳукумати марказӣ, дар пасманзари баргардонидани 84 кӯдаки ҷангиёни ДИИШ, агар имрӯз баррасии реалӣ наёбад, фардо бо фоҷеа хатм хоҳад шуд! Мефаҳмонам:
-Ҳоло дар ҷамъият сару садоҳо роҷеъ ба ояндаи ин атфол бисёр ба гӯш мерасанд. Бархе даъво доранд, ки онҳоро масъулини баландпояи давлат ба фарзандхондагӣ гиранд; зумрае талаб доранд, ба хонаводаҳои бе кӯдак тақсим шаванд; Аммо аз ҳама хатаре, ки ба ин атфол таҳдид мекунад, ҳам ин аст, ки хешовандонашон даъвои гирифтани онҳоро доранд. Чаро инро хатар хондем?
-Ба таҳқиқ, агар аҳамият додаед, ифротиёне, ки ба ДИИШ рафтаву бо Абубакри Бағдодӣ байъат кардаанд, дар хонаводаҳои ифротӣ тарбият ёфтаанд ва ё аллакай табори хешро мутаассиб сохтаанд. Ин аксиома аст. Зинҳор ин атфолро ба онҳо надиҳед, ки муҳликтарин хатои давлат хоҳад шуд! Ин амал батар аз он аст, ки онҳоро умуман намеовардем!!!
Мисоле ҳам дорам:
-Аз водии Вахш 1 пирзоле, ки тӯли умр аз ҳисоби дуздиву фасоди шавҳари раҳматияш рӯз мегузаронид, ба нохост ифротӣ шуд. Ин пирзол, ки ба зан гуфтанаш забон ҳам намегардад, 3 писар, 3 келин ва тамомии набераҳояшро худ билет харида, тавассути Туркия чанд сол пеш, ки ДИИШ мӯд буд, ба Сурияву Ироқ фиристод. Худашро, ки дар синни наздик ба марг низ ба «ҷиҳод» мерафт, бозпас гардонданд ва сагвор мурд! Сароғоз хабари фавти писару келинҳояшро шуниду сипас фавтид-барои ҳамин маргашро сагвор гуфтам, ҳарчанд дар Рамазон дашном манъ аст, аммо ман ҳақорат надодам-ман далел дорам; зане, ки 6 фарзандашро туъмаи марг сохта, бо дасти худ ба ҷанг равон мекунад, то он ҷо хуни мусалмон резанд, магар сагвор намемирад? Ме-ми-рад ва саг барин!
Хулласи калом, тақдири даҳҳо набераи ин зан номаълум асту шакку тардиде нест, ки шояд миёни ин 84 тифлаки маъсуму бегуноҳ онҳо низ бошанд. Мутаассуф, бобову бибиҳои ин атфол низ 99% гарав мебандам, аз ин пирзол ҳич тафриқае надоранд. Ва акнун тасаввур кун, хонанда, агар мо ин атфолро ба хешонашон баргардонем, чӣ моҷарое сари онҳо меояд:
1.Ҳич гоҳ онҳо фаромӯш намекунанд, ки волидайнашон дар ҷангҳои Ироқу Сурия кушта шудаанд;
А) ин захм-травмаест, ки 1 умр дар майнаи онҳо мемонад;
В) дар оянда ин захм онҳоро ё мариз мекунад ё думболагири «роҳи волидайн»;
2.Ин кӯдакон ҳатман ба доми бобову бибиҳои ифротии хеш меафтанд ва ояндаашон торик хоҳад шуд!
3.Ин доғро, мисли доғи «душмани халқи даврони советӣ» ягон ҳаққу ҳамсоя ба онҳо намебахшад ва пайваста таъкид хоҳад кард…
Зимнан роҳи наҷот, ба пиндори сирф фардии ман, ки равоншиносону масъулини амнияти кишвар бояд баррасӣ кунанд, тағйири ному насаби ин атфол аст ва ба тарбияти бегонагон додани ишон. Бояд ЯГОН нафар надонад, ки инҳо кӣ буданду кӣ ҳастанд! Инкогнито!!! Онҳоро набояд дигар муаррифӣ намуд ва тавассути ВАО таблиғу ташвиқ кард. Тоҷикон масале хуб доранд: Сар кафид-таки тоқӣ!
Боке нест, агар исму насаби онҳоро, ки воқеан ҳам «арабиву ҷиҳодиянд» (бовар кун, хонанда, онҳо Рустаму Фаридуну…ном надоранд), ба Тоҷикӣ иваз кунем. Ман номи ягон нафари онҳоро намедонам, вале гарав мебандам, ки чунин аст, ки гуфтам! Мо метавонем!
Ва аммо аз ҳама кори хубу саҳеҳ ин аст, агар онҳоро мо фарзанди ДАВЛАТ кунем!
Чигуна? Оддӣ:
-Онҳо бояд дар хонаҳои кӯдаконаи вежа, ба масали маъруфи овони советӣ ДЕТДОМ-ҳо тарбият ёбанд. Бовар кун, хонанда, системаи ДЕТДОМе, ки дар шӯравӣ буд, то ба имрӯз ҳариф-аналог надорад. Ва агар аҳамият додаӣ, усулан давлати СССР-ро ҳамин «детдоми»-ҳо ба авҷи шӯҳрат расониданду абарқудрат карданд. Зеро барои онҳо Давлати шӯравӣ ҳам падар буд, ҳам модар ва ҳам хоҳару бародар. Системаи мазбурро педагоги маъруфи советӣ-Макаренко дар солҳои 20-30-и асри пор, баъди ҷанги гражданӣ роҳандозӣ кард. Дар ин «Детдом»-ҳои макаренковӣ усулан фарзандони «душманони халқ» ва атфоли ятиммондаи «кулакҳо» таҳсилу парвариш меёфтанд. Шояд насли калонсол донанд, ки аксарияти кулли ин бачаҳо дар ҶБВ барои Ватан ва Сталин мардонавор ҷангидаву ҷон додаву ғалаба карданд. Онҳо бар душманони сохти советӣ сахт бераҳм буданд. Зеро СССР падару модарашон буд! Дар Тоҷикистон низ ҳоло афроде, ки дар детдомҳову интернатҳои ҳукумати шӯравӣ тарбият ёфтаанд, то ҳанӯз ба СССР содиқанд. Ва ин 1 амри табиист. Зеро СССР оилаи ягонаи онҳо буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Пас чаро мо аз фурсат истифода бурдаву ҳадди ақалл 84 сарбози шуҷоъ, пешбарандаи сиёсати Давлати Тоҷикон, мубаллиғи ормонҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарбият накунем, ки то охири умр худро фарзанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон хонанд?
Кардан даркор! Лозим мешаванд!! Зеро ҳар Давлате, ки ҳадди ақалл 84 ва ҳадди ниҳоӣ 1000 фидоӣ надорад, ҳамеша дар марзи хатар қарор дорад. Мо Метавонем!!!

Матлабҳои дигар