ХАБАРИ ДОҒ

Деҳқонро пачақ кардан доранд!

  • Чоршанбе, Май 29 2019


Медонем, ки ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон асту серию пурии ҷомеа аз меҳнати пурмашаққати ӯ вобастагӣ дорад. Лек маҳсули бо арақи ҷабин тайёркардаашро наметавонад бо нархи дилхоҳ ба савдо барораду аз қарзу қавола халос шавад. Ҳар сол ҳини сар задани корҳои саҳро ва киштукор деҳқон ба проблемаҳои ҷиддӣ дучор мешавад: Набуди маблағи зарурӣ барои истифодаи техника (шудгор, чизил, кӯшкашӣ, дарав, пресскунӣ), сӯзишворӣ, хариди тухмӣ, доруҳо, маоши коргарон… Ин ҳама ӯро дар ҳоли ногувор гузошта, маҷбур мешавад, ё аз бонк ё аз шахсони алоҳида бо фоизи калон қарз бигирад. Баъд, то охири сол деҳқони бечора фақат қарз меканаду ягон фоидае намебинад. Иловатан, пардохти андоз аз замин сол то сол бо ҳар баҳона зиёд шуда истодааст, гӯё замин чун резин ёзида калон шуда истода бошад. Дорую сӯзишворӣ ҳам рӯз аз рӯз қимат шудан дорад. Дар бораи фоизи маблағи қарздиҳии бонкҳо ҳоҷати гап нест. Чунон фоизи баланд доранд, ки наздик рафта намешавад ва агар наздик шудию қарз гирифтӣ бе молу амволу хонаю дар мемонӣ. Хуб мешуд, ки агар дар ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ бонкҳои махсус танҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ бо додани маблағи қарзӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол ва бо 2% пардохти изофапулӣ кушода мешуданд. Дар ин сурат ҳам деҳқон худро ором ҳис мекард ва корҳояш низ хубтар мешуданд. Шахсе, ки дар ҷомеа бо обилаи даст ва меҳнати пурмашаққат ҷамъиятро мехӯронад бояд аз чизе танқисӣ накашад.

Искандари Шоҳмуҳаммад
шаҳри Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter