ХАБАРИ ДОҒ

Ҷӯгӣ ягон вақт тоҷик набуд ва намешавад! Ин қавм дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон зиста, номи тоҷикро дар ҳама ҷо паст мезанад. Пеши роҳи ин қавми 13.000 нафараи оворагарду ҳаққимардумхӯрро гирифтан лозим, то ба воситаи он обрӯи халқи мо коста нагардад. Миллати ин қавм дар солҳои Ҳукумати Шуравӣ намедонам бо айби кӣ буд, ки тоҷик номнавис шуд. Дар деҳаи Парчасойи н.Ёвон беш аз 1000 ҷӯгӣ зиндагонӣ мекунад ва ҳар рӯз дар деҳаҳои ноҳия, ҳатто дар ҳудуди шаҳрак, дар биноҳои серошёна бо 2-3 нафари онҳо рӯ ба рӯ шудан мумкин. Онҳо чанд сол пеш бо талбандагӣ зиреҳу гушвор ва тангаҳои нуқрагии даврони Аморати Бухоро, ордену медалҳои падарону модарон (“Медали модарӣ”, “Қаҳрамонмодарӣ”, ордену медалҳои ҷангӣ)-ро бурданд. Баъд мису алюминийро аз худ карданд. Дар хонаҳои тоҷикон аккумулятору оҳан намонд, ҳамааш бо нархи арзон ба дасти ҷӯгиҳо афтод. Ҷугиҳое, ки дар ба дари хонаҳо гашта “хайр кунед” мегӯянд, бо овози баланд пул мепурсанд, ба нону ягон чизи хайршуда бо эътироз менигаранд. Хӯрҷинҳои аз нон пуршудаи онҳо барои хӯроки молу чорво (буққаҳо)-и парвоияшон меравад. Шумораи талбандагони ҷугӣ рӯз то рӯз афзудан дорад. Беҳтараш ба онҳо хайр накунем! Онҳоро мо ҷӯгӣ кардем!

Зайнулобиддин Ҳусейнов, деҳаи Гулибодом, н.Ёвон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter