Принт

Ман зидди легионерам!

Узви Ихвон-ал-СССР, Шараф Мирзобоқиев аз ноҳияи Конибодом ба СССР занг задаву гуфт, ки вақтҳои охир ҳар 1 ҷамъияти футбол ба легионер таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, барои таъмини ғолибияти тими хеш аз қувваи онҳо истифода бурдан мехоҳад. Агар ман ба ҷои раиси Федератсияи футболи умумиҷаҳонӣ Ҷонӣ Инфантино мешудам, ҳаргиз ба чунин ҳолат иҷозат намедодам! Чунки ҳар давлат, вилоят, шаҳру ноҳия футболбозони таҳҷоии худро дорад. Шарт нест, ки аз дигар давлат ё вилояту ноҳия ба ҷамъияти футболи хеш легионери бегонаро даъват ва аз бозиҳои ғалабаовари онҳо фахр кунем. Мард бошӣ, бо қувваю мадорои хеш ғалаба кун ва Фахр ҳалолат бод!

 

Матлабҳои дигар