Принт

Мо ва ҷавонмардони Мо

«Тоҷикиш кардем!» бояд усулан маънии мусбӣ гирад, на манфӣ! Мефаҳмонам чаро?!

 Ҳафтаи пор, ҳини меҳмонӣ дар Кӯлоби бостонӣ, шоҳиди он шудам, ки худи Раиси шаҳр бо ҳузури садҳо тан пиру барно, даст то оринҷ барзада, ҳашар баромадаву гӯристонҳои мавзеъро аз хору хас тоза мекунад! Бе амру дархосте, ки барои хушнудии арвоҳон. Раис, дар сӯҳбат бо мо гуфт, Худо хоҳад, поини оромгоҳи марказии Хоҷа Ғойиб паркинг месозаду роҳи мошингарди дохили мазорро, ки 3-4 км беш аст, обдав-лоток хобонида, равшанполо (прожектор) шинонида, обёрӣ менамояд. Чун оромгоҳҳои Аврупо ва Амрико! Беҳтарин ибтикор, ки раисони то Иноятзода ҳатто дар фикраш ҳам набуданд. Рӯиҳамрафта, донишҷӯёни кӯлобӣ мазори русҳоро, ки бесаробон мондааст, тамиз, поккорӣ, таъмир, тармим ва ранг мекарданд. Ин дар ҳолест, ки ҷавонону наврасони рус, бо шиорҳои гитлерӣ ба падару бобоҳои ин студентон ҳуҷумҳои авбошона мекунанд. Мо Метавонем, зеро Худо бо мост!!!

Ҳамин шумора нафаре дар бораи ободкориҳои Асадулло Раҳмонзода дар н. Данғара навишт, нафаре, ки таърифу тавсифро аслан хуш надорад. Вале ман танҳо барои 1 чиз перомунаш менависам: Ӯ ҳамкасби ман аст ва журналисти муваффақ. Қаламаш назир надорад. Бовар дорам, замоне шоҳкориҳояш (бовар кун, хонанда, воқеан шоҳкорист навиштаҳош!) ҳатман нашр хоҳанд шуд ва исботи ин гуфтаҳо мегарданд! Шояд нафаре дигар эрод гирад, ки ноҳияро соҳибкорон обод карданд? Дуруст! Вале масъули вежаи ин бунёдкориҳо маҳз Асадулло Раҳмонзода буд ва сахткориву сахтгириву коршиносиву корбарии ӯро аксарият медонанд. Ин аст, ки дар соате бархе масъули чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Давлатӣ аз ину он мушкил меноланд, ӯ тавонист, 1 гӯшаи диёрро ба биҳишти рӯи замин табдил диҳад. Мо Метавонем!

Воқеан ҳам гиру дори масъулини ватансозро дар аксарияти шаҳру навоҳии Тоҷикистон дида, шахсан ман андеша дорам, ки инҳо ҳама бархеста аз Мактаби Эмомалӣ Раҳмонанд! Мактабе, ки аз патриотизми лафзӣ ва ура-ура гӯиҳои хушку холӣ орист ва танҳо Ватансоз меофарад! 

Дар ҳамин ҳол, атрофии соҳибкории фардӣ (частный сектор) низ бубояд гуфт. Бин, хонанда, ки дар тамоми кишвар даҳҳо ҳазор соҳибкори патриот, бо хоҳиши дил, бо сохту созу бунёдкорӣ банд аст. Агар касе фикр дорад, онҳоро маҷбур мекунанд, 1000% хато мекунад. Банда, баъди роҳандозии Лоиҳаи «Деҳи ман-Ватани ман» ба ин чорабиниҳо ва маҷлисҳо даъват мешавам ва бо бовари комил мегӯям, ягон нафарро касе маҷбур на-мекунад ва на-кардааст! Ҳама ихтиёран ба ватансозӣ бархестаанд, ки ҳалолашон бод! Он афроде, ки сармояро бо роҳи дуздиву ғарӣ ғунд овардаанд, низ аз ин маърака худро дур гирифтаанд. Касе ба онҳо эрод ҳам намегирад. Вале ҳатман чунинҳоро рӯзе не рӯзе ҳам Худо мезанаду ҳам намаки ин Ватан ва низ қонунгузории Тоҷикистон. Мутмаъин бошед, ки Мо Метавонем!

Дар ин гирудори ватансозӣ, маро 1 ташаббуси хелеее Инсонпарваронаи ҳамкасби дигарам-Раҷаби Мирзо ба ваҷд овард. Ин ҷавонмард, ки агар малеҳ карда гӯем, худ низ шояд ба пулу мол ниёз дорад, камарро аз 7-ҷо баставу барои 2 фарзанди Гулбегим Раҳмонова, 1 муҳоҷири кори Тоҷик, ки дар Русия кушта шуд, ҳудуди 45000 сомонӣ ҷамъ карда дод. 1 тин аз ин пул ғайб назад. Ҳар нафаре Раҷабро медонад, низ медонад, ки ӯ амин аст! Амин хислати пайғамбарамон буд ва низ…яке аз насабҳои Раҷаб аст, ки бо ин рафтораш номи хонаводагиашро ҳалол кард. Мо Метавонем!

Нафари дигаре, ки бо ҳамчунин корҳои хайр машғул аст, Шоира Раҳимҷон корманди СССР, журналист, оҳангсоз ва адиба аст. Таблиғро дӯст намедорад, мисли дигар қаҳрамонҳои имрӯзаи ман. Вале ман медонам, ки ӯ танҳо дар соли пор беш аз 100.000 сомонӣ ҷамъ овардаву ба кӯдакони мариз тақсим кард. Бовар кун, хонанда, худаш низ мисли Раҷаб ва даҳҳо тани дигар ҳамкасбонам, ниёз ба пулу мол дорад, вале 1 тин аз ин пулро харҷи хеш накард. Мо Метавонем!

Ва аз ҳама баъд: Вақте нархи гӯшт дар бозору супермаркетҳо боло рафт, ҳама ба дашному сақату ҳақорат гузаштем, вале хасеро рӯи хас нагузоштем. Ҳамакнун 1 сирро фошат мекунам, хонанда: Медонӣ, кӣ сабабгори поинравии нарх шуд? Алиматов 1 соҳибкор ва Шоҳрух Саидзод-марди сахии дигар. Инҳо талош карданд, ки аз ҳисоби худ ба бозорҳо гӯшту пӯст, картошкаву пиёз ва ғ. ворид кунанд, то нархҳо аз осмони 8 низ убур накунанд ва ба касе лаб накушоданд, ки чунин амали хайр доранд. Магар дигар тоҷирону сарватмандон наметавонистанд ин корро кунанд? Метавонистанд! Вале дар моҳи Худо, онҳо аз инсоф убур кардаву ҳамён пур карданд, ки оқибаташ ба хайр нест.

Он чизе гуфтам, аз миллион 1-2 амали 5-6 патриоти ватансоз буд. Сафи инҳо бештар аст ва ҳамарӯза меафзояд. Пас, худ бигӯ, хонанда, оё масали «Тоҷикиш кардем!» оё мантиқу маънии мусбӣ касб накардааст? Кардааст ва ещё как!!!

 

Матлабҳои дигар