Принт

Рамазон рафту рӯсиёҳӣ монд!

 

Ва ё кӣ ба бетартибии рамазонӣ дар бозорҳо ҷавоб мегӯяд???

Моҳи Шарифи Рамазон бо ҳама баракот, бахшиши гуноҳон, меҳрабонӣ ва шафоат моро тарк гуфт: Алвидоъ, ё Моҳи Рамазон! Ал фироқ, эй моҳи Таровеҳ, Тасобеҳ ва Хатми Қуръон, ки аввалат раҳмат, байнат мағфират ва охират раҳоӣ аз оташ будӣ. Мо туро пазмонем. Баргард, меҳрубонӣ кун…

Ва аммо баргардиши Рамазон на бар имони ҳама афзуд. Дар ин моҳи Худо мо бори дигар шоҳиди он шудем, ки қассобони антимусулмон, тоҷирони беимон ва савдогарони бевиждон бар халқи ислом ситам карданд. Масъулини бозорҳои пойтахт натавонистанд ва ё нахостанд аз болоравии нархномаҳо ҷилав гиранд ва арзиши маҳсулоти истеъмолӣ дар Душанбе ва сипас тамомии кишвар боло рафт.

Гӯште, ки 1 рӯз пеш аз Рамазон 38-40 сомонӣ буд, дар 24 соат то 50-55 сомонӣ хест. Дар пойтахт гови пиру касалро куштаву фурӯхтанд. Дар Панҷшанбебозори Суғд бошад, чанд беимон ҳатто говҳои мурдаро фурӯхтанд. Оё роҳи раҳоӣ аз ин бӯҳрон набуд? Буд!!!

Фарзи мисол, агар ҳамарӯза дар пойтахт 100 говро забҳ кардаву бо нархи 40 сомонӣ мефурӯхтанд, ҳам гӯштфурӯшон фоида мегирифтанд (то ин рӯз мегирифтанд-ку?!) ва ҳам нарх намехест.

Вале ба назар мерасад, ки ана ҳамин гӯштфурӯшони умда-оптом, ҳадафмандона нархро вардоштанд, ки бар болоравии куллияи нархномаи бозорҳо рост омад! Ин нафар ё нафаронро то шаҳрдори Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ёфта, ҷазо надиҳад, моҷаро ҳатман соли оянда низ такрор мешавад!

Директорҳои бозорҳои Деҳқон, Саховат, Меҳргон, «Аҷинабозор» ва куллияи бозорчаву дуконҳои тобеъи КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар ш.Душанбе» нархро боло бурданд. Пурсида мешавад, ки садҳо тонна маҳсулоти бидуни андоз воридкардаи ин ниҳод куҷо шуд? Ҳатман бояд инҳо ҷавоб диҳанд, ки сабабгори асливу усулии қиматшавии нархҳо ва нигаронии 9 млн шаҳрванди ҶТ дар Рамазон кӣ ё чӣ буд? Мо посухашонро интизорем. Посухеро, ки тӯли 30 рӯзи Рамазон ба редаксияи газетаи мардумӣ надодаанд? 

Аз сӯи дигар ҳайронем, ки ниҳодҳои назоратӣ ва мақомот куҷо менигаранду чиро интизоранд? О, наход, Сарвари Давлат танқид кунаду баъд шумо кор? Ба пиндори мо, бояд дар бозорҳо нарху навои таъин ва пеши ҳар тоҷир ҳисобкунаки худкор-кассовый аппарат гузошта шавад!!! Ин Тоҷикистон аст, на Папуа-Гвинея, ки молу маҳсулотро савдогарон бидуни нархнома фурӯшанд. Дар ин додуситад туҷҷори беимон агар моро дар Рамазон фиреб диҳанд, пас сайёҳону туристонро ҳамеша мефиребанд. 

 Нарху навои идӣ дар Саховат

-Равғани пахта-аз 10 то 12 сомонӣ, орди навъи 1-ум аз 170 то 200 сомонӣ, 1 кило гӯшти гов 40-60 сомонӣ, помидор 7-13 сомонӣ, бодиринг 2,5-4 сомонӣ, гелос 15-35 сомонӣ, шафтолу 15-25 сомонӣ, себи хориҷӣ 25-30 сомонӣ, зардолу аз 15 то 25 сомонӣ, 1 дона тарбуз аз 15 то 25 сомонӣ. Олим будан шарт нест, ки донӣ, нархи аввали овардашуда барои маҳсулоти тамоман бесифат аст! Вале ҳоло дар арафаи ид нархи «мағзу чағз» боло шуд:

-1 кило писта аз 100 то 140 сомонӣ, бодом аз 80 то 100 сомонӣ, мавиз аз 60 то 150 сомонӣ, ғулинг 50-60 сомонӣ, чормағзи шикаста 80-100 сомонӣ, 

 Нархи ширинӣ

-1 кило шоколад аз 35 то 70 сомонӣ, конфет аз 25 то 70 сомонӣ, шакар-7 сомонӣ ва 1 кило қанди сафед 8-9 сомонӣ. Шоколату конфетҳое, ки аз 170 то 200 сомониянд мо ҳисоб накардем. Зеро онҳо конфети элитаянд-қишре, ки усулан намедонад қаҳтиву қиматӣ чист. Ва ана ҳамин нархнома тахминан дар ҳама бозорҳо якхела асту ҳоҷат ба гуфтори зиёд на.

Рамазон бар шумо-масъулини бемасъулият низ муборак боду бар қассобу савдогари беимон низ. Ҳисобот дар дигар ҷост… Мо метавонем!

М. Мубориз,

СССР

 

Матлабҳои дигар