Принт

Вақте муаллимро мепаронданд…

 

 (ҷасади Қодирову ҳамсараш то ҳол ёфт нашудааст)

 

Мирзо Қодиров с.1947 баъди хатми факултети физика-математикаи Институти педагогии ш.Самарқанд барои кор ба Тоҷикистон омад. Вазорати маорифи Тоҷикистон ӯро ба н.Вахш роҳхат дод. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Қодировро ба мактаби миёнаи №6 ҷамоати шаҳраки ба номи С.М.Киров фиристод. Ӯро чун муаллими ҷавон бо хона таъмин карданд. 

Мирзо бо Майрам Қодирова ном духтарак аз кӯчаи Шӯртеппа, ки дар факултети иқтисодии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.Ленин (ҳоло ДМТ) мехонд, шинос ва хонадор шуд. Бону баъди хатми донишгоҳ дар Идораи кооператсияи коргарӣ ҳамчун бухгалтер ба кор даромад. Соҳиби 3 духтар шуданд. Фарзандон бо кӯмаки падару модар дар касбҳои духтурӣ ва муаллимӣ хонда, соҳиби маълумоти олӣ шуданд. 

Муаллими ӯзбак-тоҷик

Қодиров ҳам ба ӯзбекон ва ҳам ба тоҷикон дарс медод. Математикаро хуб медонист. Дар мактаб кружоки математика ташкил кард. Хонандагоне, ки дар ҳалли мисолу масъалаҳо аз математика душворӣ мекашиданд, ба кружок ҷалб шуда, ба онҳо дарси иловагӣ медод. Ӯ бе асбоби аёнӣ ба дарс намедаромад. Сифати дарсдиҳию дарсгузориаш ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буд. Талабаро намезад. Талабае, ки дар дарс халал мерасонд, 1 нигоҳ мекард, талаба хатои худро ҳис карда, хомӯш меистод. Дар мактаб вазифаҳои зиёди ҷамъиятӣ дошт: 

-Раиси Иттиҳодияи методии муаллимони фанни математика, раиси комитети маҳаллии Иттифоқи касаба, роҳбари мактаби базавӣ… 

Дар сексияи синфҳои болоӣ аз математика ҳар моҳ 1 бор муаллимони ҷавони математикаи мактабҳои ҷамоати шаҳраки Киров ҷамъ мешуданд. Ба онҳо 1 соат дарс гузашта, ҳалли мисолу масъалаҳои душворро мефаҳмонд. Шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ аз математика фаъолона ширкат карда, сазовори ҷойҳои фахрӣ мешуданд. 

Намояндаи халқ-муаллим

Муаллим дар замони Шӯравӣ назоратчии халқӣ буд. Ҳар моҳ мағозаҳоро 1 бор аз номи мардум месанҷид. Фурӯшандаҳое, ки қоидаи савдоро вайрон мекарданд, молу амволи мағозаҳоро аз нарх зиёд мефурӯхтанд, акт тартиб дода аз кор меронд. Хизматҳои Қодиров барабас нарафт. Бо грамотаҳои шуъбаи маорифи ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ, муаллим-методист, муаллими калон, тахассуси дараҷаи олӣ, бо унвони «Аълочии маорифи халқ» ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуд. Ходими халқ буду ошпази моҳир. Мардум барои пухтани оши тӯю маъракаҳо ӯро даъват мекарданд. Ба ивази меҳнат аз соҳиби тӯй чизе намегирифт. «Ба ман савоб лозим аст» мегуфт.

Юриши Нурӣ ва Юсуф ба Вахш

20.06.1992 хоини миллат Саид Абдуллои Нурӣ ва «падар»-и демократия Шодмон Юсуф бо 1 танку 2 БТР ва аскарони мусаллаҳ ба совхози «Вахш»-и н.Вахш зада даромада, ҷангро сар карданд. Радиоузели гаражи совхози ба номи Киров (ҳоло ба номи С.Турдиев) ҳолати ҷангиро бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ гаштаю баргашта эълон мекард. Мардум номи шуми ҷангро шунида, ба таҳлука афтода, хонаю дари худро партофта, дар трактору Камазҳо часпида, ба шаҳраки Сарбанду н.Данғара гурехтанд. 

Қодиров ашёҳои хонаи худро дар 1 тележка бор карда, ба ш.Сарбанд бурд. 20 рӯз он ҷо монд. Чанде ба баъд бо ёрии ҷанговарони Фронти халқӣ н.Вахш аз дасти оппозитсия озод шуд. Мардум ба хонаю дари худ баргаштанд, аз ҷумла, муаллим. Аз гардиши совхози сабзавоти н.Бохтар то даромадгоҳи ш.Сарбанд якчанд постҳо ташкил шуда буданд ва силоҳбадастон борҳои мардумро дар болои тележкаю камазҳо баромада аз назар мегузаронданд. Вақти бозгашт ба хона тележкаи пур аз молу амволи Қодиров аз диди силоҳбадастони ношинос дур намонд.

Пуштибони обигармиҳо?!

Дар ҳамсоягии ӯ бобои Илҳом мезисту обигармӣ буд. Бобо мӯсафеди шӯх, хоксору зиндадил буду коргари заводи пахта. Маошаш ба рӯзғори хона мерасид. 2 писарашро хонадор карда буд. Қодиров аз серкорӣ вақт намеёфт, ки дар қитъаи замини ҳавлиаш кор кунад. Бобои Илҳом дар замини муаллим ҳар гуна зироатҳо мекорид. Қодиров ҳар моҳ аз маош 50-60 сӯми сурати Лениндор ба ӯ медод. Бобо табъи шоирӣ дошт. Раҳораҳ шеър мегуфт. Бобо борҳо нияти кӯчу бандашро гирифта ба зодгоҳаш-Оби Гарм рафтанӣ буд, лек илоҷи рафтан надошт. Ронандагон ба ҷои дур бурдани ҳар хел борро ба калла намегирифтанду метарсиданд. Қодиров бобои Илҳомро дилбардорӣ карда мегуфт, «ҳеҷ куҷо нарав, то ман зиндаям, намегузорам, ки касе ба аҳли оилаи ту даст расонад». Боре чанд тан силоҳбадасти ношинос қариб буд Қодировро парронанд, ки гӯё ӯ мухолифинро ҳимоя мекунад. Дар он солҳои муҳлик ин айбномае буд, ки дилхоҳ нафарро сӯи марг мекашид. Аммо муаллим ҳамсояашро нафурӯхт ва то охир ба нону намаки ҳамсоядорӣ содиқ монд…

Қатли муаллим ва ҳамсояаш

5.12.1992 саҳар аз ҳама пеш ман ба мактаб омадам. Назди дарвозаи мактаб бо посбон, иштирокчии ҶБВ, бобои Ашӯр Раҳмонов вохӯрӣ кардам. Табъи ӯ хира буд. Аз чашмонаш ашк рехту гуфт: Ҳамин шаб лаънатиҳо Қодиров, занаш, зани бобои Илҳом, 1 писарашро бо зану 2 кӯдакаш дар мошин бор карда, бурда, дар куҷое парониданд. 

…Шаби 5.12.1992 барқ набуд, ҳама ҷо тип-торик ва мардум дар хоби маст. Силоҳбадастони номаълум дар сар маска кашида, савори мошини «бортовой» пушти дарвозаи муаллим Қодиров қарор гирифтанд. Мотори мошинро хомӯш карда, ба ҳавлияш даромаданд. Баъзе ҳамсояҳо аз хоб бедор шудаанд, вале аз тарс дар торикӣ ба кӯча баромада наметавонистанд. Силоҳбадастони ваҳшӣ дари хонаи хоби муаллимро кушода, даромада, чашму дасту пои ӯ ва занашро баста қолину палос, ТВ ранга, ҷевону шкафҳои хориҷӣ, чойнику пиёлаҳои зебои ҳархела, яхдон, курпаю курпачаҳои аз матоҳои қиматбаҳо дӯхташуда, ҷавоҳирот, чанд пар шиму костюм, туфлиҳои занонаю мардона, мошинаи либосшӯӣ, миқдори зиёди банкаҳои шарбатро дар мошин бор карданд. 

Писари калонии бобои Илҳом Исломиддин дар дигар ҷо мезист. Писари хурдиаш Ҷамолиддин бо зану кӯдакҳояш назди падару модараш буданд. Шаб соатҳои 3 бобо берун баромада, ба ҳоҷатхонааш, ки дар поёни ҳавлиаш буд, меравад. Аз ҳоҷатхона баромада, афроди ношиносро мебинад, ки дар ҳавлиаш гаштугузор доранд. Дар ҳавлӣ ҷуворимакка корида шуда буду ниҳолҳояш баланд ва одамро паноҳ мекард. Худро дохили ҷӯякҳо партофта, то саҳар мешинад. Ниқобпӯшон ҳарчанд хонаҳоро мекобанд, боборо намеёбанд ва зани ӯро, писараш, келинаш ва кӯдакҳои хурдсолашро дар мошин бор карда, ҳамроҳи муаллим Қодиров ва занаш бурда, дар ким-куҷо мепаронанд. 

Хотима: Даҳшати ҷангро бояд гуфт!

Саҳар бобои Илҳом дар сӯзу гудози аҳли оилааш ашк мерезад. Нолон ба хонаи 1 хешаш ба совхози «Сабзавот»-и н.Бохтар мераваду баъди чанд вақт аз сӯзу фироқ ҷон медиҳад. Духтарони муаллим Қодиров аз фоҷиа дарак ёфта, мурдаи падару модарро кофтанду то ҳол наёфтаанд. Мутаасуф, ин авалину охирин қурбонии он ҷанги бародаркуш набуду нест. Даҳҳо ҳазор нафарро дуздону ғоартгарон ва қотилон бе гуноҳу ҷурме қатл кардаанд, ки ҳатто ҷасади онҳоро то ҳанӯз наздикону пайвандон карда наметавонанд…

Зимнан мо, насле, ки ин даҳшатро аз сар гузаронидааст, бояд дар ин бора бештару беҳтар нависем, ба ҷавонон фаҳмонем, ки ба қадри тинҷиву осудагӣ, бақои миллат, зиндагии орому осоишта бирасанд. Агар пеши ҷанги бемаънӣ гирифта намешуд, аз дасти силоҳбадастони дузду ғоратгар ҳанӯзам рӯз намедоштем!

 

Ҳазратқул Бобохонов,

муаллими собиқадор, н.Вахш

 

Матлабҳои дигар