ХАБАРИ ДОҒ

 

(Раиси МММОҶТ аз Тоҷикони боздоштшуда дифоъ кард)

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ахиран дар пасманзари боздошти таҳқиромези 6 ҷавони Тоҷики муттаҳам дар куштори 1 урус, вокуниш нишон дода, рӯзи 12.06.2019, гуфт

-Ҳамагуна ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва бе нақзи шарафу ҳуқуқи фитрии инсон баррасӣ карда шаванд!

Хотиррас мешавем, сухан сари боздошти 8 сокини н. Мастчоҳ меравад, ки дар марги Сергей Чуев-1 варзишкори рус муттаҳам шудаанд. 2 тани онҳоро, ки умуман бегуноҳ буданд, оҷилан аз Русия депорт кардаву 6 тани дигарро ҳабс намуданд. Ва Худо медонад дар маҳбас бо онҳо чӣ шеваи бархурд доранд!

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ афзуд, ки дар робита ба ҳодисаи мазкур сафорати Тоҷикистон дар Русия машғул аст ва “Парлумон низ дар доираи салоҳиятҳои худ амали воқеъгардидаро пайгирӣ менамояд.”

 

Куштор ё ҷанг?

Ҳодиса ин тавр  рух додааст. Ба нақл аз шаҳодати худи русҳо:

-Ин ҷавонон дар порке нишаставу шӯру мағал мекардаанд (баъзе шоҳидон гуфтаанд маст буданд, ки аз сокинони Мастчоҳ ин амал шубҳаовар ба назар мерасад, зеро бисёриашон сахт мазҳабиянд!). Телевизионҳои фашистии русӣ, минҷумла, РТР ва НТВ, ки шеваи бархурдашон ба дилхоҳ моҷарои ғайрирусҳо фашистист, гуфтанд, ин тоҷикон гӯё бар ким-кадом зани ҳомиладоре дастдарозӣ карданӣ шудаанду Чуев аз шарафи зани рус ҳифз кардааст. 

      Ва аммо шоҳидони дигар (худи русҳо) ба расонаҳои русии дигар гуфтаанд, ки Чуев усулан аз ягон зане дифоъ накарда буд. Ӯ бо маъшуқааш мерафт ва шӯру мағалро шунида, хост худро дар пеши он зан «Бэтман» нишон диҳад ва тоҷиконро ҳақорат дод. Табиист, ки Тоҷикон низ посухаш доданд. Паҳлавони рус ба онҳо дарафтоду онҳо низ ӯро заданд. Чуев бо 1 Тоҷике дастобагиребон аз пул ба об афтод. Бар асари ин афтиш ӯ мурд…

Пурсида мешавад, магар Чуев тоҷикро мекушт, расонаҳои русӣ чунин ҳангома мебардоштанд? Албатта не!

 Вокуниши пулиси Русия нигаронкунанда аст, ки муттаҳамонро боздошт кардаву шимашонро даронида, к…нашонро луч карда (маъзарат, вале хонанда бояд проблемаро дарк кунад), бо имзои «Задержаны таджики виновные в смерти Сергея Чуева» ба маърази ом гузошт! Чунин бархурдро ҳатто Гестапои Гитлер бар қиболи яҳудиёни Аврупо намекард!

Ин аст чеҳраи асливу усулии фашизми русӣ, ки Кремл ба он аз паси панҷа менигарад. Зимнан, ҳукумати моро низ лозим аст, ки ба моҷаро баҳои ҳуқуқӣ диҳад ва масъала дар долонҳои баландтарини 2 давлат ҳаллу фасл шавад. Маҳз имрӯз соате расидааст, ки Тоҷикистон шарафмандона аз Нангу Ори Миллати Тоҷик бояд ҳифз кунад!

 

2 август-Рӯзи Тоҷиккушӣ эълон шуд!!!

Ин сару садо дар ҳолест, ки фашистони навтаъсис, скинхедҳои урусӣ, аллакай аз ҳамтоҳои худ дархост мекунанд, ки 2 август дар сартосари Русия маъракаи лату кӯб ва қатлу куштори Тоҷиконро шуруъ кунанд. Дар дилхоҳ сайти иҷтимоӣ ин маърака бо тобишу навъҳои гуногун аз сӯи фашизми русӣ ҷилвагар аст, ки хоси 1 кишвари демократӣ нест. Кремл хоҳад дар 1 рӯз ҳамаи ин скинхед-сагони хунхорашро боздошт мекунад. Вале оё мехоҳад??? Суоли матраҳ аст.

Агар имрӯз мо аз ин моҷаро садд нагирем, фардо шоҳиди куштори даҳҳо тан муҳоҷири меҳнатии Тоҷик хоҳем шуд. Зимнан соати амал барои Парлумон расидааст. 

Бояд аз 1 гиребон сар баровардаву ин амалкарди пулиси русро маҳкум намуд. Ва ҳатман бояд масъала дар Додгоҳҳои аврупоии ҳуқуқи башар низ инъикос ёбад.

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter