ХАБАРИ ДОҒ

(Ё чаро боз Шӯрои уламои фиқҳи Тоҷикистон моро ягонаи офоқ кард?)

Ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ «даҳонамон пашм баровард аз гуфтана», вале муллоҳои мо ҳамонанду ҳамон. Ин бор низ онҳо моро масхара карданд, ки Иди Рамазонро 1 рӯз баъди тамомии олами исломӣ баргузиданд. Тоҷикистон дар мавриде рӯзи 05.06.2019 Иди Фитрро ҷашн гирифт, ки дар Каъбатуллоҳ, Маккаву Мадина, Теҳрону Кобулу Исломободу Дубайу Ар-Риёз ва Абу-Дабӣ 04.06.2019 намоз гузориданду Рамазонро бастанд. Тасодуф? Агар 1 бор мешуд, оре. Вале ба назар мерасад, ки ин тасодум аст!

Шояд муллокалонҳои мо ба ин ҷониб эрод гиранд, ки вақту соат фарқ дорад миёни ин кишварҳои исломиву мо?! Ҳарчанд даъвии бе асос асту фарқияти соат дар нисбат ба кишварҳои мусалмоннишини аврупоӣ ва Тоҷикистони азиз ҳамагӣ аз 30 дақиқа то 2 соат аст, вале далели дигаре дорем, ки «тафтология»-и мазкурро қотеъона рад мекунад: Маскав 2 соат аз мо фарқ дораду аз Саудӣ 4-5 соат. Вале онҳо низ намози иди Фитрро, аккурат, субҳи 4 июн гузориданд!

Пас мантиқи фатвои Шӯрои уламои мо дар чист? Ба пиндори мо, дар қафомондагӣ аз олами муосир!!!

Ҳоло, мӯҳтарам до-муллоҳо, асри 21 аст дар кӯча ва шумои азиз бо пахши 1 «линк» метавонед рӯзи идро низ мушаххас кунеду соати ифтору рӯза бастанро низ. Аммо бадбахтӣ дар ин аст, ки шумо ё намехоҳед ва ё наметавонед ин амалро поин овардан. Гирудори шумои азиз, метарсам, дар олами исломи муосир падидаи нави «Исломи Тоҷикӣ»-ро таваллуд накунад. Зеро ин бори нахуст нест, ки шумо Иди Рамазонро барои мо вежа, хос, алоҳида мекунед. Хонандаи некбин хуб дар хотир дорад, ки тақрибан дар ҳама рамазонҳо Рӯзаи мо вежа медарояду алоҳида мебарояд: Рамазону идҳомон фарқ доранд, аз боқӣ олами ислом ва ба ин ҳама аҳкоми шаръии шумо сабаб аст!

«Инаш ҳам гӯрба!»-гуфти мардуми шимоли кишвар. Шӯрои уламо ва муфтиёти мо чанд бори дигар ҳатто Иди Қурбонро алоҳида эълон карда буданд! Олами ислом дар Каъбатуллоҳ Ҳаҷ мегузориду Ид мекарду намоз мехонд, аммо ин ҳама амалро тавассути ТВ медидему сипас, 1 рӯз ба баъд, ба масоҷид шорида, намози Иди Азҳо мегузоридем. Чунин буд, муҳтарам муфтӣ ва азиз домуллоҳои гиромӣ? 1 бор аз рӯи сидқ ва имон ба Худо, иқрор шавед, ки чунин буду ҳаст ва…мемонад. Ҳоло метарсам, ки шумои азиз ин бор низ Иди Қурбонро барои мо хос кардаву рӯзе пас аз Маккатуллоҳ-қалби Ислом, онро ид эълон мекунед…

Ҳамаи ин сару садо дар ҳолест, ки Тақвими Рамазонии Шӯрои уламои фиқҳ ба ягон чаҳорчӯбаи мусалмониву астрологиву нуҷумшиносиву технологияи асри муосир рост намеояд. Ин сол низ чун ҳама солҳои қаблӣ, домуллоҳои мо 30-40 дақиқа аз вақти Рӯзадории моро ба яғмо бурданд, ки бо ҳукмашон даҳон аз хӯрдан мебастему сипас тақрибан 40-50 дақиқа мунтазири субҳ менишастем, то намоз гузорем. Ин дар ҳолест, ки барои 1 мусалмон ҳудуди 1 соат ташнаву гушна нишастан, дар тӯли 16-17 соати баъдӣ басе гарон меуфтод. СССР 10 сол шуд, дар бораи Тақвими ғалати ин муллоҳои ба таъбири Грибоедови маъруф «недоуч» менавишту менавишт. Аммо ба кӣ мегӯӣ???

Муллоҳо-ку дарди ба хайр, ба онҳо гап гузаронидан, ба таъбири Лоиқи бузург «ба ҳован об кӯбидан» аст. Аммо чаро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Кумитаи Дин, Академияи Улуми ҶТ… 1 нафар ёфт нашуд, ки ба инҳо фаҳмонад, «ҳуй, муллоҳои гиромӣ! Асри 7-8 нест дигар, бо мо машварат кунед, астроному табиатшиносонро даъват кунед, то рӯзу моҳу соату сонияи Рамазонро аз шуруъ то анҷомаш ба шумо фаҳмонем(анд)»…

Рамазон моҳест, ки чун боқӣ моҳҳои Тақвими Ҳиҷрии Қамарӣ ё 29 ва ё 30 рӯз меояд. Ин Тақвим 355 рӯз аст (Тақвими муосир 365 рӯзу 6 соат) ва зимнан 10 рӯз дар гардиш буда, ақиб мезанад. Ривоят аст, ки пайғамбарамон 6 сол Рӯза доштанд ва аз ин 2 солаш ба 30 ва 4 соли дигараш бар 29 рӯз рост омад. Яъне Пайғамбари Худо (с) бо фаросати зотие, ки доштанд, 1397 сол пеш рӯзи шуруъ, хатм ва Идро мушаххасан муайян мекарданду Шӯрои уламои мо бо тамомии дастовардҳои нанотехнологии асри муосир, ки ҳатто кӯдаки 6-7 сола метавонад дақиқан ин ҳамаро муайян намояд, наметавонанд, намози идро мушаххас созад?! Фарзи мисол, вақте ман ин матлабро менавиштам, бо 1 ишораи ангушт шуруъ ва хатми Рамазонро дар Интернет (Гугл) дар байни 1 сония муайян кардам:

Ураза-байрам 2019 (Таджикистан). С вечера: понедельник, 3 июня.

До вечера: вторник, 4 июня… Тамом ва-с-салом!!!!!

Шояд соате расидааст, ки ба Шӯрои уламо на танҳо қориҳои Қуръон, балки олимон, огаҳон ва ҷавонони «креатив» шомил гарданд? Ё бо такя бар олами католикӣ, ки танҳо пирону солхӯрдагонро чун Падар (Поп) ва кардинал (муовин)-ҳо қабул мекунанд, мо низ мӯсафедону солхӯрдагонро ба Шӯро ҷалб мекунему бас? 

Суоли матраҳ аст, албатта. Вале то ин суол посух наёбад, мо шояд боз 30 соли дигар идҳои вежаи Тоҷикӣ, ба фарқ аз дигар кишварҳои исломӣ, таҷлил хоҳем кард. 

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter