ХАБАРИ ДОҒ

Пас аз фосилаи 30-сола бо дастгирии бевоситаи сарвазири ҶТ, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода тасмим гирифта шуд, ки дар Кӯлоб Заводи Аккумуляторбарорӣ созанд. Ин ҳамон тарҳест, ки дар соли 1988-90 ба вокуниши шадиди лже-патриоту зиёиёни аз саноат 100 км дур гирифтор гардид. Созмони мардумии «Ошкоро», ки маҳз барои НАСОХТАНи ин бузургтарин завод дар Осиёи Марказӣ бунёд ёфт, баъдан дар ҷанги гражданӣ саҳми бориз гузошт. Маҳз ҳамин заводу ҳамин «Ошкоро» ба майдон чеҳраҳоеро рехтанд, ки баъдан дар майдони «Озодӣ» бар зидди «Шаҳидон» хайма заданду кишварро ба ҷанги гражданӣ кашиданд. Ба лидерони он созмон таваҷҷӯҳ кунед:

-Рустами Абдурраҳим, Сангак Сафаров, Қурбон Зардаков, Мулло Ҳайдар, Маталӣ, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Мираҳмади Амиршоҳ. 3 тани ахирӣ, дуруст аст, ки бо буғранҷшавии вазъ худро аз раддаи аввал канор кашиданд. Аммо муҳимтар коре, ки ин созмон кард-насохтани заводе буд, ки метавонист Кӯлобро аз вартаи бекорӣ раҳо диҳад. Баҳонаи ягонае, ки пешвоёни Ошкоро «кашф» карданд, ки «заҳролудшавии шаҳр ва маргу мири ҳама сокинони он будӣ». 1 даъвии бе асос ва сода. Тоҳир Ғозиев-муҳандиси ҳирфаӣ, сиёсатмадор ва технократ, ки «Падари идея» буд, мегӯяд, агар ин завод сохта мешуд, Кӯлоб аз умқи бенавоӣ мебаромад ва Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ оҷилан ба 1 давлати саноатӣ табдил меёфт…

Имрӯз ҳукумати марказӣ таҳти сарварии Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он хатои мудҳиш ва фалокатбори созмони мардумии «Ошкоро»-ро ислоҳ карданист. Бар ивази 40 млн доллари амрикоӣ!!! Ин дар ҳолест, ки Заводи аккумуляторбарорӣ бояд аз ҳисоби буҷҷаи маскавии СССР сохта мешуд…

«Ошкоро» ва моҷарои Заводи Аккумулятор ба таҳқиқ моҷарои бунёди Роғун дар он солҳоро ба хотир меорад. Роғун низ бар асари даъвои чанд зиёии аз саноат дур сохта нашуд. Рӯиҳамрафта, ин моҷаро пешвоёнеро чун Гулрухсор Сафӣ, Бозор Собир, Давлат Худойназаров ба арсаи сиёсат овард. Дуруст аст, ки бону Гулрухсор сипас аз сиёсати майдонсозӣ худро канор гирифт ва хуб ҳам кард. Зеро хатарро эҳсос намуд. Аммо Бозору Давлат ба чоҳи кандаи ҷангҷӯёни исломӣ уфтоданд. Аҷобати кор ин ҷост, ки гавҳари майдони Озодӣ агар шиорпартоёни «Завод-насозем» будӣ, пас меҳвари Шаҳидон лидерони «Роғун-насозем» шудӣ. Даъвии ин зиёиёни аз саноат дур низ 1 омил буд: -Тоҷикон таки об мемонанду сарбанди баланди Роғун метавонад мардумро кушад.

1 даъвои аз ҳақиқат миллиард фарсах дур. Аҳамият деҳ, хонанда, ки авомили НАМЕСОЗЕМ барои 2 иншооти бузургтарин танҳо даъвии равшанфикрон асту баҳонаашон зистмуҳитӣ. Яъне технократе зидди ин лоиҳаҳо набаромада буд. Вале мо, ки халқи эҳсосӣ ва шеърпарварем, думболаи нотиқон рафтем. Ба гуфтаи Бозор Собир ба лутфи сеҳри Ситсеронҳои хиёбонӣ дода шудем:

Чу минбар ба тахт баробар шавад,

Ҳама ном Бубакру Умар шавад…

Воқеан ҳам, баъдан, устод Бозор дар сӯҳбат бо СССР мардона иқрор кард, ки «моро фирефтанду фанди чанд муллои бесаводро дарк накарда, ба фитна дода шудем». Соате расидааст, ки боқӣ дастандаркорони ин моҷаро низ мардона хатои худро иқрор кунанд. Мо нашр мекунем. Мо Метавонем!

Ҳукумати марказӣ таҳти талошу кӯшиши бевоситаи сарвари давлат-Эмомалӣ Раҳмон Роғунро низ сохт! Бар ивази миллиардҳо доллари амрикоӣ!!! Коре иҷро шуд, ки ҳатто хушбинтарин шарикони стротегии мо бар он бовар надоштанду ҳамсояҳои кинатӯз роҳи оҳану ҳаворо бар мо мебастанд, то Роғун бунёд наёбад. Бунёди Роғун воқеан ҳам аз нодиртарин дастовардҳои на танҳо кишвари мо, ки куллияи давлатҳои пасошӯравист. Шумо 1 мисоле доред, ки лоиҳае дар қиболи проекти бузурги Роғун дар маҳдудаи собиқ СССР матраҳ шуда бошад? Ин корро танҳо мо-Тоҷикон кардем. Зеро Мо Метавонем!

Роғун ва Заводи Аккумуляторбарорӣ бори дигар исбот кард, ки мутаассуф, аз паси лже-патриоту равшанфикрони саноатситез ва муллоҳои нотиқ рафтан хатарҳо дар пай дорад. Имрӯз ҳукумати марказӣ дар амал собит намуд, ки Метавонад бидуни ҳаёҳӯй Тоҷикистонро ба кишвари саноатӣ мубаддал созад.

Гуфтанист, Заводи Аккумулятори Кӯлоб, ки тарҳи $40 млн аст, дар 8-10 соли ахир хароҷоташро пурра пӯшонида, фоидаовар мегардад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола мо танҳо аз хориҷи наздик ба маблағи то 16 млн доллар (расмӣ) ва беш аз 25 млн доллар (аслӣ) аккумулятор мехарем. Дигар намехарем! Мефурӯшем!!!

Матлабро чаро навиштам? Мардум, хонандаи гиромӣ, аъзои Ихвон ал СССР ба шӯру валвалаву иғвову дасисаҳои равшанфикрони торикдилу мулло-воъизини интернетӣ бовар накунед. Кӯр 1 бор асо гум мекунад, ки мо кардем. Ба гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ «Ҳар кас кори худашро кунад!». Шоир шеър гӯяд, муаллим муаллимӣ, мулло муллоӣ кунаду хулиган хулиганӣ. Ба технократҳо халал нарасонед, то Давлат созанд!

 Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter