ХАБАРИ ДОҒ

 

(Фелетон)

 9.06.2019 барои зиёрати мақбараи Султон Увайси Қаранӣ рафтем н.Ховалинг ва 1 чорворо ҳалол кардем. Ман-ку ҳатто ролтонро пухта наметавонам, вале дар тими мо пазандаҳо зиёданд. Ҳарчӣ хостем пухтанду хӯрдему хайр кардем, Худо қабулаш кунад. Омин! Ва аммо дар бораи Ховалинг.

Роҳҳои Ховалинг ҳамворанд, лек на то он мазоре, ки рафтем. Боду ҳавои ин зиёратгоҳ аз ҳавои Маскав ҳам сардтар: кӯрпаву кӯрпачаро ҳамроҳ гиред, агар мабод ҳавсалаи зиёрати ин маконро дореду нақшаи шаб истоданро! Ягон меҳмонхонаи норм нест, чунон шароити хизматрасонӣ бесифат аст, ки домодро дар хонаи хушдоманаш ҳам ин қадар ноэҳтиромӣ намекунанд. Ҳама чиро мехарӣ, вале болои ин бояд дегу косаатро ҳам биёрӣ, ҳатто барои ҳезум ҳам дар ин ҷангалзор аз меҳмон пул меситонанд! Меҳмонхонае, ки аз оғил фарқи камтар дошту мо ҳам ноогоҳ фақат барои 1 шаб иҷора гирифтем, ҳамагӣ барои ҳар нафар бо ҷанҷол 1-кӯрпаӣ дод, ки аз ҷӯли хар ҳам чирктар буду аз пардаи тиреза ҳам тунуктар. Болои ин сари ҳар нафар 12 сомонӣ талаб кард.

 Дар зимн, дар ҳамун утоқи иҷораи мо мизбон ҳам шабашро рӯз кард, бо 2 фарзандаш! Ҳатто 1 ронандаи кӯчаро ҳам оварда, бо мо ҳамроҳ намуд. Хулоса, нафаҳмидам, ин ҷо меҳмонхона буд, ё сағерахона?!

Аз оби гарм хабар нест, обро дар печкаи деҳқонӣ меҷӯшонӣ ва дасту рӯ мешуӣ, вагарна обу ҳавои сард одамро сармозада мекунад! Ҳоҷатхонае дошт, ки дар бӯяш "маст мешавӣ". Хоҷатхонаи дигаре буд, ки аз берун каме тозатар менамуд, лек кор намекард, яъне шабона кор намекарду рӯзона кушода аст. 

Меҳмонхона барои раис!!!

Аз ҳама хандаовараш ин, ки мо субҳи барвақт аз хунукӣ ларзидаву бедор шудем ва берун баромадаву баъдан фаҳмидем, ин "президентский номер"-е, ки 15 нафар шабро рӯз кардем, на меҳмонхона, балки посбонхонаи меҳмонхона будааст!!! Чу пурсидем, "чаро унҷоро намекушоӣ?" дар посух гуфт: «Ака, ин ҷо барои шиносҳои раис аст!». Дигар раисашро нафаҳмидам кӣ бошад, вале меҳмонхона, ки сохтед, бояд барои умум бошад, новобаста аз нархаш! То ҷое медонем, соли пор Соли рушди сайёҳӣ буду имсол, ба ин "рушди сайёҳӣ" вожаи рушди деҳот ҳам илова шуду ба андешаи мо дар ингуна маконҳои сермеҳмон, лоақал 1 меҳмонхонаи мураттабу ботамиз бояд дар хизмати мардум бошад. 

 Зиёратгоҳи ҳазрати Султон

Даромадему дуо кардему 1 домуллоро хостем, дар бораи кӣ будан ва чигуна ба ин макон расидани ҳазрат маълумот диҳад. Чунон тез қисса кард, ки ҳич нафаҳмидам, чӣ гуфт. Ҳама рафту чанд сомоние ба дасти домулло қапонд. Манам аз дигарон қафо намондам. Дар бораи зиёраткунандагон аслан раҳгум задам, ки чӣ нависам. 1 гурӯҳи ҷавонон омаданду дар ҳамун меҳмонхонаи таърифӣ худро ҷо кардаву кабоб пухтанд. Баъди чанд дақиқа қапоқапу бӯсу канорро дида худро дар Боғи Дӯстии солҳои 2006 тасаввур кардам, ки ун замон ҳам дар ун порк вазъ айнан чунин буд, ки ҳоло дар мақбараи Султон Увайси Қаранист! Назди чашмаҳои атрофи мақбара рафтем. Ун чашмаҳо 1 харита доштанд, ки аз рӯи он фаҳмидам, ки 5 чашма будаасту ҳар кадом ба худ ном доштаанду ривоят ҳам. Чун ривоятдӯстдор нестам, таваҷҷӯҳ накардам, лек номи чашмаҳо "Мағфират", "Раҳмат", "Шифо", "Мурод" ва "Ҳикмат" будаанд. Ҳар кадом канори ҳам ҷойгиранд ва мардум ҳам ба навбат аз ҳар кадом бо нияте об менӯшид. Кӯдакони зиёд ҳар кадом чизе мефурӯшад. Онҳо кай дарс мехонанду кай мактаб мераванд, инашро муаллимон медонанду хонандагони мактаби атрофи ҳамун мақбара.

1 нуктаро бояд қайд намуд. Аз набуди меҳмонхона ва зоирин, ҳатто дар роҳи пеши ҳавлии мақбара 2 истгоҳи автомобилист, ки яке зоҳиран аз шиддати шамол корношоям шудааст ва 1 гурӯҳи меҳмонон, ки шахсан ҳамсӯҳбаташон шудам, аз Қурғонтеппа омадаву дар ҳамун истгоҳ шабро рӯз карданд. Аммо канори боғи истироҳатии мақбара сохтмоне идома дошт, ки бачаҳои атроф мегуфтанд, меҳмонхона сохта мешавад. Умедворем бо сохтани ин меҳмонхона меҳмонону сайёҳон на дар қаравулхонаву истгоҳи маршрут, балки дар меҳмонхонаи замонавие шабро рӯз хоҳанд кард, албатта агар РАИС барои меҳмонҳои худ… дарашро қулф назанад. Аз ҳама муҳим, баъди бозгашт ба хона, вориди инет шудаву дар бораи Султон Увайс маълумот ҷустам: Султон Увайси Қаранӣ, дар шаҳри Қарани кишвари Яман ба хок супурда шуда будаасту "гӯрашро мо дар Ховалинг зиёрат кардаем!!!

Хок бар сари садҳо манбаринҳо, ки чорвои зиёдро ҳамасола бурдаву хун мекунем, вале намедонем сари гӯри КӢ?! Мебахшед, баъзеямон сари гӯри бобои худ ҳатто гунҷишкеро ҳам хун накардаем, аммо сари қабри ношиносе, ки росту дурӯғ 15 метр дарозӣ дошт, эҳ мехарему мехайрему мехунему мехӯремеее...

Шарифхони Тағоймурод

аз Ховалинг барои СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter