Принт

Нархи кунҷораро паст кунед!

Байни қассобон қоидаи нонавиштае ҳаст: Яке дасти деҳқонро гирифта савдо кунад, дувумӣ нархи молро аз қассоби пешина паст мекунад. Молбони бечора ба доираи онҳо рақсида, ба нархи кардаашон чорворо дода меравад. Дар мавриди бо роҳи кушта додани гӯшти буққа низ қассоб шарти худро мегузорад. Агар дар бозор нархи гӯшт 40 сомонӣ бошад, «2 сомонӣ арзон – 38 сомонӣ медиҳӣ ва илова ними ҷигару пӯсташро низ мепартоӣ» мегӯянд. Ин савдо ҳам ба суди қассоб меанҷомад. Гоҳе ба гӯшти фарбеҳ ҳамроҳ фурӯхтани гӯшти хароб дар бозорҳо ба мушоҳида мерасад, ки бозгӯи рафтори беинсофонаи қассобон аст. Деҳаи мо беш аз 2700 нафар аҳолӣ дорад ва оилае нест, дар давоми сол аз 4 то 5 ҷавона (буққа) фарбеҳ карда ба бозор набарорад. Ба ибораи дигар, на камтар аз 300 адад мешавад. Лиҳозо, бештар шоҳиди фиребу найранги қассобҳо мегардем. Дар охир барои ба низом даровардану як андоза арзон шудани гӯшт чанд таклиф дорам:

1.Лаҳмфурӯшӣ қатъиян манъ карда шавад.

2.Дар ҳама нуқтаҳо нархи ягона ҷорӣ гардад.

3.Нархи бо роҳи забҳ харидан аз деҳқон то фурӯш аз 1,5 сомонӣ боло наравад. Яъне ҳар 1 кг гӯштро 38 сомонӣ харида, 39,5 сомонӣ фурӯшад.

4.Ҳукуматро лозим меояд, ки ба худсарона баланд бардоштани нархи кунҷора роҳ надиҳад.

5.Қассоби вайронкори қонунро ҷазо диҳанд ва дари дӯконашро пурра банданд!

Ҷумъабой Яҳёев,

деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ, н.Деваштич

 

Матлабҳои дигар